Gallery
Useful links
  • پورتال امام خمینی
  • دفتر مقام معظم رهبری
  • ریاست جمهوری
  • معاونت امور مجلس
  • نقشه جامع علمی کشور
  • Ministry of Science, Research and Technology
  • صندوق احیا و بهره برداری از بناهای تاریخی و فرهنگی کشور
Feedback
News > Матни нишасти расонаи Баҳром Қосимӣ сухангӯи вазорати корҳои хориҷӣ бо расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ Душанбе 7.05.2018


  чоп        фиристодан ба дўст

Матни нишасти расонаи Баҳром Қосимӣ сухангӯи вазорати корҳои хориҷӣ бо расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ Душанбе 7.05.2018

Матни  нишасти  расонаи  Баҳром   Қосимӣ  сухангӯи вазорати  корҳои  хориҷӣ  бо расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ

  Душанбе 17.02.97(7.05.2018)

  Сухангӯ: Кушта шудани  6  хабарнигор  дар Афғонистонро таслият мегӯям  ва  ёд  мекунам  аз  ҳамаи  хабарнигороне, ки дар  гушаҳои мухталифи ҷаҳон  талош  мекунанд  ва  ҷони  худро  дар  ин  замина фидо  мекунанд.

  Ҳамчунин,  рӯзи  ҷаҳонӣ  Салиби  сурх ва  Ҳилоли  аҳмарро  табрик  арз  мекунам  ва  аз  талошҳои  ин  ниҳод  дар  бӯҳронҳои ҷаҳон  барои  кӯмак  ба  мардум  тақдир  мекунам.    

  С: Музокироти  оқои Ҷобир  Ансорӣ  бо   Аврупо  ба  маъноӣ тавофуқи  ҷадидӣ  дар бораи  БАРҶОМ  буд?

  ҷ: Тавофуқи  ҷадидӣ дар музокироти  Рим набуд. Идомаи  музокироти буд, ки қаблан дар  ҳошияи  Конфронси  амниятӣМюнхен дар   бораи  Яман  анҷом шуда буд.  Бо таваҷҷӯҳ ба фоҷиаи  инсонииЯман ин  гуфтугӯҳоро анҷом додем. Яке аз мавзӯъҳои  талхи  ҷомеаи  ҷаҳонӣ  ниёзишадидӣ  мардумион кишвар ба кумакҳои инсондӯстона аст. Кӯмакҳои инсондӯстона ба мардуми  Яман ва чигунагӣ  анҷоми  он дар гуфтугӯҳои Рим баррасӣ  шуд. Талош мекунем,босаҳми  худ  ба  коҳишимушкилоти   мардуми  Яман кумак кунем. Кишварҳое, ки ин фаҷоиаро офаридаанд, умедворем  аз  моҳи  мубораки  рамазон истифода  бурда  ва  иҷозат  диҳанд кумакҳои инсонӣ  ба дастимардуми  мазлумӣ  Яман  бирасад.  

  С :Оё Эрон мехоҳад  нисбат ба нақзи  чанд бораи  Барҷом  аз тарафи  Амрико бетафоввут  бошад  ва  иқдоме накунад?

  Ҷ: Ҳанӯз зуд аст  дарбораи  иқдоми  Амрико  дар 22 урдибиҳишт назардод. Мо  мардуми  сабур ҳастем ва бояд сабр кард.Барҷом  як  тавофуқи  чанд ҷонибаи  байналмилалӣ  аст. Хурӯҷ  аз он ба содагӣ имконпазир нест ва оқои Трамп  дар  замоне, ки  дар  корзори  интихоботӣ буд,  ваъдаҳои  зиёде  дар  ин  бора дод  ва  ҳанӯз  ҳам  ҳамон  ваъдаҳоро  медиҳад. Садоҳои  мутаноқизи  зиёде  дар  ин  замина  аз  ҳайати  ҳокимаи  Амрико  шунида  мешавад. Хурӯҷ  аз  БАРҶОМ  осон  нест ва  вокуниши мо ба он, иқдоме дарднок  ва  ғайриқобили  тасаввур  барои  Амрико ва  боиси  пушаймонии  он  кишвар  хоҳад  буд. Ҳамаи  гузинаҳо дар  ин  замина  тарроҳӣ  шудаанд  ва  дар бораи  куллиёти  он мақомоти  мухталифи  кишвар,  баррасиҳои  лозимро  кардаанд,  ки дар  ҳоли  ҳозир  ба  ҷузъиёти  онҳо  намепардозам. Дар  сурати  хурӯҷ  аз  БАРҶОМ, Амрико  бояд  товони  зиёде  бидиҳад  ва нуқтаи  атфе  дар беэътимодӣ ба ҳайати  ҳокимаи  Амрико  хоҳад  буд  ва  нигоҳи  ҷаҳонӣ  ба  Америка  беш  аз  пеш  тағйир  хоҳад кард; Агарчӣ  халофи   ваъдаи  Америка  мавзӯъи  ҷадиде  нест  ва нишон  медиҳад,  ки  ҳеҷ  бахше  аз  ҷаҳон  наметавонд  бо  Америка  ба  тафоҳум  бирасад. Пас  аз  22 урдибиҳишт,  мутаносиб бо  тасмими  Амрико, тасмимоти  худро  иҷроӣ  хоҳем  кард. Мо нахустин  кишваре  нақзкунандаи   БАРҶОМ  нахоҳем  буд,  вале  агар БАРҶОМ  барои  мо  судовар  набошад  иқдоми  лозимро  анҷом хоҳем  дод.  

  С: Додгоҳе дар Амрико,  Эронроба  пардохти  6 миллиард доллар ба иттиҳоми  даст  доштан  дар  ҳодисаҳои   11 сентябр маҳкум  кард. Чаро гурӯҳи   ҳуқуқӣ  аз ҷониби   Эрон барои ин мавзӯъ,фиристода  нашудааст?

  Ҷ: Мавзӯъи   ҷадиде  нест, ки  ба  далоили  воҳӣ  ва ба сурати  ғиёбӣ   дар  маҳокимаи  Амрико   барзиддӣ   кишвармон раъй  содир шавад. Вазорати корҳои   хориҷӣ   барои   ҳуқуқи  қонунӣ  Эрон  иқдом  мекунад. Бетафоввут нестем  ва  иқдомоти  мо дар  ин  замина идома  дорад ва  моҳасали  ин иқдомотродар оянда эълонхоҳем кард.  

  С: Оё дар сурати  хурӯҷи  Амрико  аз БАРҶОМ, Эрон аз НПТхориҷ хоҳад  шуд?

  Ҷ: Гузинаҳои зиёде барои  мо маълум  аст,  ки ҳамаи  онҳо аз қабл,  мавриди  баррасӣ  ва  мутолиа  қарор гирифтаанд. Ин мавзӯъ ҳам метавонад,  бахше аз гузинаҳои Ҷумҳурии  Исломии Эрон бошад. Дар бораи  он  фикр шуда  ва созукори  он баррасӣ  шуда ва бастагӣ  дорад,  Амрико  бо чӣ  шакле  тасмим бигирад. Тарҷеҳ медиҳем, дар  мавриди гузинаҳои Эрон бештар аз ин  сӯҳбат накунам  ва баҳсҳои  бештарро   баъд  аз  22 урдибиҳишт  посух  медиҳам.

  С: Яке аз меҳварҳои музокироти  Эронва  Афғонистон таҳияи  санади  роҳбурдии   равобит байниду кишвар будааст. Охирин  таҳаввулоти  дар ин  замина чист? Оё  ин санад   барои имзо омода  шуда  ва оё  ихтилофот дар мавриди он  ҳал  шудааст?

  Ҷ: Иҷозат диҳед   аз  ихтилофот сухан  нагӯям ва аз иборатитафоввути   дидгоҳ истифода кунам.  Байни  тарафҳо, тафоҳумоти сурат  гирифта  ва  5  кумита  ташкил  шуд ва  нишастҳои  худро ташкил  додаанд  ва  натоиҷи тафоҳумоти  ин  5  кумита              пешзаминаи   расидан  ба  санади  роҳбурдии  ҳамкориҳои  ду  кишвар хоҳад  шуд. Кумитаҳо  бояд  ба  тафоҳуми  лозим  бирасанд  то битавон  ба  асли  таҳияи  санади   роҳбурдӣ   расид. Дар бештари   кумитаҳо  ба   тавофуқ  расидаем. Дар яке  ду  кумита  мабоҳисе  вуҷуд   дорад   ва   пас  аз ниҳоӣ  шудани  онҳо  низ,  вориди   фозӣ  таҳияи   санади   роҳбурдӣ   хоҳем   шуд.  

  С: Интихоботи  Лубнон бо пирӯзии  Ҳизбуллоҳ  ба поён расид. Вокуниши   шумо ба  ин  мавзӯъ  чист?

  Ҷ: Лубнон,  кишваре мустақил бо   аҳзоб ва тоифаҳои  мухталиф аст ва ба шеваи  хубе равандидемократия   дар он  ҷараён дорад, ки метавонад улгӯӣ  хубе барои бархе кишварҳои  минтақа бошад,  ки  дар ин замина  мушкилотӣ доранд. Ҳар  ончӣ  мардуми  Лубнон  ба он райдиҳанд   ва  давлати  мунтахабимардуми  Лубнон мавриди  ҳимоят ва таъйидимост ва Ҷумҳурии Исломии  Эрон  омодаи  ҳамкори бо он аст. Ба мунтахабини  мардуми  Лубнон  ва  давлатиҷадиди   ин  кишвар  табрик  мегӯям ва барои  ҳамкорӣ  боонҳо омодаем.  

  С: Назари  шумо дар  мавриди  хабари  ду дидори  доктор Зариф бо Ҷон Керӣ дар Нью-йорк чист?

 Ҷ:Теъдоди  ин  дидорҳо ва  макони  онро намедонам. Дар сафариохири   доктор   Зариф ба Нью-йорк, аз ин фурсат истифода шуда ва бо беш  аз  30 шахсияти  Амрикоӣаз ҷиноҳҳои  мухталифидемократ, ҷумҳурихоҳ  ва аъзои андешакунандаҳои мухталиф дидор шуд. Бо расонаҳои Амрико,мусоҳибаҳои  мухталифе доштанд ва  талош  карданд,  ки  ҷомеа Амрикоро  нисбат ба масоили  минтақа  ва  нигоҳи  байналмилалии  Эрон ошно  кунанд, ки  дар фаъолиятҳои  доктор Зариф,  як рекордмаҳсуб  мешавад. Ин кор намуди аз дипломатияи   умумӣ  аст,  ки  бояд бештар  аз он  истифода  кардва  доктор Зариф  дар он  пештоз  аст. Аз ҷумла ин  дидорҳо,  дидор бо оқои Ҷон Керӣ  ба унвонияк шахсияти  сиёсӣ  ошно бо  масоили  Ҷумҳурии   Исломӣ  буд, ки албатта  дар ҳоли  ҳозир эшон  самти  давлатӣ  надорад. Ин  афрод метавонанд бар афкори  умумӣ  Амрикотаъсир дошта  бошанд ва Амрико  фақатоқои  Трамп нест ва шахсиятҳои  мухталифи  дар он кишвар нуфуз доранд, ва метавонанд  мавзӯи  гуфтугӯ ва ройзанӣ   мақомоти   соири  кишварҳобошанд. Дар  мавриди мӯҳтавоӣ   ин  гуфтугӯҳо, чизе намегӯям вале мушаххасандармавриди   БАРҶОМба унвони як  мавзӯи  мушаххас, сӯҳбат шудааст.  

  С: Дидгоҳи   ҷаноби олӣ дар  мавриди  хабарҳои мунташиршуда дар мавриди  талоши давлати  Арабистон барои таъсиргузорӣ  бар интихоботи  Ироқ ва  Лубнон, чист?

  Ҷ: Баргузории  интихобот  дар  ду  кишвари  дӯст ва  ҳамсоя, боиси хушҳолӣ   ва муборак аст. Кишварҳое ҳастанд, ки дар масири демократия   ҳаракат мекунанд  ва мавзӯибисёр хушояндӣ  аст ва онро бояд барои минтақа ба  фоли  нек гирифт ва ончи, ки мавриди  назари  мардуми  он кишварҳо аст иттифоқ  биафтад. Кишварҳои  минтақавӣё фаромитақавӣ  метавонанд  дар ин раванд халал  эҷод  кунанд. Ҳамонгуна, ки тавассути кишварҳои пуштибонӣДИИШ, гурӯҳҳои  террористӣ   дар бахшҳое аз  Ироқ  ҳоким  шуданд  ва бо мушкилоти  зиёд, Ироқ тавонист бар  онҳо пируз шавад. Арабистон алоқаманд ба  тавсеа ва суботи  минтақа  нест  ва бақои худро  ба  навҷавонони  тоза  ба қудрат расида медонад  ва  давом ва бақоӣ онҳодар бесуботии   минтақа аст. Бо ҳамин дидгоҳ, шоҳиди  дахолати беҷо ва ғалати  Арабистон дар  масоили  минтақа аз ҷумла Яман ҳастем. Умедворем  ҷомеаи  ҷаҳонӣ  кумак  кунанд,  ин  фоҷиаибашаррӣ   ба  поён бирасад ва  ин мудохилот ҳам  мутаваққиф шавад.  

  С: Далили  қатъи  равобити   Мағриб бо  Эрон чӣ  буд? Оё дар ҳамсуӣи бо Арабистони Саудӣ  ин  коранҷом шуд?

  Ҷ: Вазири   корҳои  хориҷии  Мағриб рӯзи  сешанбеи  гузашта  ба Теҳрон омад  ва  дар маҳаллӣ  вазорати  корҳои  хориҷӣ   бо доктор Зариф дидор  кард  ва  дар  ин  дидор  матолиберо матраҳ кард, ки посухҳои лозим ба онҳо дода шуд. Иддаоҳои матраҳ шуда  комилан  нодуруст ва ғалат  буд ва эҳтимолан  аз  ҷониби  қонунҳои  мушаххасӣ  ҳидоятшуда  буд. Пас аз бозгашти  эшон ба Мағриб, қатъи  равобит ва  бастани  сафоратхонаҳои ду  кишварро эълон  карданд. Бо ҳусни  нияте, ки доштем дарбораи  бархе аз иддаоҳои  ғалати  матраҳшуда,  баррасиҳои  анҷом додем ва беш аз гузашта мутмаин шудем, ки  иддаоҳои  нодуруст ва беасос будааст. Ин бори  аввал нест,  ки  Марокеш  пас аз  пирӯзии  Инқилоби  Исломӣ   аз  чунин сиёсатӣ   дар қиболи кишвармон истифода  мекунад. Пас аз пушаймонӣтарафи   Мағрибӣ, равобити  дубора ба  ҳолати оддӣ  баргашта буд. Шояд  битавон гуфт,  ки  мумкин аст  ин иқдоми  Мағриб таҳти  ҳидояти  соири  қудратҳо ва бархе аз кишварҳои  мухолиф   бо  Эрон  анҷом шудааст,  чаро ки ҳеҷ далели  хоссе барои  ин  иқдом ғайри дӯстона  ва нописанд вуҷуд надошт. Зарбулаҷали  тарафи  Мағрибӣ   барои хурӯҷи  дипломатҳои Эрон  аз он кишвар мушаххас  нест ва дасти  сафорати  модар Работ боз аст, то битавонад  ба мавқеи  он кишварро тарк кунандва ба Эрон бозгарданд. Дар  рӯзҳои   оянда,  ин  кор амалӣ  хоҳад шуд.  

 С: Вокуниши  шумо  нисбат ба пора кардани  БАРҶОМтавассути  Ҷулянӣ, вакили  Трамп  ва  андохтани  оби  даҳон ба он дар ҷамъи  мунофиқин  чист? Ба назариҷаноби олӣ мунофиқин чӣ  таъсири метавонанд бар  БАРҶОМ  дошта бошанд?

  Ҷ: Террористҳо вақте гирдиҳам  ҷамъ мешаванд метавонанд даст ба ҳар кор ва иқдоме бизананд, ки шоистаи  посух додан  нест ва фоидае ҳам  надорад.  

  С: Нисбати  ба  иқдоми анҷом  шуда  барои  пайгирӣдалели  ҳамла ба  хабарнигори  садо ва симо дар Фаронса, ки дар маҷлис тавассути оқои Қозипур, дар ҳоли  баррасӣ  ва ҷамъоварӣ   имзо мебошад,  чӣ   тавзеҳӣ доред?

  Ҷ: Дар ин  иттифоқ, филмбардори  дафтари  садо ва симо барои таҳияи  филмӣ   вориди  ҷамъияти  тазоҳуркунанда  мешавад ва  пас  аз ба  хушунат кашида  шудани тазоҳурот, як шайӣ  ки эҳтимолан  санг буда ба  сари  эшон бархурд мекунад  ва  ҷароҳат мухтасаре бармедорад, ки барои эҳтиёт, ба бемористон  мунтақил мешавад. Аз ҳамон  ибтидо,ҳамкорони  сафорат дар бемористон ҳозиршуда,  масъулони  дафтари  садо ва симо дар Париж аз ин иқдом ташаккур мекунанд. Сафорати  мо бо ВазоратихориҷииФаронса  дар иртибот буда ва  ёддошти  лозимро ҳам ирсол кардааст ва  фикр мекунам  ба  далоиле,  мавзӯъ ба гунае дигар,хабарӣ  шудааст.  

  С: Як мақоми  Амрикоӣ  иддао кардааст,  ки  авомили  Мусод  ба маҳалли  ихтифои  асноди мавриди  иддаоӣ  Нетаняҳу  дар Эрон  ҳамла  карда ва  онҳоро ба Исроил мунтақил  кардаанд ва бархе  аз мақомоти  кишварҳо барои  баррасӣ  онҳо ба Исроил сафар кардаанд. Дастгоҳи  дипломатяи  Эрон  барои хунсо карданичунин иқдомоте, чӣ  иқдомоти  ҳуқуқӣ  ва сиёсӣ  дар  барнома дорад?

  Ҷ: Иқдомоти  режими саҳюнистиро шоистаи   посух намедонам. Нетаняҳу  як  шоувмени  дараҷаи  3 аст,  ки  ҷомеаи ҷаҳонӣ  низ  бо  ин шахсияти   вай  ошно   аст. Вай парвандаҳои  фасодӣ  зиёде дорад  ва барои инҳирофи   афкори  умумӣ   аз  ин  иттиҳомот, талош мекунад ба Эрон  иттиҳомӣ   бизанд. Ман  фикр кардам,шумо дарҳоли  таърифи  як филми  Голивудӣ ҳастед ва  ин  ҳарфҳо ниёз  ба посух ва  иқдоми  хоссе надорад.  Тибқи гузоришоти  Оҷонс,  иқдомоти  Эрон  ба  сурати  шаффоф  дар  дасти  баррасӣ  аст  ва  Оҷонс  дар  бораи  Эрон  токунун  11  гузориш  додааст,  ки  ҳамагӣ  пойбанди  кишварамонро  таъйид кардааст.  

  С: Манобеъи  огоҳ  дар  вазорати  корҳои  хориҷӣ  дар  рӯзҳои гузашта  хабарӣ  сафари  вазири  хориҷии  Мағриб  ба  Теҳрон  ва  мамониати   Бонки  марказӣ   аз  имзои  паймони  пулиро додаанд, ин манобеи  огоҳ  чӣ  касоне  ҳастанд?  Оё  ин  манобеъ ҳамон  сухангӯӣи  вазорат  хориҷи  ҳастанд?

  Ҷ: Ба  дафаот  эълом  шудааст, ки мавозеъи вазорати  корҳои   хориҷӣ  тавассути  вазир,  сухангӯ  ва  ё  муовинини   мӯҳтарами вазоратхона   тарҳ  мешавад  ва  аз  замони  шурӯъи  кори  ман  дар ин  ҳавзаи   суннатӣ,    нодурустии  манбаи  огоҳ,  канор  гузошта шудааст. Манбаи  огоҳро  кам  лутфи  бархе  аз  расонаҳо медонем, ки матолиби  мавриди  назари   худро  ба  ин  исм  матраҳ мекунанд,  ки  ба  маслиҳати  он  расонаҳо  ва  кишвар  нест.  Тавсия  мекунем,  ки  ахбори  мавриди  ниёзро  аз  канали  сухангӯ гирифта  ва  дар  сурати  такрор,  вокуниши  нишон  хоҳем  дод.  

  С: Оё  доктор  Зариф  ба  ҷузъи  дидор  бо  оқои  Керӣ,  бо  мақомоти  кунунии  давлати   Амрико  ҳам  дидор  доштааст?

 Ҷ: Дидоре  бо  мақомоти  давлатӣ  набуда  ва  надорем  ва  танҳо бо шахсиятҳои  соҳиби  нуфузи  Амрикоӣ  аз  ҷумла  демократ  ва ҷумҳурихоҳ  дидор  доштанд.  Бо  ҳеҷ  мақоми расмӣ  давлати Амрико  чӣ  дар  сафарҳои  гузашта  ва  чӣ  дар  ин  сафар  дидоре анҷом  нашудааст. Бархе  аз  ин  дидорҳо,  бо  дархости  ин шахсиятҳо  будааст.

  

  С: Назари  шумо  дар бораи  эъломи  Туркия барои  омода шудан   барои  ҳамла  ба  Сурия чист? Дар  нишастҳои  се ҷониба  то  чӣ  андоза  Эрон  тавонист,  Туркияро мутақоид кунад.

  Ҷ) Туркия ҳамсояи  хубӣ  мост  ва дарбораи  масоили  минтақавӣ,  ки муҳимтарини  он раванди  Остона  аст ҳамкорӣхубе дорем. Ин нишастҳои  се ҷониба дар сутӯҳи  мухталиф идома хоҳад ёфт ва  тавониста бархе ихтилофотро ҳал кунад. Вале ҳеҷ ду кишваре дар ҳамаи   масоил ҳам  назар нестанд. Алорағми ҳамкориҳо ва таомул, кишварҳо  метавонанд ихтилофи  назар дошта бошанд.  Баҳси  Сурия  муҳим  аст   ва ҳеҷ кишваре  ҳаққи   дахолат  дар  он  кишвар  бидуни  иҷозаи  давлати он  кишварро  надорад. Тамомияти  арзии  Сурия  барои  Эрон  ва кишварҳои  минтақа  ва  суботи  минтақа  муҳим  аст. Хушбахтона, алорағми  бархе  ихтилофи  дидгоҳҳо  бо  Туркия  ва  Русия  дар раванди  мусбатӣ  ҳастем  ва  умедворам  ин  раванд  идома ёбад.  

  С) Оё  дар  сурати  хурӯҷи  Амрико , Эрон  ба  таҳримҳои    байналмилалӣ  дучор мешавад? Оё хурӯҷи  Амрико  аз  БАРҶОМ  метавонад   монеи   барои  пешбурди  иқтисодӣ  муқоваматӣ бошад?

  Ҷ) Хурӯҷи  Амрико  аз  БАРҶОМ,  он  кишварро  канорагиранда аз дигарон  мекунад. Кишваре, ки баъди  аҳд аст ва наметавон бо он  қавлу қарори  ҷиддӣ  гузошт. Амрико  дар  шароити  сахттарӣ  қарор мегирад чаро, ки Эрон чанд  даҳа  аст, ки бо таҳрим ва  хусумати  Амрико  ва бархе ҳампаймонони  он ва  ҳатто      таҳримҳои  СозмониМилал рӯ ба ру будааст. Имрӯз  вазъияти  Эрон аз гузашта беҳтар аст  ва бо тамҳидоти  анҷомшуда шояд битавон дастовардҳои беҳтарӣ дар заминаи  иқтисодӣ  муқоваматӣ  нисбат  ба  гузашта  дошта  бошем.  

  С) Оё дипломатҳои  Мағриб,  Теҳронро  тарк кардаанд ё  хайр??

  Ҷ) Иттилоъи  дақиқе  надорам,ке  чанд замоне  ва  чӣ  замоне тарк  мекунанд, вале  сафири  Мағриб сешанбе бо  вазири  хориҷии  он  кишвар Теҳронро тарк  кард. Сафири  мо дар Мағриб  ҳам  чанд  ҳафта пеш маъмурияташ  поён  ёфт  ва ба  Теҳрон бозгашт. Сафорат  тавассути нафаридуввум дар  ҳоли  идора аст, ки  ба  зудӣ  ба  Теҳрон боз  хоҳанд гашт.  

  С) Қатар  замоне, ки муҳосира  шуда буд, мавриди  ҳимояти  Эрон қарор гирифт,  вале дар қазияи  Марокаш,Қатараз қатъиравобит истиқбол  кард. Вокуниши  Эрон нисбат  ба  ин иқдоми  ноҷавонмардонаи   Қатар чист?

  Ҷ) Ҳеҷ  ду кишваре дар ҳамаи  масоил,  назари  воҳиде надоранд. Лизо,  бо  ин  таҳлил ба  масъала нигоҳ намекунам. Сиёсатиусулии  мо доштани  равобит бо ҳамсоягон дар  ҷиҳатисулҳ ва суботи  минтақа аст. Вале  илзоманбо  ҳеҷ  кишваре ба сурати  сад  дар  сад яксон намеандешем.  

  С) Оё   БАРҶОМ  бидуни Амрико  метавонад  яке аз сенарияҳои  Эрон бошад?

  Ҷ) Иддае  ин  гуна  фикр микунанд,  вале  ман назари  хоссе надорам. Тибқи БАРҶОМ  ва қатъномаи  2231 шӯрои  амният, Амрикобояд ба  тааҳҳудоти  худ  амал кунад  ва  дар  шароите ҳастем,  ки Амрико  бояд муҷоб  шавад  ба тааҳҳудоти  худ  ба  сурати  комил амал кунад. Ин хостаро бо дигар тарафҳои  БАРҶОМ  тарҳ карда ва  хостем  тарафҳои   Аврупоӣ  аз Амрико  бихоҳанд  ба тааҳҳудоти  худ амал  кунад. Гузинаҳои мухталифе дар вокуниш  ба иқдом  Амриконисбат  ба  БАРҶОМ  вуҷуд  дорад,  вале  бояд  сабр карда ва дар замони  муносиб иқдом хоҳем  кард.  

  С:Муованати  иқтисодӣ   аз  замони  ташкил, чӣ  иқдомоте анҷом дода  ва  чӣ дастовардҳои  доштааст?

  Ҷ) Умри   зиёде аз  ташкили  он  муованат нагузашааст ва  бо дастгоҳҳои мухталифи  ҷаласоти дошта  ва дар  ростоӣ        сиёсатҳои  калон дар назар гирифта шуда машғули  фаъолият аст ва умедворем  дар  моҳҳои  оянда битавонем дар ин замина гузориш диҳем. 

  С) Оё  кишварҳои дигар  аз ҷумла Фаронса ҳам дар музокиротиОстона   ширкат хоҳанд кард?

  Ҷ) Раванди  Остона аз се кишвар ташкил  шуда  ва  барои  вуруд,узви  ҷадид ба иҷмоъ  ниёз  дорад.  Се  кишвар,  эътиқод доранд  агар  кишварҳои  дигар  бихоҳанд  узви  ин  раванд  шаванд, узви ҷадидӣ   дастовардҳои  раванди  Остонаро  кунд  мекунад.  Лизо,  то ин лаҳза тавофуқи барои афзудани  узвиҷадид,вуҷуд надорад. Вале омодаем  се  кишвариузви  хориҷӣ   аз раванди   Остона  бо дигар кишварҳо  музокира кунанд.  

  С) Назари  вазорати  хориҷӣ  дар  бораи  лоиҳаи  мубориза бо пулшуӣи, ки дар маҷлис дар дасти  баррасӣ аст ва мувофиқон ва мухолифоне дорад чӣ мебошад?

  Ҷ) Мавзӯъи   қадимӣ аст, ки мавриди  баррасӣ  ва пайгирии  вазорати  иқтисод аст агарчӣ  иртиботе бо сиёсатихориҷӣ  ҳам дорад. Бояд  сабр кард ва  дид, ки  маҷлиси мӯҳтарам  бо  чӣ назаре  хоҳад расид. Шоядон  замон аз нигоҳи  вазорати  хориҷӣ  битавонем сӯҳбат  кунем. Вале ҳамакнун  бояд иҷоза  дод,  маҷлис ба баррасӣ  мавзӯъ бипардозад. Вале бояд тасмимидурусти  дар ин замина гирифта шавад, ки  ба бероҳа   нарафта  ва бар асосимасолеҳи  кишвар гом  бардошта  шавад.  

  С) Эълом  шудааст,  Амрико  ба  Арабистон дар  Яман кумак мекунад, назари  шумо дар  ин бора чист?

  Ҷ) Иттилои  майдонӣ  аз неруҳои дохилӣ   Яман надорам,  вале бояд гуфт,   Яман мавриди  таҷовузи  эътилоф бо  раҳбарӣАрабистон қарор гирифта  ва бархе  кишварҳои  минтақа ва фаромитақабо ин раванд бо  ҳадафи  фурӯши  силоҳ кумак кардаанд. Бояд талош  кард,  ин фоҷиа  поён  ёбад ва  мутаҷовизин аз  ин иқдоми  худ  даст бардоранд.  

  С) Музокироти  Рим ва ҷузъиёти  онро  бифармоед?

  Ҷ)  Нигоҳи  мо ба  Яман,  кумак ба  поёни   фоҷиаи  он  кишвар аст. Бархе кишварҳои  Аврупоӣ  алоқаманд ба  ин  дидгоҳ буда ва ироаи  ҷумлаи  кумакҳои инсондӯстона, кумакҳои доруӣи  ва ғайра  ба  мардуми  Яман ҳастанд ва  дар  ин росто музокироти  Рим анҷом шуд. Умедворем оташ беҳосил шавад то ба мардуми  Яман битавон  кумаки  инсондӯстона  кард. Мавзӯи  баҳс дар Рим кумакҳои инсондӯстона ва истифодаи  кишварҳо аз  абзорҳои дохилӣ ва  байналмилалӣ  худ барои  кумак бар ин раванд буда, наметавон тазминдод, ки  ҳама чиз сад  дар сад  дар ҷиҳатӣ  хостаҳост.


10:54 - 09/05/2018    /    шумора : 513696    /    теъдоди намоиш : 21



хуруљ




Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон