Gallery
Useful links
  • پورتال امام خمینی
  • دفتر مقام معظم رهبری
  • ریاست جمهوری
  • معاونت امور مجلس
  • نقشه جامع علمی کشور
  • Ministry of Science, Research and Technology
  • صندوق احیا و بهره برداری از بناهای تاریخی و فرهنگی کشور
Feedback
News > Паёми Баҳроми Қосимӣ ба муносибати рӯзи байналмилалии ҳамбастагии башарият


  чоп        фиристодан ба дўст

Паёми Баҳроми Қосимӣ ба муносибати рӯзи байналмилалии ҳамбастагии башарият

Паёми  Баҳроми  Қосимӣ  ба муносибати  рӯзи  байналмилалии  ҳамбастагии  башарият

  Баҳроми  Қосимӣ  раиси  марказидипламатияиумумии  вазорати  корҳои  хориҷа дар паёме  ба муносибати  рӯзи  байналмилалии  ҳамбастагии   башарият: бешак  ҳамбастагии  ҷомеаи   башарӣ  ҳалқаи  гумшудаи  аст, ки метавонад  низоми  байналмилалро ба мафҳуми   воқеии  "амнияти  ҷамъӣ" ва "сулҳи  пойдор" раҳнамуншавад.

  Шояд Саъдӣ  алайҳир  раҳмаро  битавон  аз нахустин мунодёни   ҳамбастагӣ ва ваҳдати  башарият  донист.  Онҷо,  ки бани  одамро  аъзои  як  пайкар  мехонад  ва  бар  бархурдори инсонҳо  аз  сиришт  ва  ҷавҳари  воҳид  таъкид  мекунад.  Аммо дармоне,  ки  Шайхи  аҷал  700  сол  пеш  барои  бисёре  аз  оломи  инсон  таҷвиз  кард,  ҳанӯз  ҳам  ба  дурусти  фаҳмида   нашудааст.

  Имрӯза,  ки  бархе  дар  ҷаҳон  ва  минтақа,  сози   нокуки худро  ҳар  тавр,  ки  мехоҳанд,  менавозанд  ва  дар  маҷомеи   байналмилалӣ  ҳам ошкоро  ба  хостаҳои  ҷомеаи  ҷаҳонӣ  бетаваҷҷуҳӣ   мекунанд  ва  ҳатто  онро  ба масхара  мегиранд,  ниёз ба  эҷод  ва  ҳифзи  ваҳдат  ва  ҳамбастагии  беш  аз  ҳар  замони дигаре  эҳсос  мешавад.

  Бешак  ҳамбастагии  ҷомеаи   башарӣ  ҳалқаи  мафқудае  аст,  ки метавонад  низоми  байналмилалро  ба мафҳуми   воқеии  "амнияти ҷамъӣ"  ва  "сулҳи  пойдор"  раҳнамун  шавад  ва  ин  ҷуз  аз  тариқи тавсеаи  ахлоқӣ  ва  тааҳуд   ба  арзишҳои  ҷаҳоншумули  башарӣ, назири  муқобила  бо  зулм,  нафйи  султаҷӯйӣ  ва  султапазирӣ, адолатхоҳӣ  ва  пазируфтани  ҳуқуқи  инсонҳо  фориғ  аз  ҳар  навъи  нажод,  фарҳанг  ва  миллият  таҳаққуқ  нахоҳад  ёфт.

  Бо  орзӯи  ҷаҳоне,  ки  дар  он  нуқтаи   азимат  ва ҳаракат  ва ҳадафи  тамоми  миллатҳо   мубориза  бо  фақр,  зулм  ва  фасод  дар  саросари  ҷаҳон   бошад  ва  кушӯдани  боби   гуфтугӯ  маҷоли  ҷангро  барои  ҳамеша  аз  ҷангсолорон  бигирад,  имрӯз,  ки мусодиф  бо рӯзи  байналмилалии   ҳамбастагии  башарият  аст, гиромӣ   медорем.

   


11:06 - 22/12/2017    /    шумора : 492479    /    теъдоди намоиш : 347



хуруљ




Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон