Gallery
Useful links
  • پورتال امام خمینی
  • دفتر مقام معظم رهبری
  • ریاست جمهوری
  • معاونت امور مجلس
  • نقشه جامع علمی کشور
  • Ministry of Science, Research and Technology
  • صندوق احیا و بهره برداری از بناهای تاریخی و فرهنگی کشور
Feedback
News > Суханронии видеоии оқои доктор Зариф вазири муҳтарами корҳои хориҷии кишварамон дар хусусӣ БАРҶОМ


  чоп        фиристодан ба дўст

Суханронии видеоии оқои доктор Зариф вазири муҳтарами корҳои хориҷии кишварамон дар хусусӣ БАРҶОМ

Суханронии видеоии  оқои  доктор Зарифвазири муҳтарами корҳои хориҷии кишварамон дар хусусӣ  БАРҶОМ

Салом, ман вазири корҳои хориҷии Эрон Ҷавод Зариф ҳастам. Дар ду соли аввали масъулиятам аксари вақти худро сарфи ҳамин музокира бо ҳамтоёнам аз Иттиҳодияи Аврупо, Русия, Чин, Олмон, Фаронса, Британия ва Штатҳои Муттаҳида кардам.

Дар соли 2015 мо ба тавофуқи ҷомеъ дар бораи барномаи ҳастаии Эрон ба номи “БАРҶОМ” ё Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак даст ёфтем.

Дар ин созишнома кишвар пазируфт, ки ба манзури рафъи нигарониҳое, ки бештар марбут ба Штатҳои Муттаҳида буд, гомҳои мушаххаси амалӣ бардорад. Штатҳои Муттаҳида ҳам мутақобилан ӯҳдадор шуд, ки таҳримҳоро бардошта ва монеатарошиҳо дар масири тиҷорат бо Эронро мутаваққиф кунад. Аз онҷо ки ин созишнома як “муоҳида” набуд, ниёзе ба имзо ё тасдиқи ҳеҷ як аз тарафҳо надошт. Аммо ба далели тасдиқи якдилона дар Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид барои ҳама ҳатмӣ шуд. Аз он замон то кунун Агентии байналмилали энергияи атомӣ дар 11 навбат тасдиқ кардааст, ки Эрон ба тамоми ӯҳдадориҳои худ дар чорчӯби созишнома амал кардааст. Аммо дар муқобил Штатҳои Муттаҳида ҳамвора ин созишномаро нақз кардааст. Хусусан аз тариқи фишор овардан ба дигарон барои ҷилавгирӣ аз анҷоми фаъолиятҳои тиҷоратӣ бо Эрон дар тули тақрибан як соли гузашта шунида мешавад, ки Президент Трамп аз ин созишнома норозӣ аст ва акнун ба назар мерасад, ки вокуниши баъзе кишварҳои Аврупоӣ ин будааст, ки ба Амрико имтиёзоти бештаре диҳанд, албатта аз киссаи мо. Ин имтиёзот шомили ваъдаҳое барои дастёбӣ ба як “созишномаи ҷадид” аст ва шомили масоиле аст, ки ҳамаи мо дар ибтидои музокироти ҳастаӣ бар сари ҳазфи (аз байн бурдани) онҳо ба тавофуқ расида будем. Аз ҷумла қобилиятҳои мудофиавӣ ва нуфузи минтақавии Эрон. Вале бояд таваҷҷуҳ дошта бошед, ки дар ҳар ду мавзӯъ Эрон аст ва на ғарб, ки норозигиҳои ҷиддӣ ва талаби бисёр дорад.

Асрҳост, ки мо ба ҳеҷ кишваре ҳамла накардаем, аммо мавриди ҳуҷум воқеъ шудаем. Охирин мавриди ин ҳуҷум ба дасти Саддом Ҳусейн сурат гирифт, ки дар он замон аз ҳимояти Штатҳои Муттаҳида ва ҳампаймонони минтақавиаш бархӯрдор буд.

Ғарб ба сурати фаъолона монеъ аз он шуд, ки мо битавонем абзорҳои мудофиавии ибтидоиро харидорӣ кунем. Ҳатто замоне, ки Саддом бар сари ғайринизомиён ва сарбозони мо мушакҳои химиявӣ мерехт. Бовуҷуди ин таҷрубаи ваҳшатнок, ҳанӯз хароҷоти мудофиавии мо танҳо камтар аз хароҷоти кишварҳои монанди Арабистони Саъудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Арабӣ аст ва бурди мушакҳои мо аз мушакҳои Арабистони Саъудӣ ҳам каматар аст ва бар хилофи ҳампаймононои Штатҳои Муттаҳида дар минтақа, ки гурӯҳҳое ҳамчун Алқоида, Толибон ва “ДОИШ”-ро шустушӯи мағзӣ дода ва онҳоро таъмини молӣ ва таслиҳотӣ кардаанд. Мо нақши меҳварӣ дар шикасти ин табаҳкорони ифротгаро иҷро кардаем.

Иҷозат диҳед як бор ва барои ҳамеша ин мавзӯъро комилан равашан кунам: мо на амнияти худро ошкор мекунем ва на бар сари созишномае, ки онро аз ибтидо бо ҳусни ният иҷро кардаем дубора музокира намуда ё чизе ба он изофа мекунем. Дар истилоҳи муомилаҳои молу мулкӣ вақте шумо хонае мехаред ва бо хонаводаи худ ба онҷо мекӯчед ё он хонаро барои сохтани биноҳои баландошёна вайрон мекунед ва наметавонед ду сол баъд бозгашта ва хоҳони музокираи дубора бар сари нархи он хона бишавед.

Дар рӯзҳои пешорӯ, Штатҳои Муттаҳида бояд тасмим бигирад, оё дар ниҳоят мехоҳад ба ӯҳдадориҳои худ амал кунад ё не. Эрон ба сурати қотеъ дар муқобили талошҳои беҳуда ва зӯргӯёна хоҳад истод. Агар Штатҳои Муттаҳида ба нақзи созишнома идома диҳад ё агар ба таври комил аз созишнома хориҷ шавад, мо ҳам аз ҳақи худ барои посух истифода хоҳем кард ва тарзи ин посух ба интихоби худи мо хоҳад буд. Ҳаёҳу ё таҳдид барои Штатҳои Муттаҳида як “созишномаи нав” ба дунбол нахоҳад дошт, ба вижа, ин ки он кишвар ба ҳамин созишномае, ки пештар ҳосил шуда ҳам пойбанд нест такя ба иттиҳомоти масхараомез бо  ҳадафи рад кардани созишнома, ки такрори ҳарфҳои беш аз як даҳа пеш аст ва Агентии байналмилалии энергияи атомӣ қаблан ба онҳо расидагӣ карда ва ҳеҷ касро фиреб надодааст. Бинобар ин ба манфиати Штатҳои Муттаҳида аст, ки ҳар чи зудтар иҷрои ӯҳдадориҳои худро оғоз кунанд. Дар ғайри ин сурат ин Амрико ва танҳо Амрико хоҳад буд, ки бояд ҳамаи масъулияти оқибатҳои иҷро нашудани ӯҳдадориҳои худро бипазирад.

Аз ин ки ба ҳарфҳоям гӯш додед, муташаккирам ва рӯзи хубе бароятон орзӯ мекунам.

 

https://www.aparat.com/v/EJ7ja

 


18:04 - 09/05/2018    /    шумора : 513787    /    теъдоди намоиш : 5



хуруљ




Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон