Gallery
Useful links
  • پورتال امام خمینی
  • دفتر مقام معظم رهبری
  • ریاست جمهوری
  • معاونت امور مجلس
  • نقشه جامع علمی کشور
  • Ministry of Science, Research and Technology
  • صندوق احیا و بهره برداری از بناهای تاریخی و فرهنگی کشور
Feedback
News > Боз шудани дафтари ёдбуди ҷонбохтагони киштии нафткаши “Сончӣ”


  чоп        фиристодан ба дўст

Боз шудани дафтари ёдбуди ҷонбохтагони киштии нафткаши “Сончӣ”

Боз шудани дафтари ёдбуди ҷонбохтагони киштии нафткаши “Сончӣ”

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзҳои 18-19январи соли 2018ба муносибати талафоти дардноки ҷон бохтани шаҳодатгунаи сарнишинони  киштии нафткаши “Сончӣ” ва барои ибрози ҳамдардӣ ба бозмондагони ин ҳодиса, дар бинои ин Сафорат дафтари ёдбуд боз намуд.

Дар ин маросими адои эҳтиром, мақомот ва шахсиятҳои тоҷик, сафирон ва дипломатҳои муқим зимни таслият ба сафири кишвармон муҳтарам ҷаноби оқои Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ бо навиштани паём ва имзо ба ин дафтар ба Давлат ва миллати Эрон, ба хусус хонаводаҳои ҷонбохтагон ибрози ҳамдардӣ карданд.

Ҷаноби оқои Саидзода-муовини вазири корҳои хориҷӣ ба намояндагӣ аз Давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дафтари ёдбудро имзо кард.

Лозим ба зикр аст, ки ба ёди қурбониёни ин талафоти ҷонгудоз, парчами муқаддаси кишварамон дар рӯзи азои умумӣ ба ҳолати нима афрошта даромад.


16:09 - 20/01/2018    /    шумора : 496779    /    теъдоди намоиш : 64



хуруљ




Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон