Gallery
Useful links
  • پورتال امام خمینی
  • دفتر مقام معظم رهبری
  • ریاست جمهوری
  • معاونت امور مجلس
  • نقشه جامع علمی کشور
  • Ministry of Science, Research and Technology
  • صندوق احیا و بهره برداری از بناهای تاریخی و فرهنگی کشور
Feedback
News > Баргузории намоишгоҳ ва маросими шаби Ялдо дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон


  чоп        фиристодан ба дўст

Баргузории намоишгоҳ ва маросими шаби Ялдо дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон

Баргузории  намоишгоҳ ва маросими  шаби  Ялдо дар  Сафорати  Ҷумҳурии  Исломии  Эрон   дар Тоҷикистон

    Шомгоҳи   панҷшанбе  муаррихи  30/9/1396 маросими  гиромидошти  шаби   Ялдо, дар маҳалли   Сафорати   Ҷумҳурии Исломии Эрон   дар   Тоҷикистон   бо ҳузури  сафир,  дипломатҳо ва  коркунони   ниҳодҳои  эронӣ муқими  Тоҷикистон   ва хонаводаҳои онҳо ва  баъзе аз тоҷикон, тайи   маросими  бо шукӯҳ,  дар маҳалли  сафорати  кишвармон  даршаҳри  Душанбе баргузор шуд. 

  Дар  ибтидои маросим, ҷаноби   оқои Фағонӣ   сафири кишвармон бо  табрики  шаби  Ялдо, шаммае аз  вижагиҳо ва аҳамияти  ин шаб,   барои эрониёнро баён кард.  Лозим ба  зикр аст,   суфраи  вижаи  шаби   Ялдо низ  дар маҳалли  маросим,тартиб дода шуда буд. Ҳамчунин пеш аз ин  маросим,меҳмонии дигаре бо  мизбонии сафири  Ҷумҳурии   Исломии   Эрон бо ҳузури   гурӯҳе  аз  шахсиятҳои давлатӣ, парлумонӣ, донишгоҳӣ, расонаӣ, шоирон, нависандагон  ва ҳунармандони  саршиноси  тоҷик ва ҷамъе  аз сафирон  ва дипломатҳои  ҳавзаи  Наврӯз дар маҳалли   сафорат   баргузор  шуд. 

   Ин маросим  бо шеърхонии  ялдоӣ,  шоирони номдори  тоҷик аз ҷумла,  хонуми   Гулрухсор, Аскар Ҳаким, Мирзо Шакурзода ва Муҳаммад Алии  Аҷамӣ, суханронии  баъзе сафирони  ҳавзаиНаврӯз, иҷрои мусиқии  зинда ва пазироӣ  вижаи  шаби  Ялдо аз меҳмонон,  ҳамроҳ  буд. Намоишгоҳи  аксҳо,  низ аз осори  дидании Эрон  ва   Тоҷикистон дар маҳалли  маросим барпо гардид, ки мавриди  истиқболи  меҳмонон қарор гирифт.

 

 


20:47 - 26/12/2017    /    шумора : 493183    /    теъдоди намоиш : 70



хуруљ




Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон