Gallery
Useful links
  • پورتال امام خمینی
  • دفتر مقام معظم رهبری
  • ریاست جمهوری
  • معاونت امور مجلس
  • نقشه جامع علمی کشور
  • Ministry of Science, Research and Technology
  • صندوق احیا و بهره برداری از بناهای تاریخی و فرهنگی کشور
Feedback
News > Матни суханронии Вазири корҳои хориҷа дар дуввумин Конфронси амниятии Теҳрон


  чоп        фиристодан ба дўст

Матни суханронии Вазири корҳои хориҷа дар дуввумин Конфронси амниятии Теҳрон

 

Матни  суханронии  Вазири  корҳои   хориҷа дар  дуввумин Конфронси  амниятии  Теҳрон

Бисмиллоҳир  Раҳмонир  Раҳим

  Ҳузори  муҳтарам,

  Хонумҳо,оқоён

  Ҳузури  шумо дар дуввумин Конфронси  амниятии  Теҳронро хайру мақдам арз мекунам ва  умедворам  гуфтугуҳо  ва  табодули  назарҳои  созанда  ва  пурбореро пеши  рӯ  дошта  бошед. Ҳамчунин  умедворам  ширкаткунандагони  ғайриэронӣ , иқомати  дилпазир  дар  кишвари  мо  дошта  бошанд.

  Дуввумин  Конфронси  амниятии  Теҳрон  дар  шароите баргузор мешавад,  ки  минтақаи   Ғарби  Осиё  дар  яке  аз душвортарин давраҳои  таърихи  худ  қарор  дорад.  Ҷараёни  ифротгароии хушунатталаб, ки  ин  минтақаро  дастхуши  яке  аз  хатарноктарин ва хисоратбортарин адвори  таърихиаш  карда  буд,  рӯ  ба завол гузоштааст. Доиш  ба унвони  даҳшатноктарин  намояндаи  ин ҷараён,  аз  назари  низомӣ  саркӯб  ва  хилофати   худхонда  ва ҷаълиаш  нобуд  шуда  ва  контролаш  бар қаламрави  васеи, ки аз роҳи  хушунати  беҳад  ва эҷоди  руъбу ваҳшат  тасарруф шуда буд, аз миён  рафтааст. Мардум ва давлатҳои Ироқ ва Сурия тайи  шаш соли  гузашта  диловарона  алайҳи  ин  гурӯҳҳо,  бавежа  Доиш муқовимат  карданд  ва  ба  пирӯзиҳои  муҳимме  даст  ёфтанд. Хушҳолем, ки дар ин муборизаитаърихсоз  дар канори  ин  ду миллати  дӯст  ва бародар қарор доштем.

  Дар ин даврон,  кибайни  фурӯпошии хилофати  ҷаълии  Доиш  ва шаклгирии  шароити  матлуби   амниятӣ дар минтақа қарор дорем мо ва дигар бозигарони  минтақавӣ  бо  се чолишимуҳим,  яъне дарки  дурусти  воқеиёти  мавҷуд, расиданба дарки муштарак  дар мавриди вазъияти  матлуб барои минтақа  ва  роҳҳои  таҳаққуқи  ин  вазъияти  матлуб  мувоҷеҳ  ҳастем.

  Вежагиҳои давраи  кунунӣ 

  1- Агарчи   Доиш ва дигар гурӯҳҳои  террористӣ  тайи  як- ду соли  ахир шикастҳои маргбореро мутаҳамил  шуда ва лоиҳаи   хилофати   Доиш  мутаваққиф гардида ва дастгоҳи  идорӣ  ва низомиион  дар  ҳоли  муталошӣ  шудан  аст, аммо созмони  террористии  Доиш ва  гурӯҳҳои  мушобеҳ,  ҳанӯз фаъоланд. Онҳо ҳамчунон бо  таваҷҷуҳ ба шабакаи  васеи, ки  дар кишварҳои мухталиф, дар Осиёи  Миёна  ва  Осиёи  Ғарбӣ ва  бавежа Афғонистон ва низ  даршимоли  Африқо эҷод кардаанд,  дорои бурди минтақавӣ ва ҷаҳонианд ва бояд  ҳамчунон  таҳдиди ҷиддӣ ба шумор  оянд.  Бинобар ин,  идомаи  муқобила  бо  боқимондаҳои ин  тафаккури  хатарнок  дар  Сурия  ва  Ироқ, ҷилавгирӣ  аз  нуфуз ва  густариши  ифрот  дар  манотиқи  ҷадид,  саркӯбии  комили хостгоҳи  фикрӣ  ва  қатъи  манобеи  молии  ифрот  ҳамчунон  бояд  як афзалият  бошад. 

  2- Эҳёи  эҳтиром  ба марзҳои миллӣ ва низомии давлат - миллат, ки тавассути гурӯҳҳои террористӣ ва бархе аз дигар ҷараёнҳои такфирӣ ҳадафи тахриб  қарор  гирифтааст, ба  унвони  як  афзалият бояд  мадди  назар бошад.  Идомаи  вазъияти  кунунӣ,  қатъ ба гароишҳои  гурез  аз  марказ  дар  дохили   воҳидҳои  сиёсӣ  доман хоҳад  зад  ва  ҳосиле  ҷуз  таниш  ва бесуботи дар  пай  нахоҳад дошт.

  3- Ҳифзи  инсиҷоми  миллӣ ва тамомияти  арзии  кишварҳои минтақа  зарурате тардиднопазир аст. Таҳаррукоти  қавмӣ  ва тоифӣ  дар  Сурия  ва  Ироқ  бо гароишҳои  ҷудоиталабӣ  хатаре барои  минтақа  ва ҷаҳон  аст  ва  мебоист  бо  дирояти  масъулини миллӣ  ва  маҳаллӣ  ва  гуфтугӯ  бар  пояи  эҳтиром  ба  ҳокимияти  миллӣ,  тамомияти  арзӣ  ва  қавонини  асосӣ  ба  ҳамкорӣ  ва ҳамгироӣ  табдил  шавад.

  4- Бозсозии Ироқ ва Сурия яке аз масоили  муҳимме аст, ки ҷомеаи  ҷаҳонӣ  дар давраи  кунунӣ  бояд  ба  он  бипардозад. Шурӯи  бозсозӣ  таъсири  умда  бар  раванди  суботи  сиёсӣ  дар кулли  минтақа  ва  шикасти  комили  ифротигарӣ  хоҳад  дошт  ва мебоист бо ҳадафи  кумак  ба  мардум  ва  тасбити  сулҳ  ва  на барои  пешбурди  аҳдофи   гурӯҳӣ  ва  сиёсӣ пайгирӣ шавад.

  5- Идомаи  таҷовуз  алайҳи  мардуми  мазлуми   Яман  ва  тадовуми  ҳамалоти  кӯри  ҳавоӣ  ва  ҷиноёти  ҷангӣ  густурда алайҳи  ғайри  низомиён  дар  ин  кишвар,  яке  дигар  аз  авомили  танишзо  дар  минтақа  аст. Пас  аз  33  моҳи  ҷанги  беҳосил, бояд муҳоҷимин  ба  ин  дарк  расида  бошанд, ки  ин  буҳрон  роҳи  ҳалли  низомӣ  надорад  ва  тарафҳои  он  чорае  ҷуз  гуфтугӯ  ва иҷмои  миллӣ  барои  ҳалли   ин  буҳрон  надоранд.

  6- Дахолатҳо  ва  сиёсатҳои Америка  дар  минтақа  яке  аз асоситарин  чолишҳое  аст,  ки  ба  буҳрони  кунунӣ  доман  зада  ва боиси   печидагии  бештари   шароит  шудааст.  Америка  ҳанӯз нисбат  ба  воқеиёти  айнӣ  дар  сатҳи  минтақа  бетаваҷҷуҳ  аст  ва бо  идомаи   ҳузури  низомии  ғайримашрӯъ  дар  хоки  Сурия  бар пайгирии  сиёсатҳои  мухарриб  ва  танишзои худ  исрор дорад. 

  7- Идомаи  ишғоли  Фаластин  ҳамчунон  ҳодтарин  масъалаи  аст, ки  минтақа  ва  ҷаҳон  бо  он  даст ба гиребон  аст. Ҳамаи  масоили  минтақа,  мустақим  ё  ғайри  мустақим  таҳти  таъсири  ин  муъзали  аслӣ  ва   ситамӣ  аст,  ки тайи  70 соли  гузашта бар мардуми Фаластин  рафтааст. Шиносоии  Байтулмуқаддас  ба унвони пойтахти  режими  номашруъи  саҳюнистӣ тавассути Америка, эъломи  душмани  ошкор  бо  мусулмонон ва  давлатҳои  исломӣ  ва эҷоди  фурсат  барои  ифротгароӣ  ва  терроризм  аст.

  Вазъияти  матлуб

  Тамаркуз  бар  мушкилоти   амниятӣ  ва  танишҳо  мебояд  бо дар назар  доштани  дӯрнамои  мушаххас  сурат  гирад  ва  маътуф  ба талош  барои расидан   ба  шароити  амниятӣ  матлуб  дар  сатҳи  минтақа  бошад.  Барои ин  манзур  ду  идаи  "минтақаи  қавӣ" ва "амнияти  шабакаӣ" метавонад  мабнои  шаклгирии  породойми  ҷадиде  барои  Ғарби  Осиё  бошад.

  1- Минтақаи  қавӣ

  Талош барои эҷоди  "минтақаи  қавӣ" ба  ҷойи  бартариҷӯи  ва ҳазфи  дигар  кунишгарон  реша  дар  нигоҳи   роҳбурдии  Ҷумҳурии Исломии  Эрон  ба  минтақа,  пиромуни  худ  дорад  ва  ба маънии пазириши  аслии  таъмини  манофеи ҷамъӣ  дар  минтақаи  Халиҷи  Форс   ва  таъмини  қоидаи  бурд-бурд  ба  сатҳи  ин  минтақа  аст. Бар  ин  асос,  таъмини  манофеи   ҳар яке   аз  кишварҳои  минтақа  дар  гарави  таъмини  манофеи  ҳамаи  кишварҳои минтақа  аст.  Талоши   султаҷуёна  тавассути  ҳар  яке  аз кишварҳои  минтақа  барои  ҳазфи  рақибон   ва   табдил  шудан  ба қудрати  фоиқа  натанҳо  писандида  нест,  балки  аслан  номумкин аст.  Таҷрибаи   пурфароз  ва  нишеби  наздик  ба  се  даҳа  пас  аз поёни  ҷанги  сард  ва  шароити  роҳбурдӣ  ҷадид  дар  даврони гузари  ҷаҳонии  пасоғарбӣ  собит   кардааст, ки  талош  барои  ҳажмун дар сатҳи  ҷаҳонӣ ва ё минтақаӣ беҳосил  ва  хатарнок  аст.  Агарчӣ  рақобат  байни  кишварҳо  дар  масири  тавсеаи  иқтисодӣ - иҷтимоӣ  ва  найли  ба сатҳи болотаре  аз  рифоҳ  ва осоиш  барои  шаҳрвандон  амре  нописанд  нест,  аммо  талош барои  табдил  шудан  ба  қудрати  фоиқа  ва  султагар аз  манзари  геополотика  ва  геостратегӣ  омили  танишзо  буда  ва  боиси  эҷоди  мавонеъи  асосӣ  бар  сари роҳ  тавсеаи   миллии  кишварҳо хоҳад буд. Чунин рақобати танҳо даври ботилиро  муҷиб  мешавад, ки  наметавонд  ҳеҷ  барандае  дошта  бошад.  Дигар манотиқи  ҷаҳон  баъд  аз  ин ки  рақобатҳои  мухарриби  султа  меҳварро  паси  сар  гузошта  ва  ба ҳамкорӣ   бо ҳам  мутамоил  шуданд, тавонистанд  ба  сулҳ ва тавсеа  даст  ёбанд.  Кишварҳои ин минтақа ба  ҳукми  ҷуғрофияи  маҳкум  ба ҳамзистӣ бо якдигар анд; Илова бар ин ки таърих, фарҳанг ва мазҳаби  муштараки  чунин ҳамкорӣ  ва  ҳамзистиро  натанҳо  иҷборӣ,   балки  матлуб ва  матбӯъ  месозад.  Тавоноӣ  ва  қудрати  мо  дар  гарави  талош барои  тақвияти  ҷамъи  мо  аст  ва  талоши  ҳар  яке  аз  мо  барои тақвияти  худ  ба  зарари   дигарон  муҷиби  тазъифи  ҳамаи  мо хоҳад  шуд.

  Мусобиқаи  таслиҳотӣ  намунаи  аз  рақобатҳои  мухарриб аст. Миёнгини  ҳазинаҳои  низомии  ҳамсоягони  мо  дар  минтақаи  Халиҷи  Форс  нисбат  ба  тавлиди  нохолиси  дохилӣ  аз болотаринҳо  дар  сатҳи  ҷаҳонӣ  аст.  Дар соли гузашта, кишварҳои Шӯрои ҳамкори Халиҷи  Форс  маҷмӯан  116 миллиард  доллар сарфи  будҷаҳои  низомӣ  кардаанд.  Чунин иқдоме  ҳам  муҷиби  таниш  мешавад  ва  ба  беэътимодӣ  доман  мезанад  ва  ҳам  муҷиби  ҳадар  рафтани  сармояҳои ҳаётии мардуми  минтақа ва пур кардани  ҷайбҳои  яғмогарони  созандаи  таслиҳотӣ  маргбор мешавад.  Дар шароите  ки  минтақаи  мо  бо  тифе  аз мушкилоти  ҳод, монанди  терроризм  ва  ифротигарӣ,  буҳронҳои  зистмуҳитӣ  ҳамчун  гарду ғубор  ва  хушксолӣ,  ташдиди муҳоҷират  ва  заъфи  давлатҳо  дар  посухгӯӣ   ба  мутолиботи  мардум  мувоҷеҳ  аст, рақобати   мухарриби  таслиҳотӣ  ва  таниш  байни  ҳамсоягон  ба маънии таҳмили   ҳазинаҳои  бештар  ба  миллатҳои  минтақа ва муҷиби  ташдиди  беш  аз  пеши  ин  мушкилот  хоҳад  буд.

  Ҳеҷ  кишваре   наметавонд  ба  қимати  ноамн  кардани  ҳамсоягони  худ  барои  худ тавлиди  амният  кунад.  Чунин тасаввур  дар ҷаҳон  ба  ҳам  пайвасткунунии таваҳҳуми хатарноке беш нест. Таҷрибаи  4 даҳаи  гузаштаи  минтақаи  мо  собит  кардааст,   ки чунин  талоше  пеш  ва  беш  аз  ҳама  домангири  онҳое  шудааст,  ки  барои  ҳамсоягонашон  ҷанг  ва хунрезӣ  хостаанд.  Таҷрибаи  Садом   ва  Толибон  ва  Доиш  ва  ифротӣ  зиндатарин  намунаҳои ин  воқеиятӣ  инкорнопазиранд.

  2-Амнияти  шабакаӣ

  Бо таваҷҷуҳ  ба воқеиёти  ҷаҳон  ба  ҳам  пайвастаи кунунӣ  ва шароити  вежаи  минтақавӣ   пиромуни  мо  дар  ҳошияи  Халиҷи  Форс, ки дар 4 даҳаи  гузашта  талхтарин  ва   мухаррибтарин буҳронҳоро  таҷриба  кардааст,  равишҳои блокбандӣ  ва эътилофи  нокоромади  худро  собит  карда  ва  ҳар эътилофе  пешдаромади буҳрон  ва  таҷовузи   баъдӣ  будааст.  Аз  сӯи  дигар ихтилоф  дар андоза, ҷамъият, тавони  иқтисодӣ  ва  қудрати  низомӣ  заминасози  нигарониҳои  амнияти  доимӣ ва  такя бар  қудратҳои  хориҷӣ  буда ва  ба  таваҳҳум  имкони  хариди  амният  анҷомида,  ки танҳо ба ноамнӣ ва  афзоиши  беэътимодӣ   мунҷар  шудааст.  Ҳамзамон талошҳо барои эҷоди  як низоми  амниятӣ  ҷамъи ғайри воқебинона буда ва ба  шикаст  ва нокомӣ  мунтаҳӣ  шудааст.

  Ба назар мерасад роҳкори  бурун  рафт  аз  ин  чархаи  ботил  ва хатарноки  амниятӣ  шабакаи  бар  мабнои  ҳамафзоӣ  ва  фарогирӣ ва  бо  мушорикати   ҳамаи  кишварҳои  кӯчак  ва  бузургии  минтақа бар  мабнои  усул  ва  аҳдофи   маншури  милали   муттаҳид   шомили  асли   баробарии   кишварҳо, асли  адами  тавассул  ба  зӯр, асли  ҳаллӣ   мусолиматомезӣ   ихтилофот,  асли  эҳтиром  ба тамомияти  арзии   кишварҳо  ва  асли  адами  мудохила  дар  умури  дохилӣ  якдигар  ва  эҳтиром  ба  таъини сарнавишти ҳар  кишвар тавассути  оҳоди  ҳамон  миллати  устувор  мебошад.

  Амнияти  шабакаӣ  ба  маънои  канор  рафтани  ихтилофи назарҳо ва  ё  фаромӯш  кардани  мушкилоти   таърихӣ  нест;  балки  сирфан равише  барои  мудирияти  онҳо  ва  ҷилавгирӣ аз  ташдиди   хусуматҳо  ва эътилофҳои  мақтаии  нокоромад  ва танишофарин  аст.  Дар ин чорчуб  кишварҳои минтақа, ҳам  аз кӯчак ва бузург, зимни нафъи  ҳар гуна ҳажмуне  тавассути  ҳар  яке  аз  қудратҳои минтақавӣ  ё фаромитақавӣ,  амнияти шабакаӣ дар сатҳи  минтақаро мабнои  ҳамкорӣ  барои  найл  ба тартиботи  пойдор  барои  ҳифз  амнияти  минтақа  қарор медиҳанд. Чунин нигариш мӯҷиби иртиқои  ҳамкори  байни  кишварҳои минтақа  ва  эҷоди  фурсат барои  ҳама  дар  ҷиҳати  тақвияти  амният  ва  суботи худ  ба унвони  мукаммили  суботи  ҳамсоягонашон  хоҳад  шуд;  чаро, ки бар мабнои  ин нигариши  воқеъбинона   аз  шароити  ҷаҳон  ба ҳам  канор рафта,  амнияти   як кишвар ё гурӯҳе аз  кишварҳо наметавонад  бидуни  амнияти  дигарон  таъмин  шавад.  Дар чунин чорчуби мафҳумӣ  ва  амалиётӣ,  султаҷӯӣ,  якҷонибагароӣ, тақобул ва ҳазфӣ   ки  аз илали  асли  мушкилоти ҷорӣ  дар  равобити  байналмилалӣ  аст ҷойгоҳе надорад  ва  бо  пазириши  мабонии усули он  докторини   нокоромад  ва  танишзои  тавозуни  қувваҳо  ва ё такя   бар  блокбандиҳои низомӣ  ва  мусобиқоти  хатарнок  ва пурҳазинаи  таслиҳотӣ   ҷои  худро  ба  созукори  амнияти  шабакаӣ  мубтанӣ  бар  мушорикат  ва  иртиқои ҳамкорӣ   дар ҳавзаҳои манофеъи  муштарак  ва  гуфтугӯ дар  ҳавзаҳои  ихтилофи  назар  ва  манофеъ хоҳад  дод.

  Абзори  найл ба вазъиятиматлуб

  1-Гуфтугӯ

  Дар мавриди роҳҳои расидан ба шароит амниятиматлуб, дар шароити  кунунӣ беш  аз ҳар  замони  дигар  бояд бар  гуфтугӯ ва анҷоми иқдомоти эътимодсоз  таъкид кунем. Муҳриз  аст,  ки  мо дар тамоми сутӯҳи  ин минтақа ба таври ҳод бо мушкили камбуди  гуфтугӯ мувоҷҷеҳ ҳастем. Ҷилваҳои ин мушкил дар  ҳама сутӯҳ дар минтақа  ошкор  аст:  Дар сутӯҳи миллӣ байни  ҳокимон ва мардум ва дар сутӯҳи  байналмилалӣ  байни давлатҳо ва  низ байни  миллатҳо.

  Бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти  азиме,ки дар сутӯҳи  миллӣ ва минтақавӣ  вуҷуд  дорад давлатҳои мо беш аз ҳар замони  дигар ниёз ба гуфтугӯҳои  итминонбахш доранд. Ин гуфтугӯҳо қабл аз онки дар мавриди мавзӯи хусусӣ  бошад  ва ё бо ҳадафи  найл  ба тавофуқ сурат гирад,  бояд  ҳадафи  фаҳмидани   якдигар ва шинохти  мутақобилро думбол кунад ва барои  тарафҳои гуфтугӯ равшан  кунад,  ҳамаи  мо нигарониҳо, тарсҳо, аворизва умедҳои каму беши мушобеҳ дорем, ки натанҳо ба ҳукми  ҷуғрофиёӣ   ногузир азҳамҷаворӣ  ва  ҳамзистӣ  бо ҳам шудаем,  балки бо иштирокоти таърихӣ ва фарҳангӣ ва мазҳабӣ  аз як сӯва фурсатҳо ва чолишҳои муштарак аз дигар сӯметавонем аз ин гуфтугӯ ва таомули  мусбат дар ҷиҳати манофеъи  мардумонамон баҳра бибарем. Чунин гуфтугӯҳо метавонад ва бояд ҷойгузини  шиорҳо, алфозва баёнияҳои беҳосили таблиғотӣ шавад, ки аз тариқи  расонаҳо ба сӯи  ҳам шилик  мекунем.

  2-Тадобири  эҷоди  эътимод

  Тайи  солҳои гузашта,  танишҳо,таҷовузот ваҷангҳои  мутадиде  дар минтақа ва фаъолиятҳои мухарриби    гурӯҳҳои  террористӣ  мӯҷиби  шаклгирӣ   ончи ки метавон буҳронӣ   эътимоди  мутақобил дар байни  кишварҳои минтақа номид, шудааст.

 Гуфтугӯ ба  наҳве ки ба он пардохтем яке аз муҳимтарин абзорҳо барои рафъи  беэътимодӣ аст. Бо ин ҳол дар мавориде,дар канори  гуфтугӯи мустақим ва рӯдар рӯ,ниёзмандии  иттихози   тадобире  бо ҳадафи  коҳиши  сатҳи  нигарониҳо ҳастем. Иттихози  чунин тадобире  барои ҷилавгирӣ  аз афзоиши  ташаннуҷ, ҳазф ё коҳиш асари авомили  танишзо ва  муҳимтар аз он  касби   итминони  қатъӣ аз адами  вуқӯъ бархурдҳои тасодуфӣ  ё ношӣ аз иштибоҳ  муҳосибаи   зарурӣ аст.  Аз ин тариқ бояд битавонем имкони пешбинии  рафторҳои кунишгарони  минтақаеро афзоиш диҳем ва мутаносиб бо он нигаронӣаз иқдомоти  ғофилгир кунандаро коҳиш диҳем.

  Табодули  иттилоот дар  ҳамаи   ҳавзаҳо  аз  иқдомоте аст,  ки  дар раъси тадобири эҷодӣ  эътимод қарор дорад. Иттилоърасонӣ  дар мавриди  аҳдоф ва  мақосид   ва  ҷилавгири  аз  суъбардоштҳо ҳадафи  умдаи  табодули  иттилоот аст. Иҷтиноб аз тарҳи  матолиби  ташаннуҷзо ва ё иқдомоти  таҳрикомез табодули персонали  расмӣ  ҳам аз низомӣ ва ғайринизомӣ  барои тамос бо ҳамтоёни  дар  давраҳое  чанд ҳафта  то чанд  моҳа,  анҷоми иқдомоти  итминонсоз  дар марзҳое ки бо таниш мувоҷеҳанд ё бим тарадуди  аносири  ифротӣ  дар онҳо вуҷуд дорад ва ниҳоят эҷоди  имкони   тамоси    мустақим байни  масъулини   кишварҳое ки даргирӣ  равобити  танишомез ҳастанд,  аз  ҷумла иқдомоти  қобили  баррасӣ  дар ин ҳавза аст.

  Тавсеаи  иртибототи  мардуми монанди  ташвиқи  гардишгарӣ ва бавижа  гардишгарии ҳалол, табодули  донишҷӯ, сафарҳои мутолиотии  баргузори рақобатҳои варзишӣ, эҷоди  фурсатҳои бештар  барои соҳибони  ҳирфаӣ  ва  корофаринон  барои анҷоми  иртибот бо ҳамтоён   ташвиқи  тамоси  ҳунармандони  кишварҳо бо якдгир ва иҷрои барномаҳои намоишӣ, мубодилаи  филмҳои синамоӣ ва серялҳои телевизионӣ,  ки мардумони  минтақаро бо роҳ ва расми  зиндагии  якдигар ошно мекунад,  мурури  китобҳои дарсӣ   бо ҳадафи  ҳазфи   матолиби  манфӣ  ва  дарҷи  матолиби мусбат  дар мавриди  ҳамсоягон ва ибтикорҳои дигаре аз ин даст дар ин ҳавза қобили  баррасианд.

  Ҳамкори дар  ҳавзаҳои  муштарак фурсат ва чолиши  аз мудирияти  балоёи табиӣ  ва  мубориза бо фирқагароӣ  ва ифрот то тавонмандсозӣ   ҷавононва  занон барои мушорикати фаъол дар арсаҳои  мухталифи   ҳаёти  иҷтимоӣ метавонад заминаи  дигаре барои иқдомоти  итминонсоз бошад ва аз тариқи  эҷоди  кумитаҳои  муштарак  ҳамоҳангӣ ва   пайгирӣ шавад.

  Ҳузори  мӯҳтарам,

  Хонумҳо ва оқоён

  Асли  "таъомули  созанда бо  ҷаҳон" барпояи  ақлоният  ва эътидол   ки  мутазаммини   гуфтугӯи  созанда,  мушорикат ва ҳамкори  барпояи  манофеи  муштарак ва  эҳтироми  мутақобил, ва  низ эътиқод ба улгуи  бурд-бурд дар таомул бо дигарон аст, ба унвони асли  асосӣ   сиёсати  хориҷии  давлат раиси  ҷумҳур Рӯҳонӣ  эълом шудааст. Барҷом  маҳсули  аъмоли  муваффақи  ин сиёсати  усулии   Ҷумҳурии  Исломии  Эрон дар арсаи байналмилалӣ аст ва  иҷрои  дақиқи  он  то кунун нақши  муҳимме  даркумак  ба  коҳиши  ташануҷ ва тақвияти  сулҳ ва субот  дар минтақаи  мо дошта  ва тадоввуми  он  беш аз пеш метавонад  дар  ин ҷиҳат муассир бошад.

  Ба унвони  аввалин қадам   барои  ҳаракат  басамти  породойми  ҷадиди  амнияти  шабакаӣ дар  минтақаиқавӣ ва  бо суботи Ҷумҳурии Исломии  Эрон пас аз  муваффақияти  Барҷом пешниҳоди  эҷодии   як маҷмаъи  гуфтугӯи  минтақавӣ   дар Халиҷи  Форсро матраҳ кард. Ин маҷмаъ метавонад  ба унвони  созкор  барои гуфтугӯ дар ҳама сутӯҳи  расмӣ  ва ғайррасмӣ  дар минтақаи  Халиҷи  Форс мавриди  истифода қарор гирад ва ҳамзамон бо тарғиби  ҳамкорӣ  ва  гуфтугӯи  расмӣ  ва  давлатӣ мушаввиқи   гуфтугӯ  байни  нухбагони ғайри давлатӣ  бошад. Дар ҳамин чорчуб кишварҳои  минтақа метавонанд машваратҳои аввалия барои ба иҷро гузоштани  тадобири  эътимодсозро  низ анҷом  диҳанд.

  Умедворам баҳсҳои  дуввумини   Конфронси  амниятии Теҳрон битавонад  заминасози  фикр ва  иқдоми  ҷамъе барои  тадвин ва пазириши  як улгӯи мафҳуми ҷадид  барои  амният  дар  ин минтақаи   ҳасос ва  пурошӯб бошад. Барои шумо дар идомаи баҳсҳои муҳимме, ки имрӯз  дар  пеши  рӯ доред,  орзуӣ муваффақият мекунам.


08:30 - 11/01/2018    /    шумора : 495276    /    теъдоди намоиш : 95



хуруљ




Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон