Gallery
Useful links
  • پورتال امام خمینی
  • دفتر مقام معظم رهبری
  • ریاست جمهوری
  • معاونت امور مجلس
  • نقشه جامع علمی کشور
  • Ministry of Science, Research and Technology
  • صندوق احیا و بهره برداری از بناهای تاریخی و فرهنگی کشور
Feedback
News > Паёми табрикии раиси маркази дипломатии умумии вазорати корҳои хориҷа ба муносибати мелоди ҳазрати Масеҳ (ъ) ва оғози соли нави мелодӣ


  чоп        фиристодан ба дўст

Паёми табрикии раиси маркази дипломатии умумии вазорати корҳои хориҷа ба муносибати мелоди ҳазрати Масеҳ (ъ) ва оғози соли нави мелодӣ

Паёми  табрикии  раиси  маркази  дипломатииумумии   вазорати   корҳои  хориҷа   ба муносибати  мелоди  ҳазратиМасеҳ  (ъ)  ва  оғози  соли  нави мелодӣ

  Бисёр  хурсандам,  ки  фаро  расидани  мелоди  фархундаи  ҳазрати   Исои   Масеҳ (ъ)  ва  оғози  соли  нави  мелодиро  ба тамоми  масеҳиёни  ҷаҳон  ва  ҳама  яктопарастони  гетӣ  табрик мегӯям.  Аммо табрики вижаи  ман  ба  ҷомеаи  азизи   масеҳиёни  Эрон,  ки  асрҳост  бо  таассӣ  аз омӯзаҳои  раҳмонии  Масеҳ (ъ),  дар  хушӣ  ва  нохушӣ  ва  айёми  кушоиш  ва  ибтило,  дар  канори  ҳамаи  ҳамватанони  худ  истода  ва  ба  унвони  бахше  ҷудо нашуданӣ  аз  фарҳанг  ва  тамаддуни  шукӯҳманди   эронзамин, ҳамвора  дар  ростои  рушд  ва  эътилояш   кӯшидааст. 

  Бетардид,  умед  ба  густариши  ҳар  чӣ  бештари  паёми  Масеҳ (ъ) навидбахши  дунёи  маънавӣ  ва  мутараққӣ   хоҳад  буд.  Дар ҷаҳоне,  ки  ҷанг,  таҷовуз,  фақр  ва  беадолатии  беш  аз  ҳар  замони  дигаре  арсаро   бар  миллатҳо  танг  карда,  бо  бозгашт  ба оро ва  андешаи  Исо (ъ)  ба  унвони  таҷаллӣ  мудоро,  сабр  ва шакебоӣ,   дами  масеҳоӣ  дар  колбади  беҷонии   инсоният  вазидан хоҳад  гирифт.  Умеди   он ки   боз  маслуб  нашавад. 

  Шаке   нест,  ки  пас  аз  ҳазф  ва  нобудии  яке  аз  муртаҷеътарин гурӯҳҳои  террористӣ,  ки  аз  ошкортарин  таҷаллиёти  ваҳҳобият  дар асри  кунунӣ  маҳсуб  мешуд,  ҷаҳон  дар  соли   оянда,  барои  ҳама масеҳиёни  дунё,  амнтар  ва  зеботар  хоҳад  буд. 

  Умедворам  дар  соли  пеши  рӯ,  шоҳиди баробарии муштарак ва ҳамдилии  дучанд  дар  масири  тақвият  ва  таъмиқи  сулҳ,  амният, оромиш  ва таҳкими  ҳар  чӣ  бештари   дӯстиҳо  дар  ҷаҳон  бошем.

 


20:52 - 26/12/2017    /    шумора : 493184    /    теъдоди намоиш : 62



хуруљ




Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон