Gallery
Useful links
  • پورتال امام خمینی
  • دفتر مقام معظم رهبری
  • ریاست جمهوری
  • معاونت امور مجلس
  • نقشه جامع علمی کشور
  • Ministry of Science, Research and Technology
  • صندوق احیا و بهره برداری از بناهای تاریخی و فرهنگی کشور
Feedback
News > Барқарории дубораи парвози мустақим байни Эрону Тоҷикистон


  чоп        фиристодан ба дўст

Барқарории дубораи парвози мустақим байни Эрону Тоҷикистон

 

Ҳамзамон бо айёми иди саиди Фитр парвози мустақим байни Эрону Тоҷикистон имрӯз 06.06.2019 бо парвози ширкати ҳавопаймоии эронии “Вориш” аз шаҳри Машҳади муқаддас ба шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон аз сар гирифта шуд.

Пас аз таваққуфи чандин моҳа парвози мустақими ширкатҳои ҳавопаймоии эронӣ ва тоҷикӣ миёни ду кишвар ва ба манзури рифоҳи ҳоли шаҳрвандони ду кишвар бо пайгириҳои пайвастаи сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва иҷозатномаи Созмони ҳавопаймоии кишварии Эрону Тоҷикистон парвози мустақим байни ду кишвар аз сар гирифта шуд ва тибқи барнома замони ин парвоз рӯзҳои панҷшанбеи ҳар ҳафта соати 09:15 субҳ аз фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Машҳад ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва баргашти он дар соати 13:00 ҳамон рӯз хоҳад буд.

Шоёни зикр аст, ки қаблан ду ширкати ҳавопаймоии “Осомон” ва “Тоҷикайр” дар масирҳои Душанбе-Машҳад ва Душанбе-Теҳрон парвоз доштанд, ки аз соли гузашта ин парвозҳо қатъ шуда буданд ва мусофироне, ки нияти сафар ба Эрону Тоҷикистон доштанд, мебоист аз масирҳои ғайри мустақим ва аз тариқи дигар кишварҳо мусофират намоянд, ки илова бар хароҷоти изофии сафар сабаби тулонӣ шудани замони сафар низ мешуд.

Бо тавсеаи равобити дуҷониба, афзоиши мусофирон, мувофиқати созмонҳои марбутаи ду кишвар ва бо баҳрагирии бештар аз зарфияти ширкатҳои ҳавопаймоии эронӣ ва тоҷикӣ иншо Аллоҳ теъдоди парвозҳои мустақими байни ду кишвар дар оянда низ афзоиш хоҳад ёфт. 


17:57 - 6/06/2019    /    шумора : 574659    /    теъдоди намоиш : 50



хуруљ




Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон