Gallery
Useful links
  • پورتال امام خمینی
  • دفتر مقام معظم رهبری
  • ریاست جمهوری
  • معاونت امور مجلس
  • نقشه جامع علمی کشور
  • Ministry of Science, Research and Technology
  • صندوق احیا و بهره برداری از بناهای تاریخی و فرهنگی کشور
Feedback
News > Сафири Эрон дар Тоҷикистон: Намоиши «Фирдавсӣ» адои эҳтироми ҳамзабонони тоҷик ба маҳзари ин ҳакими бузург аст


  чоп        фиристодан ба дўст

Сафири Эрон дар Тоҷикистон: Намоиши «Фирдавсӣ» адои эҳтироми ҳамзабонони тоҷик ба маҳзари ин ҳакими бузург аст

Дар пойтахтиТоҷикстон намоиши «Фирдавсӣ»  бо мавзӯи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бо ҳузури «МуҳаммадтақииСобирӣ»  сафир Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва ҷамъизиёде аз тоҷикон ва эрониён муқим баргузор шуд.

Собирӣ пас аз иҷрои намоиш таи суханоне иброз дошт: "Ҳаққо, ки сухан гуфтан аз ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, ки эҳёгар ҳувияти миллӣ ва забони форсӣ аст осон нест, сухан гуфтан дар мавриди шахсияти чун ӯ басе сахт ва сангин аст".

Вай идома дод: "Шоир ва ҳамосасарои бузург, дар шоҳномаи мондагор худ, кохи баланде аз устура ва сурудаҳои ҳамосиро барафрошт, ки дар паи қарнҳо, ҳамчунон ба сони офтоби оламтоб, пурдурахшиш аст ва ингуна ном ӯро баланд овоза сохтааст. Шоҳнома, ин сурудаҳои сутудании Фирдавсӣ ва ин шиносаи тамаддуни бузурги мо, саршор аз озодагӣ, фазилати ахлоқӣ ва покизагӣ аст, ки нишон аз покии биниш ва бузургманишии вай дорад".

Сафири Эрон дар Тоҷикстон изҳор дошт: Фирдавсӣ дар таи солиёни дароз талош кард ва ҳиммат ба харҷ дод,то асари гаронсанги худро чунонки сазовори шаън ва манзалати тамаддуни бузурги порсӣ аст, ба риштаи назм даровард : «Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ ,Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ» 

МуҳаммадтақииСобирӣ гуфт: "Гуногунии мавзӯъҳои Шоҳнома, яке аз вежагиҳои барҷастаи ин девони ҳамосӣ аст, дар ин китоб аз ҳар навъ фикр ва мавзӯъ, аз ҷумла паҳлавонӣ ва ҳамосӣ, ошиқона ва тағаззулӣ,  андарз ва таълимӣ ва ҳамчунин достонӣ ва асотирӣ дар қолаби шеър мавҷуд аст".

Вай афзуд: "Фирдавсӣ таърихи ниёгонамонро ба хубӣ ба тасвир кашид ва боиси истеҳком ва иттиҳоди ақвом ва сокинони тамаддуни пуразамат ва муштарак мо шуд. Тамаддуне, ки эрониён ва тоҷикон бадон фахр ва мубоҳот мекунанд".

Сафири кишвармон дар Тоҷикистон бо ишора ба номгузории рӯзи 25 -уми урдибиҳишт (15 май)  ба номи рӯзи Фирдавсӣ дар тақвими Эрон изҳор дошт: "Дар остонаи ин рӯз, имрӯз дар ин толори таърихӣ, шоҳид намоиш ҳунармандонаи Фирдавсӣ тавассути ҷамъе аз бартарин ҳунармандон ва бозигарони театри кишвари дӯст ва азизмон Тоҷикистон будем. Ин намоиш зебо ва ҳунармандона адои эҳтироме аст ба маҳзари Фирдавсии бузург аз тараф ҳамзабонон ва ҳамфарҳангони тоҷик ва арҷ гузории ин намоиш ба Фирдавсӣ ва асари сутурги ӯ Шоҳнома, риштаҳои ногусастанӣ ва бародарии ду миллати Эрон ва Тоҷикистонро бор дигар исбот намуд ва лозим медонам тақдири самимонаи худро нисбат ба талошҳои созандагон, коргардонон, бозигарон ва авомили фаннӣ баён кунем.

Дар поён умедворам дар Эрон ва Тоҷикстон, шоҳиди халқи осори ҳунарии бештаре дар мавриди сармояҳо ва бузургони адабӣ, таърихӣ ва фарҳанги муштарак худ бошем".

Пешазоғозинамоиш «ОртиқҚодир»  ҳунармандишаҳиритоҷикзимниарзихайрамақдамбамеҳмононваалоқамандониҳакимиТӯсваҳамчунинсафириҶумҳурииИсломииЭрондарТоҷикистонбаунвонимеҳмонивежаииннамоишиброздошт: "Бароинахустинбораст, кидарТоҷикистоннамоишедармавридиФирдавсӣбузург, барасосидостони «Шоҳнома»  варомани «Фирдавсӣ»  навиштаи «СотимУлуғзода»  нависандаиномошноитоҷиктаҳияшудааст."

Қодир ёдовар шуд: "РомониУлуғзода дар соли 1999 китоби солиҶумҳурии Исломии Эрон шинохта шуд ва ҳатто сӯҳбатҳое низ дар хусуси тавлиди филми синамоии муштаракиТоҷикистон ва Эрон бар пояи ин асар сурат гирифта ва хушбахтона имрӯз шоҳид рӯй саҳна рафтан намоиши Фирдавсӣ ба нависандагӣ ва коргардони «Султон Усмонов»  ҳастем".

КодирдарпоёнботаъкидбариштирокотфаровонимардумиТоҷикистонваЭрон, шеърмашҳури« ЛоиқиШералӣ»  шоирфақидтоҷикдархусусипайвандҳоиэрониёнватоҷиконроқироаткард, кимавридистиқболгармҳозиринқароргирифт.

Чу аз насли Фаридунем,
Аз як реша, як хунем.
Чу аз хуни Сиёвушем,
Ҷовидон ҳамоғӯшем.
Дирафши ковиён бо мост,
Фарри ориён бо мост.

Атои фазли яздонӣ,
Ки бо ҷамъу парешонӣ
Тапад бо ҳам,
Танад бо ҳам
Дили тоҷику эронӣ.
Ба тоҷику ба эронӣ
Муҳаббат бод арзонӣ.
Садоқат бод,
Наҷобат бод,
Шаҳомат бод арзонӣ!

Чу аз як Ҷоми Ҷам ҳастем,
Аз як Ҷоми Ҷам мастем.
Агар Рустам сар афрозад,
Зи нав парчам барафрозад
Хуросони бузурги мо,
Хуросони сутурги мо!

Атои фазли яздонӣ,
Ки бо ҷамъу парешонӣ
Тапад бо ҳам,
Танад бо ҳам
Дили тоҷику эронӣ.
Ба тоҷику ба эронӣ
Муҳаббат бод арзонӣ.
Садоқат бод,
Наҷобат бод,
Шаҳомат бод арзонӣ!

Пас аз поёни намоиш, сафири кишвармон бо эҳдои нусхаи фохир аз Шоҳномаи Фирдавсӣ ба оқои Усмонов коргардони намоиш, аз заҳамоти вай ва соир ҳунармандони ин намоиш қадрдонӣ кард.

 

 


17:58 - 10/05/2019    /    шумора : 570196    /    теъдоди намоиш : 51



хуруљ




Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон