Gallery
Useful links
  • پورتال امام خمینی
  • دفتر مقام معظم رهبری
  • ریاست جمهوری
  • معاونت امور مجلس
  • نقشه جامع علمی کشور
  • Ministry of Science, Research and Technology
  • صندوق احیا و بهره برداری از بناهای تاریخی و فرهنگی کشور
Feedback
News > Баёнияи матбуотии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар посух ба иттиҳомоти матраҳшуда бар зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар филми нишондодашудаи телевизиони Ҷумҳурии Тоҷикистон


  чоп        фиристодан ба дўст

Баёнияи матбуотии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар посух ба иттиҳомоти матраҳшуда бар зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар филми нишондодашудаи телевизиони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баёнияи матбуотии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрондар посух ба иттиҳомоти матраҳшуда бар зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар филми нишондодашудаи телевизиони

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

          Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе иддаоҳои беасоси матраҳшуда дар филми муваррахи 8 августи 2017 телевизиони Ҷумҳурии Тоҷикистонро такзиб менамояд ва аз он мутаассиф аст. Шаке нест, ки таҳиякунандагони ин филм муваффақ ба хароб кардани пайвандҳои фарҳангӣ, тамаддунӣ ва дӯстии таърихии ду миллати Эрон ва Тоҷикистон нахоҳанд шуд.

          Иддаоҳои матраҳшуда дар филм тавассути эътирофкунандагони маҳбус ва ба нақл аз касоне аст, ки дар қайди ҳаёт нестанд ва ҳатман наметавонад эътиборе дошта бошад.

          Ҳофизаи таърихии миллати шарифи Тоҷикистон хуб ба ёд дорад ва фаромуш нахоҳад кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони яке аз бунёдгузорон ва тазминкунандагони аслии сулҳи Тоҷикистон ва мизбони музокироти тарафҳои даргир чӣ нақши созандае дар ҷиҳати поён додан ба ҷанги дохилии ин кишвар дар даҳаи навади мелодӣ ифо намуд.

           Ҷумҳурии Исломии Эрон пешгоми сохтани иншооти зербиноӣ монанди туненли стратегии Истиқлол (Анзоб) ва неругоҳи Сангтуда 2 ва бемористони Ибни Сино дар Тоҷикистон буда, ва ироаи хадамоти тиббиву беҳдоштӣ тавассути Ҳилоли Аҳмар ва имдодрасонӣ ба хонаводаҳои камбизоат ва бесарпараст ё бадсарпарасти тоҷик тавассути Кумитаи имдоди Эмом Хумайнӣ (рҳ), эҷоди марказҳои варзишӣ, таъмири биноҳои таърихӣ, омӯзиши ҷавонони тоҷик дар марказҳои донишгоҳӣ, кумак ба марказҳои илмӣ ва донишгоҳии Тоҷикистон, таъсис ва таҷҳизи даҳҳо маркази омӯзиши фаннӣ ва касбӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва садҳо иқдом аз ин навъ аз дигар иқдомоти Эрон буда, ки мафҳуме ҷуз кумак ба таҳкими суботу тавсеа ва кумак ба ҳифзи истиқлол ва амнияти пойдори Тоҷкистон ва мустаҳкам шудани пояҳои давлати он надорад.

          Муборизаи Эрон бо терроризм барои ҳамагон ошкор аст ва Эрон худ аз аввалин ва бузургтарин қурбониёни терроризм аст. Амалкарди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар арсаҳои майдонии мубориза бо терроризм чун офтоб барои ҳамаи ҷаҳониён ошкор аст.

          Пахши ин қабил филмҳои ғаразнок, баъд аз сафари ахири вазири энергетика ва захираҳои об ва раиси тоҷикиии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар ба Теҳрон, барои ширкат дар маросими савгандёдкунии Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба намояндагӣ аз Президенти муҳтарами Тоҷикистон, баёнгари он аст, ки баъзе гароишот ва доираҳо таҳаммули одӣ шудани робитаҳо ва тақвияти дӯстӣ байни ду кишварро надоранд. Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон бар ин бовар аст, ки иқдомоти тафриқаандозона дар чорчӯби хост ва манфиатҳои ду миллат нест ва тавассути касоне дунбол мешавад, ки муносибатҳои бародаронаи Эрон ва Тоҷикистони ҳамфарҳанг ва ҳамзабонро таҳаммул намекунанд.

Бахши матбуотии

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

09.08.2017


20:49 - 09/08/2017    /    шумора : 469814    /    теъдоди намоиш : 493



хуруљ




Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон