Gallery
Useful links
  • پورتال امام خمینی
  • دفتر مقام معظم رهبری
  • ریاست جمهوری
  • معاونت امور مجلس
  • نقشه جامع علمی کشور
  • Ministry of Science, Research and Technology
  • صندوق احیا و بهره برداری از بناهای تاریخی و فرهنگی کشور
Feedback
News > Суханронии ҷаноби оқои доктор Деҳқонӣ дар Конфронси мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ


  чоп        фиристодан ба дўст

Суханронии ҷаноби оқои доктор Деҳқонӣ дар Конфронси мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ

 

Суханронии  ҷаноби  оқои доктор Деҳқонӣ дар Конфронсимубориза бо  терроризм ва  ифротгароӣ

  Муовини  вазири  корҳои  хорҷии  кишвармон  тайи суханоне  дар Конфронси  сатҳи баланди  мубориза  бо  терроризм  ва  пешгирӣ  аз ифротгароӣ,  зимни  ишора  ба  муваффақиятҳои  Ҷумҳурии Исломии  Эрон  дар  мубориза  бо  терроризм  ва  ифротгароӣ  бар пардохтан  ба  решаҳои  ин  ду  падидаи  зиёнбор  аз  ҷумла  идологияи  такфирӣ, ки  мӯҷиби  густариши  танаффур  миёни  миллатҳои мухталиф  мешавад  ва  ҳамчунин поён додан  ба  таҷовуз  ва  ишғоли хориҷӣ,  бавижа  ишғоли  Фаластин  таъкид  кард.

  Оқои  доктор  Деҳқонӣ, муовини вазир дар бахши  корҳои  ҳуқуқӣ  ва  байналмилалии  вазорати  корҳои  хорҷии   Ҷумҳурии  Исломии Эрон, дар  суханоне  дар  Конфронси сатҳи баланд  мубориза  бо терроризм  ва  пешгирӣ   аз  ифротгароии  хушунатомез  дар  шаҳри Душанбе, пойтахти  кишвари  Тоҷикистон, зимни  ишора  ба  беш аз  17 ҳазор  қурбонии терроризм  дар  Эрон,  хатари  терроризм  ва  ифротгароӣ  ва  ранҷҳои  ноши  аз ин ду падидаи  зиёнбор  барои ҷаҳониён  ва  ҳамчунин  бо  ишора  ба  муваффақиятҳои  ба даст омадаи  кишвармон  дар  ҷанг  бо  терроризм, бар зарурати мубориза  бо  терроризм  ва  ифротгароӣ  то  решакан шудани онҳо дар саросари  ҷаҳон  таъкид  кард. Вай  дар  ин  робита  ҳамкориҳои байналмилали  ҳамроҳ бо   иродаи ҷиддии сиёсӣ ва  низ  тавофуқот ва  механизмҳои минтақаи муносиб бо ширкати кишварҳои минтақаро ҳаётӣ донист.

  Доктор Деҳқонӣ  дар  бахши дигаре  аз  суханони  худ  таҷовузи хориҷӣ  ва  ишғоли сарзаминӣ  дар  эҷод  ва  густариши ифротгароӣ кунунӣ, ки ҳамакнун бо он мувоҷеҳ астро  муассир донист. Вай дар идома  афзуд,  ишғоли  ҳафтод солаи  Фаластин  мавзуе аст, ки мебоист  ба  таври  ҷиддӣ  дар  дастури  кори маҷомеъи              байналмилалӣ қарор гирад. Вай гуфт, илова бар ин, лозим аст  моҷароҷуиҳои  низомии   бархе   кишварҳо, ки  тайӣ 15  соли  ахир авзоъи  амнияти  нобасомони  кунуниро  дар ҷаҳон  рақам задааст, бояд  хотима  дода  шавад.

  Муовини  вазири  корҳои  хорҷии  кишвармон дар идомаи  суханони  худ  бар  баррасии  ҷиддии  решаҳои  ифротгароӣ  ва терроризм  таъкид  кард  ва  дар  ин  робита ба  идеалогияи  такфирӣ, ки мӯҷиби  густариши  танаффур миёни  миллатҳои мухталиф  мешавад,  ишора  кард. Вай ҳамчунин таъкид намуд,ки фақрзудоӣ, коҳиш бекорӣ, адами  ба  ҳошия  рондани   бахше аз ҷомеа, қатъи  молии  манобеи  терроризм, шаффофият  ва  парҳез аз  аъмоли  стандарти  дугона  дар  муқобила  бо  терроризм  ва ифротгароӣ  ва  низ  адами  суистифода  аз  расонаҳо  ва шабакаҳои  иҷтимоӣ  барои  густариши  ин  ду  падида, амри зарурӣ аст.

  Душанбе- Тоҷикистон

  14 урдибиҳишти1397 - (4 майи 2018)

 


12:30 - 7/05/2018    /    шумора : 513341    /    теъдоди намоиш : 7



хуруљ




Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон