Gallery
Useful links
  • پورتال امام خمینی
  • دفتر مقام معظم رهبری
  • ریاست جمهوری
  • معاونت امور مجلس
  • نقشه جامع علمی کشور
  • Ministry of Science, Research and Technology
  • صندوق احیا و بهره برداری از بناهای تاریخی و فرهنگی کشور
Feedback
News > Нишасти хабарии сухангӯи Вазорати корҳои хориҷа бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ 18.10.1396 баробар бо (08.01.2018)


  чоп        фиристодан ба дўст

Нишасти хабарии сухангӯи Вазорати корҳои хориҷа бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ 18.10.1396 баробар бо (08.01.2018)

   Савол : Аз шикасти  Трамп  дар Созмони  милал , миллати  Эрон чӣбаҳрабардорӣ  кардааст?

  Ҷавоб : Дар як соли  ахир тағйироте  дар  сиёсати хориҷии Америка рух  додааст. Дар  Шӯрои амният шикасти  дигаре ба оқои Трамп  ворид  шуд. Ҷомеаи  ҷаҳонӣ  ва  аъзои  Шӯрои амният нишон доданд, даврони  дигаре шурӯъ  шуда ва табаияте  аз эшон надоранд.  Иқдом  оқои  Трамп  барои  кашондани   авзои  дохилии  як  кишвар  ба  Шӯрои  амният  бо  як  неи бузург  рубарӯ шуд. Ин  амр метавонад дарси  ибрате  барои  эшон  бошад  ва шикасти  дар  идомаи  шикастҳои  дигари   эшон,  натанҳо  дар муқобили  Эрон,  балки  дар  сатҳи  ҷаҳонӣ  буд.

   Савол: Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Чин  сармоягузорӣ  дар  Эронро мамнуъ  карда,  оё  боз  ҳам як шарики  мутмаин  барои  мо  хоҳад монд?

  Ҷавоб : Чин  як  шарики тиҷории  муҳимӣ  Эрон  аст  ва  ин масоиле,  ки  пеш  меояд  ё  матраҳ  мешавад  ба  ин  маъно  нест, ки ҳеҷ  ихтилофи  вуҷуд  надорад.  Иттилое  мабни  бар  эҷоди  маҳдудияти  сармоягузорӣ  дар   Эрон  аз  тарафи  давлати  Чин надорем  ва  бархе  мушкилотро  набояд  ба  ҳамаи  абъоди  равобит   таъмим  дод.  Равобити  ду  кишвар,  равобити  куҳане аст  ва идома хоҳад ёфт.

   Савол: Бо таваҷҷуҳ ба замони  кам боқӣ монда дар  мавриди тасмими  Трамп дарбораи  Барҷом,  агар Трамп Барҷомро таъйид накунад,  чӣ вокуниши хоҳем  дошт?

  Ҷавоб:Феълан, пешдоварӣ намекунам  ва  торасидани  он  рӯз сабр  мекунам. Ҷумҳурии Исломии  Эрон  ҳамаи  сенарияҳои эҳтимолиро пешбинӣ карда ва барои ҳар тасмими  сенарияи лозимро дорад  ва мутаносиб  бо тасмимоте,  ки дар  Америка гирифта  хоҳад,  вокуниши  муносибро нишон  хоҳем дод. Барҷом як тааҳуди  байналмилалӣ  аст ва давлати   Америка  муваззаф ба иҷрои он аст.  Лизо  хурӯҷи   эҳтимолии  Америка  ва  ё  бархурди  ғайри  мантиқии  бо  он, бо  бархурди  сангини  Ҷумҳурии  Исломии Эрон  мувоҷҷеҳ  хоҳад  шуд. Ҳосили  ин  тасмимот  барои Америка хеле  муҳим   аст  ва  агар  дучори  хатои фоҳиш  шавад, бо вокуниши   Ҷумҳурии  Исломии  Эрон, пушаймон  хоҳанд  шуд.

    Савол: Оё Вазорати  корҳои хориҷа  шавоҳиди мустадале дар бораи  баргузории  ҷаласа  дар Арбил,  дар  бораи  эътирозоти  кишвар дорад  ё хайр?

  Ҷавоб:Дарбораи  буъди  амниятии  он изҳори  назар намекунам. Боризонӣ ин иддаоро  такзиб кард. Бо шинохте, ки дар иқлим дарбораи  Эрон вуҷуд дорад,  баид медонам онҷо  иқдоме алайҳи  кишвармон анҷом шавад. Ман шавоҳидедар ин замина надорам ва дастгоҳҳои иттилоотӣ  бояд  дар ин замина  изҳори назар кунанд. Дар Вазорати  корҳои  хориҷа  шоҳиде дар ин замина надорем.

   Савол : Бо таваҷҷуҳ ба сафари  қарибулвуқуъи  Раиси  парлумониУрдун чӣ аҳдофе  дар ин  сафар вуҷуд  дорад?

  Ҷавоб : Равобит бо кишварҳои ҳамсоя ва пиромуни барои мо муҳимаст.  Бо  Урдун  равобити  сиёсӣ  дорем  ва  ин  рафту  омадҳои  байни  кишварҳое  ки  дар  як  минтақа  ҳастанд  ва масоил муштараке  доранд табиӣ аст,  ки анҷом  шавад. Аз  ҳар гуна  рафтуомад  ва  гуфтугӯ  бо  кишварҳои  минтақа  ва соири  нуқоти   ҷаҳон  истиқбол  мекунем  ва  фикр  мекунем  гуфтугӯ ва тамос  ба  наздики  миллатҳо  кумак мекунад.

   Савол : Чаро Иттиҳодияи Аврупо нисбат ба бархурди  тунди Олмон ва Фаронса бо нооромиҳои он кишварҳо сокит аст, вале дар баробари  кишвари мо мавзеъгирӣ  мекунад? Ин  дугонагиро  чи гуна  тафсир  микунед. Эълом  шуда  хонуми Магеринӣ  аз доктор Зариф  барои  гуфтугӯ  дар бораи  нооромиҳои  ахири  кишвармон даъват  кардааст.  Оё  ин  масъала дуруст  аст?

  Ҷавоб: Аз мавзеъи  Иттиҳодияи   Аврупо  дар қиболи  ҳаводиси шаби  январ  дар   Аврупо  иттилои  дақиқе надорам.

  Дар мавриди даъвати хонуми Магеринӣ  аз  доктор  Зариф он чи ки дар расонаҳо, бавежа расонаҳои  вобаста  ба  режими саҳюнистӣ омада, як дурӯғпардозӣ аст. Мо бо Иттиҳодияи   Аврупо  равобити созанда ва мустамар дорем ва гуфтугӯ бо онҳо ба сурати мураттаб вуҷуд дорад ва бо таваҷҷуҳ ба наздики замон барои эъломи назар Америка дар бораи  Барҷом, ин дидор муҳим аст; Лизо хонуми Магеринӣ  аз  доктор  Зариф  ва  вузарои  хориҷаи   Олмон, Англия ва Фаронса барои гуфтугӯ  дар бораи  Барҷом  ва  масоили  пиромуни  он  даъват ба  ройзанӣ   кардааст. Ин  сафар  эҳтимолан охири  ин  ҳафта  анҷом  мешавад  ва  рабте  ба масоил дохилии Эрон надорад ва сирфан дар бораи  Барҷом  музокира  хоҳад  шуд. Рабт додани  ин  сафар ба  масоили дохилӣ  бо аҳдофи хос матраҳ шудааст.

   Савол : дар мавриди киштии  нафткаши  эронӣ,  ки дучори  ҳодиса шуд, чӣ иттилооте метавонед , ироа кунед?

  Ҷавоб : Як иттифоқи  ногувор  барои  киштии  ҳомили  137  ҳазор тонна  нафти  Ҷумҳурии  Исломии   Эрон,  ки  барои  Кореяи ҷанубӣ ҳамл мешуд  ба вуҷуд  омад ва он нафткаш бо як киштии борбарии чинӣ   тасодуф  карда  ва  оташ гирифтааст ва ҳанӯз оташ сӯзи идома дорад. Дар Чин  ситоди  буҳрон  ташкил шуда ва Сафорат ва Консулгарии  кишвармон дар Пекин ва Шангхай дар тамос бо мақомоти  чинӣ  ҳастанд. То соатҳое  пеш ҳеҷ  чизи   дақиқе  барои эъломи  назар ба даст наомадааст. 32 мафқудӣ  дар ин ҳодиса вуҷуд дорад. Чанд  донишҷӯи  коромӯзи  дарённавардӣ ва ҳамсари  як нафар аз коркунон киштӣ ҳам дар нафткаш будаанд. Ба думболи  иттилооти  бештар  ҳастем,  вале иттилооти  дақиқе  аз  тарафи  мақомоти чинӣ  ба  Сафорати  кишвармон дода нашудааст. Умедворем ҳар чӣ зудтар  дақоиқӣ  ва ҳақоиқӣ  мавзӯъ ба даст ояд.

   Савол : Охирин вазъияти  пайгирӣ  дарбораи  ҷавони  эрониикушта шуда  дар Канада чист?

  Ҷавоб: Мавзеъгирии  лозим дар хусусӣ  ин ҳодиса анҷом шудааст. Аз каналҳои мухталиф аз давлати  Канада  дархост кардаем,  иттилооти  лозимро дар ин замина дар ихтиёри  мо бигузорад. Ба маҳзи  дарёфти  иттилоот дар ин замина иттилоъ расонӣ  хоҳем кард.

   Савол: Бо  таваҷҷуҳ ба баргузории   Конфронси  амниятии  Теҳрон ба назар мерасад талоши  Америка дарунсози чолишҳои амниятииминтақа ва бавежа  дар Эрон аст, чӣ мавзеъедар ин замина доред?

  Ҷавоб: Сиёсати  кинатузонаи  оқои  Трамп дар бораи  Эрон  вуҷуд дорад. Вале хушбахтона дар  корномаи  яксоли  эшон шоҳиди  нокомиҳои пай  дар пай дар пешбурди  сиёсатҳои ғалат дарбораи  Эрон ва  минтақа мебошем. Табиӣ  аст, ки оқои Трамп нисбат ба Эрон кинатузона бархурд кунад ва барои эҷоди  мушкил барои мо талош кунад. Вале алоқамандиимардуми  Эрон нисбат ба сарнавишти  худ ҳамвора ин  нобхурдиҳои вайро  дар минтақа ноком гузоштааст ва дар  оянда  ҳам чунин хоҳад буд.

   Савол: Мавзеи   Эрон дар қиболи лузуми ваҳдати   ҳар чӣ бештар дар  Ироқ бавежа бо  наздик  шудани   интихоботи  парлумонӣ  дар он кишвар чист?

  Ҷавоб : Ончи барои  мо муҳим аст субот ва амният ва дӯстии   байни  ҳама  мазоҳиб ва  қавмиятҳо дар  Ироқ ба унвони як кишвари  ҳамсоя аст, ки бо қудрати  мардум бо падидаи  шуми  терроризм бархурд кардааст. Интихобот дар масири  таквини  мардумсолориион кишвар аст ва умедворем мардуми  Ироқ бидуни дахолати  хориҷӣ  ончиро меписанданд,интихоб кунанд. Дар остонаи  ҳар интихоботерақобатҳои вуҷуд дорад ва набояд нигарони  бархе ихтилофи  салиқаҳо буд. Умедворем интихоботиором ва хубе  дар Ироқ баргузор шавад, ки битавонад боиси  истеҳком ва суботи  Ироқ ва минтақа шавад.

   Савол : Охирин хабарҳо аз эъзоми  ҳайати  Эронӣ ба Канада чист?

  Ҷавоб : Хабари  хосе надорам ва таърихеҳам барои ин сафар таъйин нашудааст. Таомулоти  мо бо давлати  Канада идома хоҳад ёфт,вале инки қарор бошад ҳайатеба Канада эъзом шавад, хабарихосе надорем.

   Савол: Оё нооромиҳо бар сафари  Макрон ба Теҳрон таъсир хоҳад дошт ё не?

  Ҷавоб: Равобити  Эрон ва Фаронса олӣ аст. Дар сутӯҳи  олӣтамосҳои ду кишвар вуҷуд дошта ва дорад ва ду кишвар мусамам ҳастанд равобити  худро ба наҳви  аҳсан пеш баранд. Дар дастурикори  ояндаи  равобити  табодули  ҳайатҳои пешбинӣшуда,вале анҷоми  сафар барои мо муҳим нест ва ҳар сафар ниёз ба муқаддамоти  лозим дорад. Барои сафар оқои Макрон ва вазирихориҷаи  Фаронса  дар ҳоли  барномарезӣ  ҳастем. Сафар анҷом хоҳад шуд ва дар дастури  кор аст. Иштирокоти  зиёде дар масоилиминтақа бо Фаронса доштаем ва равобитидуҷонибаихубеҳам доштаем. Фаронса мавзеи  мантиқи дар Шӯрои амният алорағми майли  Америка  ва дар истимрори  сиёсати  Фаронса ба Барҷом иттихоз кардааст. Фаронса дар Шӯрои амният ҳамонгуна, ки интизор мерафт мавзеъ гирифт. Умедворем аносири  мухолифи  равобити  ду кишвар натавонанд бар Фаронса таъсиргузор бошанд ва дар масири  таҳкими  бештарӣ  равобит қадам  бардорем.

    Савол: Америка чӣ сенарияҳои эҳтимолӣдарбораи  Қудсро пайгирӣ  мекунад ва мавзеъи  Эрон  нисбат ба  тарҳи  ду давлат чист?

  Ҷавоб: Сиёсатимо нисбат ба Фаластин тағйир накардааст. То ишғолгар ҳаст муқовамат ҳам ҳаст ва сиёсатимо дар дифоъ аз мардумимазлумиФаластин мушаххас аст. Сиёсати  Америка эҳтимолан нисбат ба Фаластин идома хоҳад ёфт ва бо таваҷҷуҳ ба дидгоҳи  ҷомеаи  ҷаҳонӣ  нисбат  ба сиёсатиАмерика дарбораиФаластин, ин кишвар бояд рӯйкарди  худро иваз кунад ва оқои Трамп бояд аз ҳимояти  комил аз режими  ишғолгари  Қудс даст бардорад.

   Савол: Мавзеъи  Эрон дар бораи  бархе намояндагони  Конгрейбарои таҳрими  Эрон ба далили  саркӯби  эътирозот чист?

  Ҷавоб: Ин дидгоҳи  аҷибенест ва ношӣаз як дидиғалат аст,ки аз 7 даҳа,  бавежа 4 даҳаи  ахир  нисбат  ба  кишвармон вуҷуд доштааст. Ба назар мерасад,қасд доранд,ҳамчунон ба ин сиёсатиғалат идома диҳанд. Америка бояд бифаҳмадин сиёсатҳо наметавонд дар сиёсатҳои кишвармон халал эҷод кунад ва фақат барои худ заҳмат дуруст мекунад.

   Савол: Кумитаи  иттилоот ва амниятӣ парлумони Англия иддао карда, Эрон ба думболи намоиши  ҳастаӣ  дар минтақа аст. Чӣ мавзеъи дар ин замина доред?

  Ҷавоб : Сиёсати  мо мушаххас аст ва ҷаҳон аз истифодаи  сулҳ омезӣ  мо аз фановарии  ҳастаӣ огоҳӣ  дорад ва ҳар чӣ ғайр аз ин баён шавад поя ва асоси  дурустӣ  надорад ва ончи  барои мо муҳим аст истифода мусолиматомез аз энергияи ҳастаӣ аст. Тибқи Барҷом ҳам метавонем аз ин музоядадар ин ҳавза истифода кунем ва дигарон ҳам метавонанд бо Эрон дар ин замина ҳамкорӣдошта бошанд.

    Савол: Замон ва макони  дақиқи  дидори  доктор Зариф бо хонум Магериниро бифармоед. Ҳамчунин мақоми  муаззами  раҳбарӣ  душманонро ба даст доштан дар эътирозоти  ахир муттаҳам карданд. Оё шавоҳиде дар ин замина дар Вазорати  корҳои хориҷа доред?

 Ҷавоб : Даъвате ки аз доктор Зариф ва се вазири хориҷаи   аврупоӣ  шуда,бояд пеш аз 13 январ бошад. Тасаввури  ман ин аст, ки пеш аз 13 январ ва эҳтимолан дар охири  ин ҳафта бошад. Дар Иттиҳодияи  Аврупо дафтари  хонум Магеринӣ барои ин сафар дар ҳоли  тадорук ҳастанд. Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти  Барҷом барои  Аврупо, фикр мекунам ҳатман ин нишаст баргузор шавад.

  Қатъан вақте мақоми муаззами  раҳбарӣ  матолиберо  баён мекунанд,мустанад ба далоиле аст ва худиин калом қобили иттикост. Вале ин навъи масоил пеш аз онки дар ҳавзаи  вазорати корҳои  хориҷа бошад дар ҳитаи  дастгоҳҳои амниятӣ аст ва пас аз он ба Вазорати  корҳои  хориҷа мунъакис мешавад,то дар сурати ниёз иқдомоти дипломатикӣ  анҷом шавад.

   Савол: Оё Вазорати  корҳои  хориҷа дар музокироти  ҳафтаи  гузашта ҳайати  созмони  ҳаҷ ва зиёрат дар сафар ба Арабистон намоянда доштааст?

  Ҷавоб : Мавзӯи  ҳаҷ  ба созмони  ҳаҷ ва зиёрат мутааллиқ аст ва вазорати корҳои  хориҷа дар он дахолате  надорад. Фақат замони баргузории  ҳаҷ  кумакҳои консулӣ анҷом мешавад.

   Савол : Қарор буд ҳайати коршиносӣ байни  Эрон ва Арабистон мубодила шавад. Чӣ иттилооте доред ?

  Ҷавоб: Ҳанӯз анҷом нашудааст.

  Савол : Охирин вазъияти  пайгирӣ  дар мавриди қатлияк шаҳрванди  эронӣ дар Америка чист?

  Ҷавоб: Пас аз ин ҳодисаи  талх, аз каналҳои лозим аз ҷумла сафорати Швейтсария мавзӯъ пайгирӣ шуд ва ҳамчунин сафири Швейтсария дар Теҳрон ба унвони ҳофизи манофеъи  Америка дар Эрон низ ба вазорати  корҳои  хориҷа фарохонда ва тайи  ёддошти  расмӣ  эътироз шуд ва хостори посух ҳастем. Токунун посухи  лозим дарёфт нашуда,вале қатъан ин мавзӯъ то ҳусули  натиҷа бо ҷиддият пайгирӣ хоҳад шуд.

   Савол: Шунида шуда оқои Ансорӣ  ба симати муовини иқтисодии  вазорати  корҳои  хориҷа мансуб мешаванд. Оё тайид мекунед?

  Ҷавоб : Дар расонаҳо номҳои зиёде матраҳ шуда ва ман изҳори  назар намекунам. Замоне, ки масъалае қатъӣ шавад,иттилоъ расонии  лозим анҷом хоҳад шуд. Қарор аст то поёни даймоҳ тағйирот анҷом шавад. Таклифи  сохтори  Вазорати корҳои  хориҷа замони  зиёде аст, ки мушаххас шудааст. Баҳс ҷо ба ҷои афрод, интисоби  сафирони ҷадид ва ҷо ба ҷои бархе идорот бо суръати лозим дар дасти  пайгирӣ аст ва умедворам то ибтидои баҳман битавонем иттилоъ расонии лозимро анҷом диҳем.

   Сваол: Шунида шуда оқои Амир Абдуллоҳиён аз тарафи  Шӯрои олии амният барои музокироти  Сурия мушаххас шудааст. Оё тайид мефармоед?

  Ҷавоб : Музокироти  Сурия ҳамон идомаи  раванди  пешин аст. 20 январ музокироти  муқаддамоти иҷлоси  Сочӣ баргузор ва дар поёни  январ Кунгураи  миллии  мардуми  Сурия дар Сочӣ  баргузор хоҳад шуд. Умедворем раванди  Остона ба  унвони  танҳо раванди  созанда битавонад  масоили  Сурияро бо  ҳамфикрии  се кишвар зомини  кори  худро идома диҳад. Бояд мунтазири  нишасти  коршиносӣ ва нишасти Кунгураи миллӣ  бошем. Шӯрои олии  амнияти  миллӣ  дар ҳамаи  мавзӯъоти  калони  кишвар вуруд мекунад. Инки чӣ касе дар иҷлосҳои отӣ намояндаи  Эрон хоҳад буд,иттилои  дақиқе надорам. Ончи матраҳ гардид,гумона зании расонаӣ аст ва истинботи  бархе аз афрод аст, ки расонаи шудааст. Чизе дар шароит кунунӣ тағйир накарда ва раванди  гузашта идома хоҳад ёфт.

   Савол: Охирин вазъи Нигор Қудсканӣ дар Австралия чист ?

  Ҷавоб: Яке аз мавзӯъоти  аслӣ  дар дасти  пайгирии  вазорати  корҳои  хориҷа пайгирии вазъи эшон ба далоили  инсондӯстона ва шароити  хосе эшон аст. Дар сутӯҳи  мухталиф бо мақомоти  Австралия тамос гирифта шуда ва сафорати Эрон дар Австралия бисёр фаъол будааст. Эшон фарзанди  худро ба дунё оварда,вале дар ниҳоят аз вазъи  эшон ризоят надорем ва боз ҳам аз давлати  Австралия мехоҳем дар бораи  эшон  тасмимгирӣкунад. Мӯътақидем эшон муртакиби  ҳеҷ хатое нашуда ва пайгарди  ҳуқуқии  давлати  Америка дар бораи  эшон  бояд нодида гирифта шавад ва ин амалкарди  Америка дарбораи  шаҳрвандони  эронӣ бояд поён ёбад.

    Савол : Дар мавриди иддаои таҳрими  Садо ва Симо тавассути Америка чист?

  Ҷавоб : Мавзеъи Эрон дар бораи  зиёдахоҳии  Америка ва нигоҳи  ғалати  он кишвар нисбат ба Эрон ва соири  манотиқи  ҷаҳон мушаххас аст. Ин иқдомот ношӣ аз аҷз ва нотавонии  Америка дар бораи  Эрон аст. Ин иддао дар ҳадди  як тарҳ аст ва ҳосиле барои Америка надорад. Давлати  Трампро бо  дар назар гирифтани  воқеиятҳо ва хурӯҷ аз дунёи маҷозӣ  ва дар назар гирифтани  воқеиятҳо, тавсия мекунам. Ин иқдомот боиси   афзоиши  хусумати  мардуми  ҷаҳон ба Америка ва мунзавӣ шудан он кишвар аст.


08:40 - 11/01/2018    /    шумора : 495277    /    теъдоди намоиш : 52



хуруљ




Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон