Gallery
Useful links
  • پورتال امام خمینی
  • دفتر مقام معظم رهبری
  • ریاست جمهوری
  • معاونت امور مجلس
  • نقشه جامع علمی کشور
  • Ministry of Science, Research and Technology
  • صندوق احیا و بهره برداری از بناهای تاریخی و فرهنگی کشور
Feedback
News > Мусоњибаи сафири Љумњурии исломии Эрон дар Душанбе бо њафтаномаи «Миллат»


  чоп        фиристодан ба дўст

Мусоњибаи сафири Љумњурии исломии Эрон дар Душанбе бо њафтаномаи «Миллат»

Ба номи Худованди бахшояндаву мењрабон

Мусоњибаи  сафири  Љумњурии исломии Эрон  дар Душанбе  бо њафтаномаи  «Миллат»

Суол: Эроннахустинкишваребуд,киистиќлолиятиТољикистонробарасмиятшинохтвасафоратихудродаронљоифтитоњкард. Дартўлиинсолњомиёнидукишваркудомкорњоимуњимманљомшудавакудомкоредарроњаст? а) сиёсї, б)иќтисодї, т) иљтимоъї, љ) расонаї?

- БаномиХудовандибахшояндавумењрабонПосух: Ибтидомойилам25 солагииИстиќлоликишваридўстубародариЉумњурииТољикистонробаШумовахонандагониазизињафтаномаимуътабаратонтабрикарзкунам. АзинкидарчуниндарчунинайёмедарканорибародаронухоњарониазизамдарТољикистонњастам, эњсосиѓуруруифтихормекунамбахотирипайвандњоиамиќидукишвар. БоистифодаазинфурсатњамчунинпирўзиифарзандибарўмандиТољикистонДилшодНазаровдармусобиќотипартобигурз(чакуш) БозињоиолимпииРио– 2016  вакасбиталоиинварзишробаЉанобиОлї, шахсиэшонвадавлатумиллатиазизиТољикистонтабрикмегўямвабаинмуваффаќиятифтихормекунем. МардумиЭроннизинмедолвапирўзиробахшеазмуваффаќиятњоихонаводаибузургифорсизабонон  медонадвазимнихурсандииќалбїазонбабародарамДилшодНазароввањамаи  ќањрамонониѓайратманд,кидилњоидумиллатибародар, њамзабонуњамкешиЭронуТољикистонрошодкарданд, ифтихормекунанд. СарафрозивупирўзиифарзандониТољикистониазиз, орзўињамешагиимост. Њамонтавре, ки  гуфтедЭроназаввалин  кишварњоебуд, ки  истиќлоли  Тољикистонробарасмиятшинохт, сафоратихудродаринкишваргушудваравобититанготанге  бодавлатумардумиинкишвар  барќароркард. Њамзамонивуягонагии  фарњангивудиниидумиллатвамуштарак буданирешањоињувиятїватамаддуниидукишвар– муњимтаринавомилибарќарорииинпайвандутавсеаи  онбудааст. Дар ин росто, тейфи (спектри) васеъе  аз њамкорињои ду кишвар эљод шуда. Беш  аз 170 санади њамкорї байни ду кишвар имзо шудааст, ки самараи садњо дидору сафари мутаќобили маќомоти эрониву тољик будааст. Руасои љумњури ду кишвар ќариб 20  бор аз Эрону Тољикистон дидор доштаанд ва  дањ иљлоси  Кумисюни муштараки њамкорињои иќтисодї  байни ду кишвар баргузор шудааст. Эрону Тољикистон њамвора дар маљомеъи байналмилалї ва мантаќаї аз якдигар  њимоят кардаанд. Эрон пешгомтарин кишвар дар шурўъи њамкорињо бо Тољикистони мустаќил буда ва аввалин сармоягузорињоро дар Тољикистон анљом дод. Њамчунин, кишваре буд, ки бархилофи дигарон сафираш дар рўзњои сахти љанги шањрвандї Душанберо тарк накард ва дар канори бародарону хоњарони тољики худ истоду кўшид ба тањаќќуќи сулњу оштии миллї дар ин кишвари њамрешаву хешованд кумак кунад.  ЉИЭ бо таъсиси  бо таъсиси дармонгоњи Њилоли Ањмар дар Душанбе, ки яке аз марокизи дармонии пурмурољиаву рўзомади Тољикистон аст ва низ  дафотери Кумитаи Имдоди имом Хумейнї, ки то кунун њазорон хонаводаи бебизоатро кумак кардаву  садњо  арўсу домоди камбизоатро ба хонаи бахт фиристод ва њирфањои касбии мухталифе ба садњо шањрванди тољик омўхтааст, саъй намуд сањми худро дар кумак ба хоњарону бародарони тољик ба хубї адо намояд. Дар буъди иќтисодї  Эрон хамвора яке аз шуракои бузурги тиљорї ва иќтисодии Тољикистон буда ва аз аввалин кишварњоест,ки дар эњдоси пружањои бузург барои тавсеа ва ободонии Тољикистони азиз мушорикат намуд. Эњдоси

 тунели истротежики «Истиќлол», ки кумакњои муассире ба барќарории иртиботи њамешагии манотиќи шимолї ва љануби Тољикистон кардааст ва  бунёди  Нерўгоњи 220 Мгв воќеан метавон онро яке  аз масирњои дастрасии Тољикистон  ба истиќлоли воќеъї номид, кумак  ба  сохту бањрабардорї аз нерўгоњи бузурги  Сангтўда – 2,  эљоди  бемористони  хусусии  Сино,  эљоди шуъбањои  бонки « Тиљорат» ва « Кафолат» дар Душанбе, эњдоси пулњову љодањо, таъсиси корхонаљоти мошинолот, назири корхонаи муштараки тракторсозии «ЭрТољ», корхонаљоти тавлиди  маводи ширї ва ѓазої аз он љумлаанд. Як ширкати эронї акнун дар њоли эњдоси тасфияхонаи шањри Душавбе аст, ки дар навъи худ беназир аст. Эрон дар заминаи кишти механизатсия ва парвариши моњї дар Тољикистон мушорикати созандае дорад. Ва аз камтарин кишварњоест,ки дафтари иќтисодї дар Хуљанд дошта ва равобити иќтисодии танготанге бо вилояти Суѓд ва вилояти Хатлон дорад.  Њудуди 200 ширкати эронї дар Тољикистон фаъол аст ва дар њама заминањо аз эњдоси саддњо ва нерўгоњњо гирифта то сохтмон ва мошинолот ва мањсулоти ѓизої њамкорї дорад. Насби системањои рўшної, тањвия ва атфои њариќ дар тунели «Истиќлол», пайгирии пружаи роњбурдии роњи оњани 5 љониба бо мушорикати кишварњои мантаќа ва мушорикат дар пружањои саддсозї ва баргузории  11 Кумисюни муштараки њамкорињои иќтисодии ду кишвар дар ояндаи наздик – аз барномањои дар дасти пайгирї дар буъди иќтисодї  аст. Дар буъди фарњангї равобити Эрону Тољикистон ќобили муќоиса бо њељ кишваре нест, зеро Эрону Тољикистон дар канори Афѓонистон 3 кишвари форсизабонанд, ки илова  бар доштани забони ифтихоромезу тамаддунпарвари муштарак, савобиќи таърихї ва тамаддунии ягона ва кўњане доранд. Эрон дар кумак ба тарвиљи фарњанги ниёкон ва омўзиши хатти ниёкон дар  Тољикистон кумаки муассире кардааст. Пажўњишгоњи  фарњанги форсї –тољикии сафорат ва Ройзании фарњангї дар њамкории танготанг бо вазоратхонањо ва созмонњои фарњангии Тољикистон то кунун садњо асари фарњангии муштаракро тавлид ва ё баргардон намуда ва ба фарњангдўстони ду кишвар  ва љањон арза кардаанд.  Эрон наќши муассире дар чопи китобњои дарсии Тољикистон дошта ва  ду кишвар дар заминаи табодули устод ва донишљў равобити вижае доранд. Њазорон донишљуи тољики эронї дар донишгоњњои ду кишвар машѓули тањсиланд. Ва Эрон солона 200 бурсияи тањсилї барои Тољикистон ва ин кишвар 50  бурсия барои Эрон људо мекунанд. Эрон ба эњёи варзишњои бостонї дар Тољикистон кумаки муассире карда ва ба эњдоси солуни бузурги куштии зўрхонаї ва омўзиши чавгон, ќадамњои муњимме дар ростои сиёсатњои арзишманди давлати Тољикистон мабнї бар эњёи меросњои ниёкон бардоштааст. Рањбарони ду кишвар бо арљ гузоштан  ба суннатњои ниёкон, наќши муштараку муњимме дар сабти љањонии Наврўз  ва гиромидошти њамасолаи он ифо кардаанд. Узвияти пайвастаи бархе аз устодони барљастаи тољик дар Фарњангистони  забону адаби форсї ва таќдир аз машойихи тољик дар Эрон ва бузургдошти мафохири муштарак, назири Мирсайид Алї Њамадонї, Љомї, Камоли Хуљандї ва ѓайра аз љумлаи њамкорињои арзишманди фарњангии ду кишвар аст. Талоши муштарак барои баргузории њафтаи фарњангии Тољикистон дар Эрон ва бузургдошти 25 солагии равобити ду кишвар ва сабти љањонии чавгон аз барномањои муштарак ва дар дасти пайгирии ду кишвар аст.

Суол: Тољикистон дар тарњи истротежики Эрон че љойгоње дорад?

 Посух: Тољикистон ба унвони кишвари форсизабон ва њамфарњанг аз авлавиятњои аввал  дар сиёсати хориљии ЉИЭ  аст. Решањои  фарњангї, њувиятї ва таърихии ду миллат равобитро иљтинобнопазир (ногузир)  мекунад ва муътаќидам дар  ин 25 сол њам ду давлат бо њамин дидгоњ бо якдигар таъомул кардаанд.  Рањбари муаззами  мо таъбири зебое дар бораи Тољикистон доранд,ки  амиќии пайвандњои моро нишон медињад. Эшон равобити моро аз љинси «равобити хешовандон»  донистааст. Бояд равобити ду кишварро аз ин манзар  таљзияву тањлил кард.  Табиъист, ки  хешовандон, њатто агар  дар равобити худ  дучори фарозу нишеб њам шаванд, ба сўи њам бозхоњанд гашт ва наметавон ин робитаро  канор бигузоранд. Хушбахтона равобити мо хамвора раванди рў ба рушд  доштааст. Имзои беш аз 170 санади хамкорї ва ќариб 20 дидори руасои љумњури ду кишвар аз якдигар ба хубї гўёи ин амр аст. Тољикистон барои Эрон як пойгоњи сиёсиву фарњангї ва як пойгоњи иќтисодї дар мантаќа аст. Ва Эрон низ барои Тољикистон як шарики роњбурдї дар шикастани бунбасти мувосилотї ва басту тавсеаи арзишњои муштараки фарњангї ва эљоди мувозинаи сиёсист.

Суол:  Оё  фикр намекунед, ки ин корњои анљомшуда  бо кишварњое мисли Тољикистон, ки муштаракоти зиёде бо Эрон дорад,кори чандон зиёде нест? Барои њамкории бештар че мавонеъе вуљуд дорад?

Посук:  Агар  че  муътакидам корњои анљомшуда кам  набудаанд, аммо зарфиятњои ду кишвар барои тавсеаи њамкорињо бисёр бештар аст.  Зимнан,  ба назар мерасад 25 сол аз лињози таърихї замони тўлонї нест ва мо њанўз дар ибтидои роњ  њастем ва дар њамин муддат њам корњои бузурги зиёде  анљом шудааст.  Мо њамвора талош кардаем, ки  сармоягузорињои мо дар заминањои асосиву зербаної бошад ва дар буъди сиёиву фарњангї низ кўшидаем ба вањдату инсиљоми миллии Тољикистон кумак намоем. Њамчунин набояд фаромўш кард, ки мо дар шароите,ки тањти золимонатарин ва шадидтарин тањримњо ќарор доштаем, њамкорї бо давлату миллати Тољикистонро њељ гоњ мутаваќќиф накардем ва дар њамин шароит низ љузви панљ шарики аввали Тољикистон будаем. Ба унвони намуна ва бидуни дарназар  гирифтани њазинањои анљом шуда,  агар пружаи тунели »Истиќлол» ва фавойиди иќтисодии  онро барои Тољикистон баррасї намоед,  мутаваљљењ  хоњед шуд, ки чи ќадар  ин тунел дар тавсеаи иќтисодї ва истењкоми истиќлолият метавонад таъсир дошта  бошад. Ё агар њамкорињои омўзиширо баррасї кунед, хоњед дарёфт мо бо њамоњангии давлати Тољикистон  ба зерсохтњои илмї, ки  пояи тавсеаву истиќлоли њар  кишварест, пардохтаем.  Мо њамаи дастоварди Фарњангистони Эрон,ки  њосили  њазорњо нафар соати кори мутаххасисони улуми мухталиф аст,  якљоя  дар ихтиёри бародарону хоњарони тољик ќарор додаем. Дар оянда њам њељ  мушкиле дар масири тавсеаи равобит намебинем ва ЉИЭ дар фазои самимияту дўстї њамчунон омодаи њамкорї дар тамомии арсањои мавриди алоќаи тарафайн мебошад. Албатта,  як нуктаро бояд баён кунам ва он ин ки ќатъан равобити ду кишвар бадхоњоне њам дорад, ки намехоњанд таъомул дар муњити дўстона идома ёбад. Бояд муроќиби ин шайтанатњо бошем, муњити байналмилал муњити раќобату баъзан шайтанат аст. Набояд иљоза дод ин раќобатњову шайтанатњо ду кишварро аз њам дур кунад. Мушкилоти ношї аз тањримњо дар Эрон ва талошњои тафруќаафканона дар мантаќа, аз љумлаи мавонеъе мебошад, ки монеъи тањаќќуќи њамкорињои мо дар сатњи мумкин ва мавриди назари рањбарони ду кишвар шудааст.

Суол: Ба назар мерасад Тољикистон дар барномањои давлати Њасани Рўњонї аз љойгоњи чандон боањамияте бархўрдор нест, дар  њоле,ки дар даврони давлати Мањмуди Ањмадинажод Тољикистон љойгоњи вижае дар сиёсати Эрон дошт. Тањримњо алайњи Тољикистон ва њимояти Ањмадинажод аз Тољикистонро ба ёд дорем. Давлати оќои Рўњонї дар муддати фаъолияти худ че корњои муњимме анљом дода ва че бартарињое аз давлати ќаблї дорад? Оё сафари доктор Рўњонї ба Тољикистон матрањ аст?

 Посух: Аз ин суол  тааљљуб мекунам, аслан чунин бардоште надорам. Дар шароите, ки  давлати доктор  Рўњонї сиёсати коњиши таниш ва афзоиши њамкорї бо љомеаи байналмилалиро дар пеш гирифта, чигуна метавонад  ба  давлате, ки дар тамоми шароити сахти гузашта бо њамдигар таъомули бародарона  доштаем,  бетаваљљуњ бошад?   Сафари таърихии доктор Рўњонї ба Тољикистон маќорини  иљлоси сарони Созмони њамкории Шонгњой ва ифтитоњи марњалаи дуввуми Нерўгоњи Сангтўда – 2  бо ширкати пешгомонаи  љаноби оќои Рањмон дар маросими тањлифи Раёсати љумњурии љаноби оќои доктор Рўњонї  нишон дод, ки ду давлат аз бадви шурўъи кори давлати тадбиру умед  таваљљуњи вижае ба њам доштаанд. Бардошти камтаваљљухии давлати љаноби окои Рўњонї ба Тољикистон ношї аз даргир будани љиддии давлати Эрон бо бањси  музокироти   «Барљом» буд, ки мушкилоти бузурги эљодшуда дар солњои ќаблро рафъ мекард ва иттифоќан натоиљи он музокирот заминасози тасњил ва густариши равобити Эрон бо Тољикистон ва кишварњои минтаќа дар гоми  баъд хоњад буд. Дар садр будани  ахбори ( Барномаи  љомеъи иќдоми муштарак, яъне тавофуќи њастаии Эрон бо кишварњои 1 +5) ва тавсеаи њамкорињои Эрон  бо бархе аз  кишварњои аврупої ва давлатњои дуру наздики дигар ва дўстї бо шарикони љадид ба маънии фаромўш кардани дўстони ќадим нест ва агар касе чунин бардоште дошта бошад,  ќатъан, дар  тањлилњо дучори иштибоњи муњосиботї шудааст. Инљониб  муътаќидам иттифоќан ин сиёсат ва тавсеаи равобит бо њамаи  кишварњо, заминахои њамкории  Эрону Тољикистонро бештару равонтар  хоњад кард.  Дар  се соли гузашта сафари руасои љумњур  ба ду кишвар анљом шуда, ройзанињои сиёсї дар  болотарин  сутўњ (маќомот)  пазируфта.  Ширкатњои эронї, њамчунон  дар пружањои муњимме, монанди  садди  Роѓун ва тасфияхонаи  шањри Душанбе  фаъъол  њастанд. Ба дунболи њамоњангї барои баргузории 11 –умин Кумисюни муштараки  њамкорињои иќтисодии ду кишвар њастем, ки дар  он ќарор аст хаддиаќќал  њафт  санади  њамкорї мавриди баррасї ќарор гирад, то дар њузури руасои љумњур имзо шаванд.  Љаноби оќои дуктур Рўњонї аз љониби оќои  Рањмон -  Раиси љумњури муњтарами Тољикистон барои сафар ба  Тењрон даъват карданд ва анљоми ин сафар дар дасти пайгирї аст.Љаноби оќои Рањмон аз пешгомтарин руасое њастанд,ки бо зеботарин таъбирњо  дастовардњои музокироти њастаиро ба њамтои эронии худ табрик гуфтанд ва дар њодисаи Мино,ки дар солгарди он ќарор дорем, паёме муњаббатомези њамдардї барои эшон фиристоданд.

Суол: Пас аз тавофуќи њастаї тањримњо алайњи Эрон лаѓв шуд? Лаѓви тањримњо че таъсире мусбате дар равобити Эрон бо хориљи доштааст? 

Посух:  Агар бихоњам дар мавриди  абъоду таъсири  «Барљом» суњбат  кунам, замони зиёде металабад, вале  ба таври хулоса бояд бигўям, ки яке аз иќдомоти муњиму таъсиргузори давлати  оќои  Рўњонї -  дастёбї  ба «Барљом»  буд, ки албатта њамонгунае, ки тайи музокироти тўлонї ва сахт њосил шуд, иќдомоти пас аз он њам тўлонї ва печида хоњад  буд. Њамакнун ва алораѓми коршикании  бархе аз кишварњо монанди  Исроил, Арабистон ва њатто баъзе аз аъзои гурўњи 1+5 дар масири иљрои  ин барнома, сояи  сангини тањримњо аз сари миллати Эрон  бардошта шуд. Њамакнун фурўши нафти Эрон ва дастёбї ба бозори аз даст рафта дар авлавияти  давлат аст. Таъомулоти бонкї дар њоли тавсеа аст, гуфтугўњо барои хариди њавопаймо дар њоли анљом аст ва муњимтар аз њама  Эрон дар бозори мубодилоти њастаї  њам  дар њоли сањмгирист. Бо рафъи тањримњои бонкї, бимаї ва ќатъан бистари муносибе барои тавсеаи њамкории Эрон бо дигарон аз љумла Тољикистон эљод шудааст,ки самароти онро батадриљ хоњем дид.

Суол: Муфоди тавофуќи њастаї ё « Барљом» че гуна  амалї мешавад? Оё Эрон аз суръати он розї аст?

Посух:  Муфоди «Барљом» бо вафо ба ањди тарафайн, ирода ва иттихози тадобири лозим  амалї хоњад  шуд. Гурўњи 1+5 роње ѓайр аз иљрои даќиќи  он  надорад. Албатта, интизор ин аст, ки суръату садоќати бештаре барои иљрои он ба харљ дода шавад.

Суол: Њоло дар равобити Эрон бо ѓарб че мушкили умдае боќї мондааст?

 

 Посух:  Мавзўъи «Барљом» сирфан  мутамаркиз ба фаъъолиятњои њастаии Эрон буд, мо дар бисёре аз мавзўъот ва дидгоњхо бо ѓарб  ихтилофи назар дорем. Муњимтарини он ин аст, ки  мехоњем монанди Тољикистон истиќлолу њокимияти  миллї ва арзишњои диниву фарњангии  худро њифз кунем ва бар асоси эњтироми мутаќобил  бо дунё  иртибот дошта бошем. Агар ин раванд бо фишору зўргўии кишварњое чун Амрико њамроњ бошад, ихтилоф њамчунон вуљуд хоњад дошт. Ин ки онњо масойили фарњангиву эътиќодии моро намеписанданд ва тањти унвони њуќуќи башар  ба мо фишор меоваранд, заминасози истимрори ихтилоф хоњанд буд.

Суол: Ояндаи равобити Тољикистону Эронро че гуна тасаввур мекунед?

 Посух: Банда ояндаи равобитро рўшан мебинам.Њамонгуна,ки ќаблан тавзењ додам, равобити хешовандї  алораѓми њама фарозу фурудњояш хамеша пойдор аст ва ба таъбири зебои шумо тољикон ин равобит њукми гушту нохунро дорад. Ќобили инфикок нест ду давлат дар ин мавзўъ тардиде надоранд. Муњимм ин аст, ки  њамдигарро дарк кунем. Барои мушкилот њамеша роње њаст ва барои тавсеаи равобит идеяњои љадид бидењем, ки ба назари ман ин ирода дар маќомоти ду кишвар ќатъан вуљуд дорад.

Ташаккур барои суњбат

Аз Шумо низ сипосгузорам.

 

 


19:23 - 08/09/2016    /    шумора : 412582    /    теъдоди намоиш : 328



хуруљ




Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон