Gallery
Useful links
  • پورتال امام خمینی
  • دفتر مقام معظم رهبری
  • ریاست جمهوری
  • معاونت امور مجلس
  • نقشه جامع علمی کشور
  • Ministry of Science, Research and Technology
  • صندوق احیا و بهره برداری از بناهای تاریخی و فرهنگی کشور
Feedback
News > Мулоқоти сафири Ҷумҳурии Исломи Эрон бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


  чоп        фиристодан ба дўст

Мулоқоти сафири Ҷумҳурии Исломи Эрон бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти сафири Ҷумҳурии Исломи Эрон бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи сешанбе 26.12.2017 ҷаноби оқои Фағонӣ-сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷаноби оқои Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидор ва дар хусуси вазъияти кунунии робитаҳои дуҷониба ва роҳҳои густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои порлумонӣ, дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар намуданд.

Сафири кишварамон бо ишора ба сафари ахири ҷаноби оқои доктор Зариф ба Тоҷикистон, баргузории Комиссияи муштараки иқтисодӣ дар Душанбе ва афзоиши сатҳи тамосҳои мақомоти ду кишвар гуфт: фазои муносиботи Эрону Тоҷикистон дар ҳоли тақвият аст. Вай бар зарурати афзоиши сафарҳои мақомоти порлумонӣ ва гурӯҳҳои дӯстии порлумонии миёни ду кишвар таъкид кард. Оқои Фағонӣ бо таваҷҷуҳ ба шикасти гурӯҳҳои террористӣ дар Ироқ ва Сурия, тағйири ҷуғрофиёи фаъолияти террористҳо ва таҳдиди эҳтимолӣ алайҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ омодагии Ҷумҳурии Исломии Эронро барои ироаи таҷрубаҳо ва ҳамкорӣ дар мубориза алайҳи терроризм бо Тоҷикистон баён кард.

          Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муштаракоти фарҳангӣ, забонӣ ва тамаддунии миллатҳои Эрон ва Тоҷикистонро ёдовар шуд ва аз ҳимоятҳои Эрон дар барқарории сулҳ дар Тоҷикистон пас аз ҷанги дохилии ин кишвар дар даҳаи 1990 қадрдонӣ намуд. Оқои Зуҳуров бар омодагии Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкории ду кишвар дар ҳамаи ҳавзаҳо таъкид намуд ва гуфт: ояндаи муносибатҳоро хуб мебинам ва дар заминаи табодулоти порлумонӣ ва сафари гурӯҳҳои дӯстии маҷлисҳои ду кишвар омодаи ҳамкорӣ ҳастем.


15:12 - 30/12/2017    /    шумора : 493726    /    теъдоди намоиш : 100



хуруљ




Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон