Gallery
Useful links
  • پورتال امام خمینی
  • دفتر مقام معظم رهبری
  • ریاست جمهوری
  • معاونت امور مجلس
  • نقشه جامع علمی کشور
  • Ministry of Science, Research and Technology
  • صندوق احیا و بهره برداری از بناهای تاریخی و فرهنگی کشور
Feedback
News > Доктор Рўҳонӣ: Эрон метавонад амнтарин масири транзитӣ барои колоҳои Тоҷикистон бошад


  чоп        фиристодан ба дўст

Доктор Рўҳонӣ: Эрон метавонад амнтарин масири транзитӣ барои колоҳои Тоҷикистон бошад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон тавсеаи бандари Чобаҳорро дар транзити коло дар минтақа бисёр муҳим донист ва гуфт: Эрон метавонад амнтарин ва беҳтарин масири транзитӣ барои колоҳои Тоҷикистон бошад.

Ҷаноби доктор Ҳасан Рўҳони рўзи  шанбе дар дидори Сироҷиддин Мӯҳриддин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо баёни ин ки ду кишвар аз лиҳози фарҳангӣ, таърихӣ, адабӣ, эътиқодӣ ва забони муштарак, пайвастагии зиёде бо ҳам доранд, афзуданд: “Бояд талош кунем то муносиботи Теҳрону Душанбе дар бахшҳои мухталиф дар ростои манофеи ду миллат ва таъмиқи дўстиҳо беш аз пеш густариш ёбад.

Вай бо ёдоварии ин ки “Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора хостори субот, амнияти комил, бартар ва пешрафти Тоҷикистон ва тақвияти равобит ва ҳамкориҳои ду тараф аст», изҳор дошт: Омодагӣ дорем то бо ироаи хадамоти фаннӣ - муҳандисӣ ва интиқоли таҷрибиёт дар иҷрои тарҳҳои Тоҷикистон мушорикати бештар дошта бошем ва ин мўҷиби ифтихори ширкатҳо ва бахши хусусии эронӣ аст, ки беҳтарин фаъолиятҳо ва хадамотро дар кишварҳои дўст ироа диҳанд.

Раисҷумҳур бо баёни ин ки имрўз минтақа дар шароите хосе қарор дорад ва бо терроризм ва мудохилоти хориҷӣ мувоҷеҳ аст, тасреҳ карданд: Имрўз, ки террористҳо аз Ироқ ва Сурия хориҷ шудаанд, ҷои нигаронӣ вуҷуд дорад, ки бихоҳанд дар минтақаи Осиёи Миёна ва Қафқоз фаъол шаванд, аз ин рӯ Эрону Тоҷикистон метавонанд ҳамкориҳои худро дар масири мубориза бо терроризм низ беш аз пеш густариш диҳанд.

 

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ дар ин дидор бо таъкид бар ин ки ёрон ва Тоҷикистон ҳамвора ду кишвари дўст ва бародар буда ва дар  оянда низ дар масири тавсеа ва таъмиқи дўстиҳо ва бародариҳо ҳаракат хоҳанд кард, гуфт: Тавсеаи равобит ва ҳамкориҳои Теҳрон - Душанбе бисёр муҳим аст.

Мӯҳриддин бо таъкид бар зарурати густариши муносибот ва ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии ду кишвар хостори баҳрамандии Тоҷикистон аз имтиёзҳои бандари Чобаҳор ва тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши транзит ва истифода аз таҷрибиёти ширкатҳо ва мутахассисони эронӣ дар заминаи ироаи хадамоти фаннӣ – муҳандисӣ, бавежа дар арсаҳои нерӯ, энергетика ва умури зерсохтӣ дар ин кишвар шуд.

Вай бо баёни ин ки сиёсати мубориза бо терроризм ва ифротгароии Эрон дар минтақа таъсироти мусбати фаровоне ба думбол доштааст, афзуд: Мўътақидем вуҷуди гурўҳҳои террористӣ барои миллатҳои минтақа бисёр хатарнок аст ва аз ин рў ҳама бояд дар масири мубориза бо терроризм бо якдигар талош ва ҳамкорӣ кунем.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон тавсеаи рўзафзуни равобит бо Эронро иродаи давлати Тоҷикистон хонд ва бо ишора ба даъвати расмии раисҷумҳури ин кишвар аз доктор Рўҳонӣ, ибрози умедвори кард, ки раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иҷлоси сарони СИКО, ки ба зудӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ҳузур дошта бошанд.

Сироҷиддин Мӯҳриддин вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рўзи ҷумъа сафари худ ба Теҳронро оғоз кард, пеш аз дидор бо раисҷумҳур бо доктор Муҳаммадҷаводи Зариф  вазир корҳои хориҷӣ дидор ва дар бораи густариш ва таъмиқи равобит ва ҳамкориҳои сиёсӣ, порлумонӣ, гурўҳҳои дўстӣ, иқтисодӣ, бавежа об ва энергетика, ҳамлу нақл, баргузории машваратҳои сиёсӣ ва консулӣ, ҳамкориҳои фарҳангии дуҷониба ва байналмилалӣ, аз ҷумла дар созмони ЮНЕСКО ва низ муқобила бо ифротгароӣ ва терроризм гуфтугў кард.

Мӯҳриддин рўзи ҷумъа низ бо доктор Ризо Ардакониён вазири нерӯ ва раиси Комиссияи муштараки Эрону Тоҷикистон дар хусуси равобити дуҷонибаи Душанбе - Теҳрон дидор ва гуфтугў кард.


12:50 - 06/06/2019    /    шумора : 574601    /    теъдоди намоиш : 63



хуруљ




Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон