Gallery
Useful links
  • پورتال امام خمینی
  • دفتر مقام معظم رهبری
  • ریاست جمهوری
  • معاونت امور مجلس
  • نقشه جامع علمی کشور
  • Ministry of Science, Research and Technology
  • صندوق احیا و بهره برداری از بناهای تاریخی و فرهنگی کشور
Feedback
News > Мулоқоти сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


  чоп        фиристодан ба дўст

Мулоқоти сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаноби  Муҳаммадтақии Собирӣ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҷаноби Маҳмадсаид Убайдоллоев раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидор ва дар хусуси рушди муносиботи парлумонӣ, афзоиши ҳамкориҳои дуҷониба ва низ масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ гуфтугў ва табодули афкор намуданд.

Ҷаноби  Убайдуллоев  бо ишора ба иштирокоти забонӣ, фарҳангӣ ва таърихии миллатҳои Эрон ва Тоҷикистон ва дастовардҳо ва пешрафтҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон бар зарурати афзоиши ҳамкориҳои ду кишвари дўсту бародари Эрону Тоҷикистон дар заминаҳои мухталиф ва рушди муносиботи парлумонӣ таъкид намуд.

Дар ин дидор сафири кишварамон гуфт: Маҷлисҳои ду кишвар метавонанд нақши ҳимоятии муҳиме дар ҷиҳати рушди равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар дошта бошанд.

Ҷаноби Муҳаммадтақии Собирӣ бо ишора ба иродаи мақомоти олии ду кишвар бар густариши равобит миёни ду миллати ҳамдин, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг ва низ таҳаввулоти мусбати чанд моҳи ахир дар равобити Эрону Тоҷикистон,  омодагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рушду  тақвияти муносибот дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла ҳамкориҳои парлумонӣ байни ду кишварро эълом кард, ки мавриди истиқболи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон қарор гирифт.

 


16:53 - 13/09/2019    /    шумора : 586704    /    теъдоди намоиш : 39



хуруљ




Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон