Gallery
Useful links
  • پورتال امام خمینی
  • دفتر مقام معظم رهبری
  • ریاست جمهوری
  • معاونت امور مجلس
  • نقشه جامع علمی کشور
  • Ministry of Science, Research and Technology
  • صندوق احیا و بهره برداری از بناهای تاریخی و فرهنگی کشور
Feedback
бахши консулии

 

    Содир кардани раводид барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба иттилоъ мерасонад, ки бахши консулии ин сафорат барои ҳамаи хадамоти консулӣ, аз ҷумла додани раводид, шиноснома, ваколатнома, умури донишҷӯӣ ва дигар корҳои консулӣ ҳеҷ намояндае надорад ва бо ҳеҷ кадом аз дафтарҳои туристӣ ва дафтарҳои умури хадамоти идорӣ дар Тоҷикистон қарордоди ҳамкорӣ надорад. Ҳамаи корҳои мазкур танҳо бо ҳузури дархосткунанда ва дар бахши консулии ин сафорат имконпазир мебошад. 

          Тамоми иттилооти лозим барои дархости раводид дар вэбсайти сафорат мавҷуд мебошад.

          Сафорат лозим медонад, изофа намояд, ки саволномаҳо ва иттилооти дархостӣ дар сафорат ба сурати ройгон дода мешавад ва ба ҷуз маблағи раводид хароҷоти дигаре надорад.

          Ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои саёҳат ба кишвари Эрон сафар мекунанд, ниёз ба дарёфти раводид доранд.

          Аз таърихи 10.02.2018 илова бар сафорат дар фурудгоҳи Эмом Хумайнӣ (рҳ) судури раводид ба шакли комилан электронӣ сурат мегирад, бинобар ин дархосткунанда метавонад бо муроҷиат кардан ба сомонаи раводиди электронии eviza.mfa.ir нисбат ба пур кардани саволнома ва интихоби фурудгоҳи байналмилалии Эмом Хумайнӣ (рҳ) ба унвони маҳали гирфтани раводид иқдом ва баъд аз дарёфти мувофиқати электронӣ шахсан ба фурудгоҳи Эмом Хумайнӣ (рҳ) барои комил кардани раванди дарёфти раводиди электронӣ муроҷиат намояд.

          Барои раводиди туристии ду бор вуруд бояд дархосткунанда иҷозати вуруд ба кишвари сеюмро дошта бошад.

          Ҳуҷҷатҳои лозимӣ:

1.    Пур кардани саволномаи дархости раводид (саволнома ройгон аст)

2.    Асли шиносномаи хориҷӣ, ки муҳлати эътибори он беш аз 6 моҳ бошад

3.    Нусхаи суғуртаи ҳаводис ва дармонии муътабар дар муддати истиқомат дар Эрон

4.    Ду адад сурати нав ва рангаи равшани андозаи  3*4

5.    Маблағи раводид: барои пардохти маблағи раводид ба Бонки Тиҷорати Эрон дар Душанбе (шумораи ҳисоби 20214978400101100041) муроҷиат намоянд.

Бахши раводиди сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон рӯзҳои душанбе, сешанбе, чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа аз соати 08.30 то 12.30 омодаи қабули ҳуҷҷатҳои дарёфти судури раводид мебошад.

Телефони тамос: 48 8888610 ва 48 8888611 (дохилӣ:300,301,302)

Факс: 236 59 23

Почтаи электронӣ: iranemb.dyu@mfa.gov.ir

Суроға: Душанбе, хиёбони Сомонӣ, хиёбони Маяковский

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки барои ҳар рӯзи истиқомати ғайриқонунӣ дар Эрон маблағи 30000 тумон (ҳудуди 7 доллар) ҷарима ситонда мешавад.

Тавзеҳоти умумӣ:

Дархостномаи шахсони синашон камтар аз 18 соларо бояд волидонашон имзо кунанд.

Фарзандоне, ки падарашон эронӣ аст ва шаҳрвандии Эронро доранд, фақат бо шиносномаи хориҷии эронӣ метавонанд ба Эрон сафар кунанд.

Шиноснома бояд ҳаддиақал 6 моҳ муҳлати эътибор ва ду саҳифаихолӣ дошта бошад.

Ҳамаи дархостномаҳо бояд ба таври комил пур шуда ва имзо шаванд. Дар ғайри ин сурат ҳуҷҷатҳо бидуни иқдом пас дода хоҳанд шуд

Тамоми нусхаҳои лозимии ҳуҷҷатҳо бояд комилан равшану хоно бошанд.

Нусхаи саҳифаҳои шиноснома бояд шомили саҳифаҳои дорои мушаххасот  ва тамоми саҳифаҳои навишташуда бошад.

Суратҳо бояд ранга ва ҳадди аксар дар тули 6 моҳи ахир гирифта шуда бошанд ва суратҳои қадимӣ ва сиёҳу сафед қабул карда намешаванд.

Эрониҳое, ки дорои шиноснома ва гузарномаи эронӣ мебошанд ва ҳамзамон дорои гузарномаи хориҷӣ мебошанд, наметавонанд бо ҳуҷҷатҳои мазкур ба Эрон сафар намоянд, ин гуна афрод бояд гузарномаи нав дарёфт карда ва бо гузарномаи эронӣ ба кишвар сафар намоянд.

Дар сурате, ки ба ҳар далеле посухи раводид манфӣ бошад, маблағи раводид баргардонда намешавад.

---------------------------------------------------------------------------------------------------

ЭЪЛОН

Чанд нуктаи муҳим

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба иттилоъ мерасонад, ки бахши консулии ин сафорат барои ҳамаи хадамоти консулӣ, аз ҷумла додани раводид, шиноснома, ваколатнома, умури донишҷӯӣ ва дигар корҳои консулӣ ҳеҷ намояндае надорад ва бо ҳеҷ кадом аз дафтарҳои туристӣ ва дафтарҳои умури хадамоти идорӣ дар Тоҷикистон қарордоди ҳамкорӣ надорад. Ҳамаи корҳои мазкур танҳо бо ҳузури дархосткунанда ва дар бахши консулии ин сафорат имконпазир мебошад. 

            *Тамоми иттилооти лозим барои дархости раводид дар вэбсайти сафорат мавҷуд мебошад.

            *Сафорат лозим медонад, изофа намояд, ки саволномаҳо ва иттилооти дархостӣ дар сафорат ба сурати ройгон дода мешавад ва ба ҷуз маблағи расмии хадамоти консулӣ  хароҷоти дигаре надорад.

            *Қобили таваҷҷуҳ аст, ки маблағи судури раводид ба навъи раводид вобаста аст, масалан, раводиди ҷаҳонгардӣ 20 евро мебошад. Зимнан, маълумоти бештарро аз сайти сафорат бо адреси Dushanbe.mfa.ir дарёфт намоед. Ва барои машварати телефонии консулӣ бо шумораи телефонҳои 48 8888610 ва 48 8888611 тамос бигиред.

            *Аз таърихи 10.02.2018 илова бар сафорат дар фурудгоҳи Эмом Хумайнӣ (рҳ) судури раводид ба шакли комилан электронӣ сурат мегирад, бинобар ин дархосткунанда метавонад бо муроҷиат кардан ба сомонаи раводиди электронии eviza.mfa.ir нисбат ба пур кардани саволнома ва интихоби фурудгоҳи байналмилалии Эмом Хумайнӣ (рҳ) ба унвони маҳали гирифтани раводид иқдом ва баъд аз дарёфти мувофиқати электронӣ шахсан ба фурудгоҳи Эмом Хумайнӣ (рҳ) барои комил кардани раванди дарёфти раводиди электронӣ муроҷиат намояд.

*Ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки барои дарёфти раводид аз сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе ҳуҷҷатҳои зерин лозим аст:

1.Саволномаи раводид (ройгон мебошад)

2.Ду адад сурати рангаи тамоми чеҳра 3*4

3.Нусхаи шиносномаи хориҷӣ (саҳифаи мушаххасот)

4. Маблағи раводид: барои пардохти маблағи раводид ба Бонки Тиҷорати Эрон дар Душанбе (шумораи ҳисоби 20214978400101100041) муроҷиат намоянд.

5.Суғуртаи мусофиратӣ

 

Бахши консулии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе

 

 

Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон