Gallery
Useful links
  • پورتال امام خمینی
  • دفتر مقام معظم رهبری
  • ریاست جمهوری
  • معاونت امور مجلس
  • نقشه جامع علمی کشور
  • Ministry of Science, Research and Technology
  • صندوق احیا و بهره برداری از بناهای تاریخی و فرهنگی کشور
Feedback
News > Қосимӣ: Саросари матни стратегияи амнияти миллии Америка, ки тавассути давлати Трамп мунташир шуда, пур аз талоши беҳосили таҳиякунандагони он барои илқоъ ва эҷоди таҳдиди сохтагӣ аз Эрон буда ва комилан мардуд ва маҳкум аст


  чоп        фиристодан ба дўст

Қосимӣ: Саросари матни стратегияи амнияти миллии Америка, ки тавассути давлати Трамп мунташир шуда, пур аз талоши беҳосили таҳиякунандагони он барои илқоъ ва эҷоди таҳдиди сохтагӣ аз Эрон буда ва комилан мардуд ва маҳкум аст

Қосимӣ: Саросари  матни  стратегияи амнияти  миллии  Америка, ки тавассути давлати  Трамп мунташир шуда, пур аз талоши  беҳосили  таҳиякунандагони он  барои  илқоъ  ва  эҷоди  таҳдиди сохтагӣ  аз  Эрон  буда  ва  комилан мардуд  ва маҳкум  аст

  Баҳроми  Қосимӣ  сухангӯӣ  вазорати  корҳои  хориҷа  дар вокуниш  ба  интишори  стратегияи  нави  амнияти  миллии  Америка  гуфт:  Саросари  матни  стратегияи  амнияти  миллии  Америка, ки тавассути давлати  Трамп  мунташир  шудааст,  пур аз талоши  беҳосили  таҳиякунандагони  он  барои илқоъ  ва  эҷоди  таҳдиди   сохтагӣ  аз Эрон  буда  ва  комилан мардуд  ва  маҳкум  аст. Ончи дар ин матни  номутаъориф ва холӣ аз ҳар гуна хирадварзӣ ва воқеънигарӣ  тасвир  шудааст,  чизе  ҷуз  такрор  ва вогуйӣ  кардани   иддаоҳо,  иттиҳомот  ва  таваҳҳумоти  бепоя  ва  асоси маъдуди  кишварҳои  мутаваҳҳими  минтақавӣ  ва  дар  Америка  нест. Мафоди  бемантиқи   ин  роҳбурди  номавзун ва як тарафа ба хубӣ  нишон  медиҳад, ки давлати  ин  кишвар  дар  тадвини  ин  стратегия дар  пайӣ  фароафкании  чолишҳо, нокомиҳо  ва муъзалоти  худсохтае  аст,  ки дар  буъди  дохилӣ  ва  байналмилалӣ ҳамвора бо он рӯбарӯ буда ва дар як соли  гузашта,  беш аз пеш  воқеиятҳои худро  намоён  сохта  аст.

  Сухангӯӣ  дастгоҳи  дипломатӣ  афзуд:  Ончи, ки Америка ба унвони  таҳдидоти  тахайюл   ва  иддаои  ин  кишвар  бо он рубарӯ аст   беш   аз   ҳар   чизи  ноши    аз   сиёсатҳо,   рафторҳо   ва амалкарди   пуриштибоҳи    давлатмардон   ва  сиёсатмадорони    ин кишвар   тайи    даҳаҳои   гузашта   дар   қиболи   соири   миллатҳои ҷаҳон,  бахусус   хатоҳои   пуршумори   онҳо   дар   минтақаи  муҳим    ва   стратегияи   ғарб,  Осиё  ва  Халиҷи  форс   аст.  Ба  назар  мерасад давлатмардони  Америка  ҳанӯз иродае  барои  бозбинӣ   дар сиёсатҳо  ва  рафторҳои  худ,  бавижа   бознигарӣ   дар   нигоҳи    худ  ба   ҷаҳон   ва   соири   миллатҳо   надоранд  ва  ба  ҳамин  далел  аст, ки  сиёсатҳо  ва рӯйкардҳои  мустақилонаи

бархе  аз   кишварҳо, монанди  Эронро  бар  наметобанд  ва  онро  хилофи  манофеъ  ва амнияти  миллии  худ   мебинанд  ва  талош  мекунанд  бо  исрор ва пофишории  беҳуда  бар  рӯйкардҳои  мансух  ва такрорӣ , ҷаҳонро ҳамчунон  дар  муъзалоте, ки  беш  аз  ҳар  чиз  ношӣ  аз  сиёсатҳои  давлатҳои  мухталифи Америка аст,  дар  ҳолати танг  нигоҳ доранд.

  Қосимӣ  дар  хотима    тасреҳ  кард :  Ончи  метавон дар  иртибот бо  стратегияи  нави  амнияти  миллии  Америка  баён дошт  ин аст,  ки  роҳбурдии  нобихрадонаи  Америка  бешак  ҷаҳонро  ба  сӯи ноамнии  ҳар  чӣ  бештар  ва  густариши  бесуботӣ  ва  терроризм шавқ   хоҳад  дод  ва  бетаваҷҷуҳии ҷомеаи  байналмилалӣ  ба моҷароҷӯйиҳои  раиси  ҷумҳурии  ин  кишвар  боиси  шудааст  то вай  сиёсатҳо  ва  нигоҳи   худ  ба  ояндаро  бар мабнои  таҳдидоти  сохтагӣ  ва  ғайривоқеӣ  устувор  кунад,  ки қатъан  дастоварде  ҷуз  нокомӣ   барои  ин  кишвар  дар  арсаи  байналмилалӣ  ва манотиқи мавриди  таваҷҷуҳ  ва  тамаркузи   ин  кишвар  нахоҳад дошт.

 


11:11 - 22/12/2017    /    шумора : 492482    /    теъдоди намоиш : 283



хуруљ




Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон