Gallery
Useful links
  • پورتال امام خمینی
  • دفتر مقام معظم رهبری
  • ریاست جمهوری
  • معاونت امور مجلس
  • نقشه جامع علمی کشور
  • Ministry of Science, Research and Technology
  • صندوق احیا و بهره برداری از بناهای تاریخی و فرهنگی کشور
Feedback
News > Изҳороти Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба хурӯҷи ғайриқонунии Америка аз тавофуқномаи Барҷом ( Барномаи ҷомеи иқдомоти муштарак)


  чоп        фиристодан ба дўст

Изҳороти Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба хурӯҷи ғайриқонунии Америка аз тавофуқномаи Барҷом ( Барномаи ҷомеи иқдомоти муштарак)

 

ИзҳоротиДавлатиҶумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба хурӯҷиғайриқонунииАмерика аз тавофуқномаиБарҷом ( Барномаи ҷомеи иқдомоти муштарак)

  Дар паихурӯҷиғайрқонунииАмерика аз тавофуқномаиБарҷом   давлатиҶумҳурии Исломии Эрон изҳоротероба шарҳизайл мунташир кард:

БисмиллоҳирРаҳмонирРаҳим

        Хурӯҷи ғайриқонунии ПрезидентиАмерика аз Барҷом охирин ҳалқа аз мавридҳои фаровон ва пайвастаюидомадори нақзи Барҷом тавассути Иёлоти Муттаҳида, бавижа пас аз рӯи кор омадани давлати тундрави ҷадиди Америка аст.

        Суҳбатҳои беақлонаи Трамп бар зидди мардуми бузурги Эрон нишондиҳандаи поёни ҷаҳолат ва бехирадӣ ва туҳматҳои бепояи  ӯ бар зидди давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон танҳо барозандаи режиме аст, ки худ бо таҷовузоташ минтақаи Ховари Миёнаро ба ошӯб кашида ва ифрот ва терроризмро доман зада ва муттаҳидини саҳюунисташ марзҳои душманию бераҳмӣ, нақзи ҳуқуқи башар ва таҷовузгариро дар нури дида ва рафтори ношоями вобастааш сарпарастону сармоягузорни ташкили ҳама гурӯҳҳои террористӣ ҳастанд, ки Трамп дар як иддаои хандаовар онҳоро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон нисбат дод.  Боиси таассуф аст, ки чунин фард бар миллати мутамаддин ва сулҳталаби Америка ҳукумат мекунад.

        Трамп аз замони муборизоти интихоботӣ кинаи худро аз тавофуқе, ки ҷаҳон онро ба унвони пирӯзии дипломатия шиносоӣ кардааст, эълом карда буд ва ҳатто пас аз ба даст гирифтани зимоми умур дар Америка бар хилофи матни возеҳу равшани Барҷом на танҳо расман ва ошкоро алайҳи Барҷом мавзеъгирӣ намуда буд, балки дар амал низ Иёлоти Муттаҳида аз иҷрои тааҳҳудот,ҷуз дар мавридҳои шаклӣ худдорӣ мекард. Ҷумҳурии Исломии Эрон ин маворидро таи номаҳои фаровон дар Барҷом сабт карда, ки нишондиҳандаи нияти бади давлати кунунии Америка дар робита бо Барҷом ва нақзи пайвастаи он тавассути он давлат аст.

        Ҳачунин, иқдоми Президенти Америка таҳаввули ҷадиде нест ва ба маънии поёни ҳузури музоҳими Америка дар Барҷом аст. Албатта, Барҷом як тавофуқи чандҷониба аст, ки тавассути қатъномаи Шӯрои амният бо раъйи ҳама аъзои шӯро ба тасвиб расида ва бар хилофи иддаои ПрезидентиАмерика, танҳо тавофуқи раисҷумҳури қаблӣ нест, ки Президентибаъдӣ битавонад аз зери бори иҷрои он шона холӣ кунад.

       Ин иқдоми ПрезидентиИёлоти Муттаҳида танҳо мунҳасир ба Барҷом нест, балки қонунгурезӣ ва нақзи аҳд ба унвони як равияи Иёлоти Муттаҳида дар ин давра даромада ва аз тавофуқи тағйироти  обу ҳаво то тавофуқи ҳамкориҳои уқёнуси Оромро дар бар мегирад. Вале ба далели иҷмои ҷаҳонӣ ва истеҳкоми дарунии Барҷом, хурӯҷи расмӣ ва ошкорои Иёлоти Муттаҳида шонздаҳ моҳ ба дарозо кашид.

     Хурӯҷи Иёлоти Муттаҳида аз Барҷом беш аз он ки боиси беэътибории ҳарчи бештари Иёлоти Муттаҳида дар саҳнаи ҷаҳонӣ шавад, усули равобити байналмилалӣ дар ҷаҳони кунунӣ ва эътибори тавофуқоти дуҷониба бо Америка ва чандҷониба бо ҳузур Америкаро ба шиддат зери савол бурда ва назми ҳуқуқи ҷаҳониро бо хатар ҷиддӣ мувоҷеҳ сохтааст.

      Эрон бар хилофи Америка ҳамвора ба тааҳҳудоти байналмилалии худ пойбанд буда ва асли вафо ба аҳдро аз усули бунёдини дини худ ва қоидаҳои мусаллам ва зербинои ҳуқуқи байналмилалӣ медонад. Пойбандии Эрон ба Барҷом тавассути танҳо марҷаи шинохта шудаи байналмилалие, ки дар Барҷом низ ба унвони марҷаи ниҳоӣ шинохта шудааст, 11 бор таъйид шуда ва тамоми давлатҳои узв ба шумули Иёлоти Муттаҳида такроран ба он иқрор кардаанд. Иддаоҳои беасос ва намоишҳои хандаовари таблиғотӣ ҳеҷ арзиш ва эътиборе дар Барҷом надорад, бавижа он ки Ожонси байналмилалии энергияи атомӣ низ пас аз иттиҳомоти Тромп ва ҳамдастонаш муҷаддадан пойбандии Эронро таъйид кардааст. 

      Эрон ба унвони кишваре, ки  ба тааҳҳудоти ҳуқуқии худ пойбанд аст, иқдоми Иёлоти Муттаҳида ба хурӯҷ аз Барҷомро тибқи муқаррарот ва моддаҳои Барҷом пайгирӣ намуда ва дар сурате, ки хурӯҷи Америка аз Барҷом ҷуброн нагардад ва манофеи комили мардуми Эрон бар асоси Барҷом ба шакле, ки Мақоми муаззами раҳбарӣ дар суханони муҳими 19 - уми урдибиҳишти соли 97 худ мушаххас фармуданд, тазмин нашавад, ҳаққи қонунии худро дар иқдоми мутақобиле, ки худ ба маслиҳат бидонад ,иҷро хоҳад кард. Соири тарафҳои Барҷом ва бавижа се кишвари  аврупоӣ муаззафанд иқдомоти лозимро барои нигоҳдорӣ аз Барҷом ва иҷрои тааҳҳудоти худ, ки ҳатто дар замони ҳузури зоҳирии Иёлоти Муттаҳида дар Барҷом ба далел музоҳиматҳои режими Тромп аз иҷрои комили он нотавон будандро бидуни ҳеҷ қайду шарте аз марҳалаи ваъда ба марҳала иҷро дароваранд.

       Ҳеҷ як аз моддаи Барҷом ва чорчӯби замонии он ки мавзӯи музокироти 12 сола буда, ба ҳеҷ шакле қобил музокира нест.  Иёлоти Муттаҳида, ки бо дахолатҳо ва сиёсатҳои ғалати худ минтақаи моро ба оташи ифрот ва тундравии террористӣ ва вайронӣ ва ҷанг ва кӯдаккушӣ гирифтор карда, наметавонд нисбат ба ҳузури қонуни Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақаи худ ва ҳимояти муассири Эрон аз мардуми Сурия ва Ироқ барои саркӯби ифротиҳои дастпарвардаи муҷримаш таъйини таклиф кунад. Америка ва муттаҳидонаш, ки бо ҳимоят аз режими Саддом ва таҷҳизи ӯ ба силоҳи химиявӣ ва пешрафтатарин ҷангафзорҳо ҳашт сол мардуми Эронро ҳадаф қарор доданд ва дастрасии Эрон ба ҳар гуна абзори дифоиро масдуд намуда ва имрӯз низ бо фурӯши садҳо миллиард доллар ҷангафзорҳои пешрафта сармояҳои минтақаро балъида ва минтақаи моро ба анбори аз борут табдил кардаанд, наметавонанд абзори машрӯи дифои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва аз ҷумла дифои мушакии мо, ки барои ҳамли силоҳҳои маъмул, бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои талхи ҷанги таҳмилӣ тарроҳӣ шудаанд, маҳдудияте қоил шаванд; чунин иқдоме хилофи сареҳи усули ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳаққи дифои машрӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар моддаи 51 эъломияи  Созмони Милали Муттаҳид аст.

      Ҳамон гуна, ки Президентимуҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон дар 18-уми урдибиҳишти соли 97 эълом карданд ,вазири умури хориҷа муаззаф шудааст, то иқдомоти лозимро барои гирифтани тазминҳои лозим аз бақияи аъзои Барҷом ва соири шарикони иқтисодии кишвар пайгирӣ кунад ва натиҷаро фавран гузориш намояд.  Ҳамчунин раиси Созмони энергияи атомӣ низ муаззаф шудааст, ки тамоми омодагиҳои лозим барои вуруд ба марҳалаи ғанисозии саноатӣ бидуни ҳеҷ гуна маҳдудият ва бо истифода аз охирин пешрафтҳои таҳқиқ ва тавсеаи донишмандониғаюри ҳастаии кишварро фароҳам намояд.

 Мардуми Эрон бо итминон ва оромиш масири пешрафт ва созандагиро идома дода ва давлат тамоми муқаддамоти лозим барои ҳама шароитро дар назар гирифтааст.  Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони кишвари амн ва пурқудрат, ки амният ва тавсеаи иқтисодиаш дарунзо ва ба далели мушорикат ва муқовамати ҳушмандонаи мардуми мутамаддин ва  диловари Эрон аст, хоҳони муомилаи созанда ва иззатмандона бо ҷаҳон аст ва бо иҷрои Барҷом бо вуҷуди аҳдшиканиҳои  ҳамешагии Америка нишон додааст, ки шарики мутмаин ва мутааҳҳид барои тамомикасоне аст, ки омодагии ҳамкорӣ мубтанӣ бар манофеи муштарак ва эҳтиром мутақобилро доранд.

  

 

 

 

 

 

 


16:00 - 15/05/2018    /    шумора : 514782    /    теъдоди намоиш : 18



хуруљ




Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон