Gallery
Useful links
  • پورتال امام خمینی
  • دفتر مقام معظم رهبری
  • ریاست جمهوری
  • معاونت امور مجلس
  • نقشه جامع علمی کشور
  • Ministry of Science, Research and Technology
  • صندوق احیا و بهره برداری از بناهای تاریخی و فرهنگی کشور
Feedback
News > Баргузори маросими рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Тоҷикитсон


  чоп        фиристодан ба дўст

Баргузори маросими рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Тоҷикитсон

 

Маросими рӯзи ҷаҳонии Қудс бо ҳузури ҷамъи зиёде аз мақомот ва шахсиятҳои Тоҷикистон, сафирон, дипломатҳои муқим ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, хабарнигорон ва эрониёни муқими Тоҷикистон дар рӯзи ҷумъа 31 маи соли 2019 дар толори Саъдии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин маросим пас аз тиловати чанд оёте аз Каломуллоҳи Маҷид ва навохтани суруди миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷаноби оқои Муҳаммадтақӣ Собирӣ-сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо хушомадгӯӣ ба ҳозирин дар суханоне гуфт:

“Бузургдошти рӯзи ҷаҳонии Қудс имсол дар ҳоле аст, ки дар як соли ахир фишорҳо алайҳи мардуми мазлуми Фаластин ташдид шудааст”.

Вай изҳор дошт: “ Давлати Америка ба дунболи шиносоии Қудси шариф ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ва интиқоли сафорати худ ба ин шаҳр ва дар идомаи иқдомоти якҷонибаи худ; аз як сӯ ҳокимияти ғайри қонунии ин режимро бар баландиҳои Ҷулони Сурия ба расмият шинохт ва аз сӯи дигар дар нияти комилан поймол кардани ҳуқуқи мардуми Фаластин дар чорчӯби тарҳи ба истилоҳ “Муомилаи қарн” мебошад”.

Оқои Собирӣ афзуд: “Барчида нашудани шаҳракҳои саҳюнистнишин дар соҳили ғарбии дарёи Урдун, набуди ҳокимияти фаластинӣ дар ин минтақа ва нодида гирифтани комили ҳаққи бозгашти оворагони фаластинӣ, аз ҷумлаи мушкилоти тарҳи “Муомилоти қарн” аст. Тарҳе, ки оқибатҳои он фаротар аз масъалаи Фаластин ва таҳдид барои амнияту суботи минтақа хоҳад буд”.

Ба гуфтаи сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, “Ин қабил тарҳҳо ва иқдомоти ноодилонаи Америка бо афзоиши таниш, бесуботӣ ва хушунат дар минтақа ба таҳрики эҳсосоти ҳамаи мардуми ҳақталаби ҷаҳон, ба хусус миллатҳои мусалмон доман зада ва мезанад”.

Оқои Собирӣ хотирнишон сохт: “Бо вуҷуди тамоми иқдомоти тавтеаомези режими саҳюнистӣ, мардуми мазлуми Фаластин барои амалӣ кардани ҳуқуқи худ чорае ҷуз истодагӣ надошта ва нахоҳад дошт. Дар як соли ахир беш аз 200 нафар фаластинӣ дар ҷараёни эътирозоти мусолиматомези худ тавассути низомиёни ишғолгари саҳюнистӣ ба шаҳодат расида ва садҳо нафари дигар ҳам маҷруҳ шудаанд. Умқ ва шиддати саркубгарии ин режим ба ҳадде расидааст, ки Созмони Миллали Муттаҳид дар гузориши таҳқиқоти худ иқдомоти Исроилро нақзи қонунҳои байналмилалӣ, ҷинояти ҷангӣ алайҳи башарият номида аст”.

Сафири кишварамон дар Тоҷикистон зимни баёни рӯйкарди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси қазияи Фаластин гуфт: “Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни таъкид бар меҳварӣ будани масъалаи Фаластин дар ҷаҳон муътақид аст, ки барқарории сулҳи одилона ва оромиши пойдор дар минтақа; ҷуз аз тариқи ҳаллу фасли масоили асосии Фаластин, аз ҷумла поёни ишғоли созмонёфтаи ин кишвар, бозгашти ҳамаи оворагон ва баргузории ҳамапурсӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ бо ширкати ҳамаи сокинони аслӣ ва ташкили давлати мустақили фаластинӣ бо пойтахтии Қудси шариф амалӣ нахоҳад шуд”.

Вай барои ҳамаи мусалмонони ҷаҳон орзуи ваҳдату муваффақият намуд ва пешопеш фаро расидани иди саъиди Фитрро ба ҳамаи мусалмонон ба хусус мардуми бародар, ҳамфарҳангу ҳамзбони Тоҷикистон табрик гуфт.   



Attachment : DSC_5640.JPG ( 566KB )


10:18 - 01/06/2019    /    шумора : 574140    /    теъдоди намоиш : 48



хуруљ




Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон