Gallery
Useful links
  • پورتال امام خمینی
  • دفتر مقام معظم رهبری
  • ریاست جمهوری
  • معاونت امور مجلس
  • نقشه جامع علمی کشور
  • Ministry of Science, Research and Technology
  • صندوق احیا و بهره برداری از بناهای تاریخی و فرهنگی کشور
Feedback
News > Паёми табрикии Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди Қурбон


  чоп        фиристодан ба дўст

Паёми табрикии Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди Қурбон

 

Паёми табрикии Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди Қурбон

 

Шодам фаро расидани  иди саиди Қурбон, иди дустӣ ва муҳаббатро ба ҳамватанони эронии муқим, миллати шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусалмонони ҷаҳон табрик гуям.

Ҳаҷ ва маносики он фаризаест бе ҳамто, дарси бузурги ҳаҷ ва маносики он тақвияти руҳи бародарӣ, ҳамдилӣ ва иттиҳоди зери ливои тавҳид аст.

Мафҳуми иди Қурбон ба таври хос бо оштӣ, сулҳ ва дустӣ аст ва башорати бахши пирузӣ бар хушунат ва ёдовари зеботарин намунаи табауди инсон, дар баробари Худованди мутаол аст.

Иди Қурбони имсол ёдовари фоҷиаи мусибатбори соли гузашта дар Миност,ки дар онҷо ҷамъи зиёде аз меҳмонони хонаи Худо аз кишварҳои гуногун ҷон бохтанд ва андуҳи бузурге дар ҷаҳони ислом падид омад ва иди онҳоро ба мотам табдил карданд. Дар кишвари азизамон низ даҳҳо хонавода,ки муштоқона дар интизори азизони ҳаҷгузори худ буданд низ ба азои онон нишастанд.

Иқдомоти гуруҳҳои салафӣ ва такфирӣ шароити меҳнатборе бар миллатҳои мусалмон таҳмил карда ва уммати исломиро дар яке аз ҳассостарин ва душвортарин мақтаҳои таърихии худ қарор додааст.

Аз пешгоҳи бо азамати парвардигор, иқтидор ва сарбаландии рузафзуни ҷаҳони ислом, ваҳдату бародарии ҳамаи мусалмононро хосторам.


19:40 - 08/09/2016    /    шумора : 412585    /    теъдоди намоиш : 302



хуруљ




Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон