Gallery
Useful links
  • پورتال امام خمینی
  • دفتر مقام معظم رهبری
  • ریاست جمهوری
  • معاونت امور مجلس
  • نقشه جامع علمی کشور
  • Ministry of Science, Research and Technology
  • صندوق احیا و بهره برداری از بناهای تاریخی و فرهنگی کشور
Feedback
News > Баёнияи поёнии панҷумин нишасти вазирони корҳои хориҷаи Эрон, Туркия ва Озарбойҷон


  чоп        фиристодан ба дўст

Баёнияи поёнии панҷумин нишасти вазирони корҳои хориҷаи Эрон, Туркия ва Озарбойҷон

Баёнияи  поёнии панҷумин нишасти вазирони корҳои хориҷаи Эрон, Туркия ва Озарбойҷон

Баёнияи  Боку

    Нишасти се ҷонибаи    вазирони корҳои  хориҷаи  Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Туркия

  Бинобар  даъвати   ҷаноби  оқои  Элмар  Мамадиёров  вазири корҳои  хориҷаи  Ҷумҳурии  Озарбойҷон  ва  бо  ҳузури  ҷаноби  оқои Муҳаммадҷаводи  Зариф  вазири корҳои  хориҷаи  Ҷумҳурии Исломии Эрон ва  ҷаноби  оқои   Мавлуд  Човушоғулу  вазири  корҳои   хориҷаи  Туркия,   панҷумин  нишасти  се ҷонибаи   вазирони   корҳои  хориҷа  дар  таърихи  20  декабри соли  2017  дар  Боку,  пойтахти  Ҷумҳурии  Озарбойҷон баргузор шуд.

    Вазирони хориҷаи  мазкур  бар тааҳуди худ ба баёнияҳои мусаввабаи  нишастҳои сеҷонибаи пешинаи   вазирони корҳои  хориҷа, ки дар шаҳри  Урумия, Нахичеван, Ван ва  Ромсар баргузор шуд, таъкид карданд.

  Тааҳуди  худ  ба  густариши   беш аз пеши ҳамбстагӣ ва ҳамкорӣ байни мардуми  се кишвар  бар асоси   иштирокоти решадори таърихӣ, мазҳабӣ  ва  фарҳангӣ  ва  арзишҳои  муштарак  дар  ҷиҳати тақвияти  сулҳ ва  субот,  равнақ  ва  ҳамкорӣ  дар  минтақаро  мавриди  тасдиқи  дубора  қарор  додаанд.

  Бар тааҳуди  худ  ба  густариши   ҳамкориҳо  таъкид  карданд, бавижа  дар  соҳаҳое,  ки  ба пешрафти иқтисодӣ  ва тавсеаи  пойдор кумак   мекунанд.

  Бар тамоили муштараки  худ  ба  тақвияти  сулҳ  ва  субот  дар минтақа  дар  айни  тааҳуд  ба  усули  ҳуқуқи  байналмилалии марбута таъкид карданд, бавижа эҳтиром ба  ҳаққи  ҳокимият, тамомияти  арзӣ,  масунияти  марзҳои  байналмилалӣ ба расмият шинохта шуда ва ҳалу фасли сулҳомези  тамоми муноқишот.

  Дар  ҳамин  замина  аҳамияти   ҳалу    фасли муноқишаи  Нагорная- Кара Бах мобайни Озарбойҷон  ва  Арманистон  бар  асоси  усули  фавқуззикрро  мавриди  таъкиди  дубора  қарор доданд.

  Тавофуқ  карданд  бо  ҳадафи  густариши  сулҳ, амният ва суботи  ҷаҳонӣ  ва  минтақавӣ  дар  ҳамаи   мавзӯъҳои  минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, ки мавриди  алоқаи  муштарак  ҳастанд дар  сутӯҳ  ва   бар асоси барномаҳои  мухталиф   ва   дар  чорчӯби  созмонҳои  байналмилалӣ ва минтақаӣ, монанди Созмони  милал,  Созмони  ҳамкориҳои исломӣ,  Конфронси  таомул  ва  эътимодсозии  Осиё  бо  якдигар ройзаниҳои  наздик  дошта  бошанд.

  Аз баёнияи  мусавваби   нишасти  фавқулодаи сарони кишварҳои  узви  Созмони ҳамкориҳои  исломӣ  дар  мавриди  Қудси  Шариф, ки дар рузи 13 декабри соли  2017  дар  Истамбул   баргузор  шуд истиқбол  карданд.

  Тавофуқ  карданд  ҳамкориҳои  иқтисодӣ – тиҷоратиро бо ҳадафи  истифода  аз  потенсиали  мавҷуд  барои  ташвиқи  сармоягузориҳо  ва   афзоиши    дод   ва   гирифт   ва ҳамчунин ҳимоят аз густариши  ҳамкориҳо  аз  тариқи  иҷрои  барномаҳо  ва  проектҳои муштарак дар  ҳавзаҳои энергетика, ҳамлу нақл, банкдорӣ,  мухобирот, санъат,  кишоварзӣ,  гардишгарӣ ва  муҳити  зист  тақвият  намоянд.

  Бо таъкид  бар  иқдомоти  қобили  таваҷҷуҳи  сурат гирифта  дар ҷиҳати густариши  тавони  транзитӣ ҳар се кишвар, ки дар масири каридорҳои байналмилалии транзитӣ қарор дошта ва аз лиҳози  ҷуғрофиёӣ аз ҷойгоҳи мусоиде  бархурдоранд ва ҳамчунин пайвастшавии  онҳо ба системаи транзити байналмилалӣ, аҳамияти афзоиши  беш  аз пеши  ҳамкориҳо  барои  иҷрои  проектҳои  ҷадид, тавсеаи зерсохтҳои  ҳамлу  нақл ва  боло  бурдани  тавони транзитиро  хотирнишон  карданд.

  Бо  таъкид бар аҳамияти мушорикати  се  кишвар дар  проектҳои байналмилалии  ҳамл ва  нақл  дар миқёси азим,  ки барои афзоиш камият ва кайфияти  ҳамл  ва  нақли  транзитӣ рақобати  байни  Осиё ва   Аврупо  ва  густариши   иҷтимоӣ - иқтисодӣ аз аҳамияти роҳбурдӣ   бархурдор  аст,  аз роҳандозӣ роҳи  оҳани   Боку- Тифлис- Қорс, ки шароит мусоидеро  барои  баҳрамандӣ  аз  потенсиали тронзитии се кишвар  дар   масирҳои  "шарқ- ғарб",  "ҷануб- ғарб"  ва "шимол- ҷануб" фароҳам мекунад истиқбол,  карда  ва  бар  аҳамият,  бардоштани  қадамҳои  лозим  барои  такмили  ҳар чӣ зудтар,   роҳи  оҳани  Рашт – Осторо  таъкид  карданд.

  Бар  аҳамияти  тақвияти   ҳамкориҳо  дар ҳавзаи  ҳавонавардии ғайринизомӣ  дар  ҷиҳати   билфеъл  кардани  зарфиятҳои  азими  билқувва  ва  ҳамчунин касби  манофеъ,  ҳар чӣ  бештар аз шароити ҷуғрофиёи  мусоид,  ҳар  се  кишвар  таъкид  карданд.

  Барои  густариши  ҳамкориҳои тиҷоратӣ  дар соҳаҳои нафт, газ ва маҳсулоти химиявӣ  ибрози алоқа карданд.

  Тавофуқ  карданд  бо  ҳадафи  иштироки  таҷрибаҳо ва иттилоот дар заминаи риволҳои банкдории  ҷаҳонӣ ва ҳамчунин мубориза бо пулшуйӣ ва таъмини  молии  терроризм, равобити байни  шабакаҳои банкии ҳар се кишвар тавсеа ва густариш ёбад.

  Бар  аҳамияти идомаи  ҳамкориҳо байни  се кишвар дар ҷиҳати  сохт  ва  мудирияти  зерсохтҳо  бо  ҳадафи  коҳиши шикофи диҷитолӣ  дар минтақа  таъкид  карданд.

  Аҳамияти  ҳамкорӣ  дар  чорчӯби  созмонҳои  иқтисодӣ  ва минтақавӣ  ва  ҷаҳониро  дар  ҷиҳати   ҷалби  ҳимояти  ин  созмонҳо  аз  ҳавзаҳои  соҳиби аввлавият, монанди  доду ситад, ҳамл ва нақл, гардишгарӣ, кишоварзӣ, иртиботот ва энергетика  ва ҳамчунин ташвиқ  ва пуштибонӣ  аз ниҳодҳои  мазкур  барои  иҷрои  проектҳое,  ки  барои  ҳар  се  кишвар  дорои  манофеи  муштаракро    хотирнишон  карданд.

  Бо ҳадафи  таҳаққуқи ҳадафҳо  барномаи  тавсеаи  пойдор соли  2030, ки  дар  моҳи  сентябри соли  2015 дар Созмони милал  ба  тасвиб расид,  бар аҳамияти  тақвияти  ҳамкориҳо  дар  ҷиҳати  пешгирӣ  ё коҳиши  тахриби  муҳити  зист  таъкид  карданд.

  Тавофуқ  карданд  то  ба  номзадии  ҳар  кадом  аз  се  кишвар  дар созмонҳои  байналмилалӣ ё минтақаӣ назари  мусоид  дошта  ва  дар  ин росто  аз номзадии  Боку  барои  мизбони  намоишгоҳи ҷаҳонӣ  ″Экспо″ 2025  дар  Ҷумҳурии  Озарбойҷон  ҳимоят  кунанд.

  Зимни  маҳкумияти  ҳар  гуна  табъиз бар асоси қавмият, нажод, дин ва ақоид ва хотирнишон сохтани  аҳамияти густариши   равобит,  эҳтиром,  гуфтугӯ  ва  ҳамкори  байни  фарҳангҳои  мухталиф,  бар  аҳамияти   ҳафтумин  маҷмааи  ҷаҳонии  иттиҳоди  тамаддунҳои  Созмони  милал,  ки  аз  25 то 27 апрел 2016  дар  Боку  баргузор  шуд,  таъкид  намуданд.

  Бо таъкид   бар  аҳамияти  тақвияти  беш  аз  пеши  ҳамкориҳо  дар  ҷиҳати  мубориза  бо  анвои   ишкол  ва  тазоҳуроти   терроризм,  ҷудоиталабӣ  ва  ифротгароӣ  хушунатомез,  ҷароими  созмон  ёфта  ва  қочоқи  маводи   мухаддир  ва  пешсозҳои  ин  гуна  мавод,  ҷароиме,  ки  алайҳи  мероси фарҳангӣ  ва  таърихӣ ҳастанд,  ҷароими  сойберӣ  ва муҳоҷирати   ғайриқонунӣ,  ба қатъномаи   шумораи   A/RES/68/127 ‎ ‎маҷмааи  умумии  Созмони милал  ба  унвони  "Ҷаҳон  бар зидди  хушунат  ва  ифротгароии хушунатомез (WAVE), ки бо ибтикори   Ҷумҳурии Исломии Эрон матраҳ  шуд, ишора  карданд.

  Бар азми  худ  барои  ҷилавгирӣ  аз  истифода  аз  сарзамини кишвари  матбуи   худ  тавассути ҳар фард  ё  гурӯҳе  ва  таҳти  ҳар шароите  барои таҳдид ё иқдом алайҳи дигаре таъкид карданд. Ҳамчунин ҳимояти хориҷӣ аз иқдомоти ҷудоиталабонаро маҳкум намуданд.

  Бар тааҳуди  худ ба густариши  ҳуқуқи  башар ва сиёнат аз ин ҳуқуқ дар сутӯҳи  миллӣ ва байналмилалӣ  таъкид карда ва эълом карданд ,таҳаққуқи  густариш ва сиёнат аз ҳуқуқи  башар  аз  тариқи  ҳамкорӣ ва гуфтугӯи  беҳтар  сурат мепазирд.

  Зимни  таъкид  бар  аҳамияти  қобили  таваҷҷуҳи   барномаи   ҷомеъ,  иқдоми  муштараки  (барҷом)  ба унвони намунаи  коромад аз муваффақияти  дипломосӣ  ва  музокироти  чандҷониба,  тасдиқ мекунанд,  ки  иҷрои муваффақиятомези  Барҷом  мусталзами  ифои  комили  тааҳудоти қайд шуда  аз  сӯи  ҳама  тарафҳост  то ҳама  тарафҳо  битавонанд  бо  сурати  комил  аз  мазоёи  пешбинӣ  шуда  дар  Барҷом  баҳраманд  шаванд.  Бо  таваҷҷуҳ  ба пойбандии  Ҷумҳурии  Исломии  Эрон  ба тааҳудоти   мундариҷа  дар  Барҷом,  ки  бахше  аз  қатъномаи 2231 (2015) шӯрои амнияти Созмони  милал  маҳсуб  мешавад  тааҳуди   дубораи  тамоми аъзои  Созмони  милал  барои  кумак  ба  иҷрои  ин   тавофуқро ёдоварӣ  мекунанд.

  Бар  аҳамияти   қобили  таваҷҷуҳ, густариши   ҳамбстагии  исломӣ   дар   ҷиҳати  муқобила  бо  чолишҳое,  ки  дунёи  ислом  бо  он мувоҷеҳ   аст , таъкид   карда  ва  қасди  худро  барои  ҳамкориҳои фаъолтар  ва  муассиртар  дар  ҷиҳати   тақвияти   бародарӣ, тафоҳум  ва  раводории   исломӣ  баён  карданд.  Дар  ин росто аҳамияти  баргузори  чаҳорумин  давраи  мусобиқоти  ҳамбстагии исломӣ ,  ки  аз  12 то 22 май соли  2017 дар  Боку  баргузор шуда ро барои  густариши  фарҳанг  ва  арзишҳои  исломӣ  хотирнишон карданд.

  Бар  аҳамияти  пайгирии  тасмимоти иттихоз шуда  дар  нишаст ҳои  пешина  ва   ҳамчунин  барномаи  амалӣ  ҳамкориҳои  бахш ҳои  мухталифи  се  тарафа  барои  давраи  замонии  2016-2018 таъкид карданд.

  Аҳамияти  баргузории  муназзами  нишастҳо  бо сурати  се ҷонибаро  дар  ҷиҳати   идомаи  ҳамкориҳо  дар  мавзӯъоти  минтақавӣ  ва ҷаҳонӣ  такрор  карданд.

  Тавофуқ  карданд , нишасти  баъди  дар  кишвари  Туркия  баргузор шавад.

  Ҷаноби  оқои Элмар  Мамадёров  вазири  корҳои  хориҷаи  Ҷумҳурии   Озарбойҷон

  Ҷаноби  оқои  Муҳаммадҷавод Зариф вазири  корҳои  хориҷаи Ҷумҳурии  Исломии  Эрон

  Ҷаноби  оқои  Мавлуд Човушоғулу  вазир  корҳои  хориҷаи Ҷумҳурии  Туркия .

 


11:08 - 22/12/2017    /    шумора : 492480    /    теъдоди намоиш : 422



хуруљ




Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон