1669
سفارت جمهوری اسلامی ایران - - Суханрониҳо ва мусоҳибаҳои сафир
گالری
access deny
پیوند ها

Суханронии оќои љаноби  Фаѓонї дар маросими  љашни Наврўзи  1394,  дар толори  театри опера ва балети шањри Душанбе

 

یا مُقَلِّبَ الْقُلُوبِ وَ الْأَبْصَارِ یَا مُدَبِّرَ اللَّیْلِ وَ النَّهَارِ یَا مُحَوِّلَ الْحَوْلِ وَ الْأَحْوَالِ حَوِّلْ حَالَنَا إِلَی أَحْسَنِ الْحَال

 

Наврўзи кўњансол  куљо ѓайри само буд

Устураи Љамшеду Љаму  Љоми  само буд

Наврўз  зи дидори  самоянд муборак

Наврўз бимонед, ки айёми самоянд

 

 Наврўз як паёми сода ва дилгармкунанда дорад ва он ин аст, ки њељ  зимистоне монданї нест. Наврўз бањонаи  дўст доштан, мењрпарвариву навзоист. Наврўзро  баъзењо танњо таърихи тањвили соли  љадиди медонанд.  Аммо Наврўзи воќеъї  таърихи тањвили љону љањон аст.

Зимни хайрамаќдам ба  њамаи  Шумо азизон, хушњолам, ки Наврўзи имсолро  низ њамчун соли гузашта, ки дар  љамъи  бародарон у хоњарони  гирдомада  аз  њавзаи пањновари Наврўз дар  Кобул  гузаронидам,  дар шањри зебои Душанбе,  дар миёни бародарони  хоњарони эронї, тољик, афѓонї, туркман, ќазоќ ва ќирѓиз мегузаронам. Гумон намекунам барои арвоњи ниёкони  бузурги  муштараки мо  чизе хушояндтар аз ин бошад, ки  мебинанд фарзандони онњо аз љањони бузурги Наврўз гирди њам  омадаанд ва ин Наврўз хўљаставу  нахустин рўзи солро  бо њам ва дар канори њам шурўъ мекунанд. Ташаккур мекунам аз бародари азизам  љаноби оќои Порсо -  сарпарасти  муњтарами Ройзании фарњангї ки  ин ибтикори хубро ба харљ дода ва ин њамоиши  муборакро тартиб доданд ва хайрамаќдаму хушомад мегўям  ба бародари азизам љаноби оќои Ѓойибов – мудири кулли  муњтарами вазорати хориљаи Тољикистон,  љаноби оќои дуктур Орзу – сафири кабири муњтарами Љумњурии исломии Афѓонистон,  љаноби оќои  Эшон Амонуллоњ – сафири кабири муњтарами Туркманистон, љаноби оќои  Акбар Алї  Пасної -  намояндаи Бунёди Оѓохон дар Тољикистон, њамкорони гиромї аз Чин ва ба њамаи  шумо азизони эронї, тољику афѓонї  ки дар љаласа њузур доред,  хушомад мегўям.

Дар идома сафири муњтарами кишварамон,  зимни ќироати паёми љаноби оќои дуктур Зариф вазири муњтарами умури хориља хитоб ба њамватанони берун аз кишвар ва наврўздуст изњор доштанд, Наврўз интихоюи њушмандонаи  ниёкони фарњехтаи  мо ва  бузургтарини ойини муштараки дерпо ва њувиятбахши мардумонест, ки  дар пањнаи густурдае  аз  замин, аз марзњои  ѓарбї ва шимоли ѓарби Чин  то фалоти  Эрон, Ховари  миёна,  Балкан, Осиёи марказї ва Ќафќоз, Халиљи Форс,  нимљазираи  Њинд, шимоли Африќову Осиёи саѓир зиндагї мекунанд.

Наврўз људой аз вижагии њувиятбахши худ, љойгоњи ойинї ва  маносикии вижаву буланде низ дорад. Камтар ойину маносикеро метавон ёфт, ки  тайи ќуруну аъсори мутамодї  дар  густураи љуѓрофиёии васеъе бе њељ халалу гусасте  мавриди таъйиди адёни мухталиф ќарор гирифта бошад. Дар ислом ва хусусан мазњаби шиъа, барои Нарўз эњтироми зиёде ќойиландва барои он  чунон ки дар китоби  шарифе  «Мафотињ –ул –љинон»  омада намозе  њамонанди намози иди  иди ѓадир дар назар гирифта шудааст. Аллома Маљлисї аз Имом Содиќ  (ъ)  наќл мекунанд, ки  њазрати Одам дар рўзи Наврўз офарида шуда ва Наврўз рўзи  фархундаест. Барои талаби њољату бароварда шудани  орзуњо ва  касби донишу мусофирату  доду ситаду издивољ аст. Аз Имом Козим (ъ)  њам наќл мекунанд, ки Худованд дар Наврўз  аз бандагон паймон гирифт то ўро парастиш кунанд ва барои ў шарик ќарор надињанд. Нахустин рўзест, ки  офтоб дамид ва бодњои бордињанда вазиданд ва рўзест, ки њазрати Иброњим  бутњоро шикаст ва њамчунин дар ривояти мо Наврўз  рўзи зуњури  Имоми Замон  ва рўзи офариниш дониста шудааст. Наврўз бо танаввўъ ва рангорангии  суннатњои он ки  ба ширинї дар њафт сини мову њафт шини шумо таљаллї меёбад ва чизе аз вањдатбахшиву њувиятсозии  муштараки  он  накоњад,  рамзи поёиву пўёии љавњари эътидолофарини Наврўз аст. Наврўз љашни эътидол аст ва эътидол орзуи  бузурги  ашраф-ул –анбиё  Њазрати Муњаммад  ( С)  барои уммати ислом буд.   Эътидол нўшдоруи љавомеъи  инсонї дар њар замону макон ва дар њар асру таърихест. Ва имрўз  љањон аз њар замоне   ба он ниёзманд аст. Дўстони азиз! Имрўз ифротгарої офати бузургу хонумонсўзест, ки  ба љони љавомеъи башарї, хусусан,  ќаламрави љањони  ислом, аз љумла  ќаламрави  Наврўз  уфтодааст. Умедворам бо истиъонат  аз паёми  наврўзии  маќоми Муаззами  Рањбарї ва бањор ки эътидолу  парвариш аст  ва бо  њамдиливу њамкории  њамаи фарзандони ин хонаводаи бузург ба ин балои воридотї, ки тавтеъаи шуми душманони мост, то љањони исломро чандпорча кунанд ва ба номи дину давлати исломї решаи дину исломро бикананд,  поён дињем. Хушњолам ки тири душманон  ба санг хурда ва онњо,к и ифротро дар мантаќа доман заданд то љанги ќавмиро  роњ бияндозанд, нохоста сабаб  шуданд то шиъаву суниву форсу арабу курд дар љо љои мантаќа, аз љумла, Тикрит, дар зери як парчаму  бо як њадаф  дар муќобили аз Худо бехабарони   Доъиш гирдињам оянд ва  ба муќобила ба ифротгароиву терроризм  мепардозанд. Худогоњии  густурдаву  фарогире, ки  дар мантаќа дар хусуси  мубориза бо ифротгарої эљод шуда,  сармояи бузургест, ки  бояд ќадрдони он  бошем. Умедворам  дар соле, ки Рањбари  Муаззами Инќилоб  њазрати оятуллоњ  Хоманаї  соли давлат, миллат, њамдилї ва њамзабонї  номидаанд,  шоњиди тарвиљи беш аз пеши  паёми њамдилии бањору  нафии  бегонагињову номењрубонињо бошем. Барои њамаи шумо  соли саросар бо хайру баракат ва шодкомї орзу мекунам.

 Дар идомаи маросим гурўњи мусиќии «Зогрес», ки бо њамоњангии  Ройзании фарњангї  ва мусоидати вижаи  Идораи кулли  умури эрониёни хориљ аз кишвар,  Созмони фарњанг ва иртибототи исломї, ки  чанд рўз ќабл ба кишвари Тољикистон сафар намуда буданд ва бо иљрои хуби  худ дар барномаи телевизони «Пойтахт» - Тољикистон  ва љашни эњдои њадоёи эрониёни некўкор дар Маркази дармони саратони  кўдакони шањри Душанбе мавриди таваљљуњи  ањолии њунар ќарор гирифта буданд,  даъват шуданд,  то иљрои аввали худро дар  маросим  анљом дињанд. Њамчунин гурўњи њунарии Давлат Назрї аз кишвари Тољикистон  бо њамкории яке аз аъзои гурўњи мусиќии « Зогрос» ба  иљрои муштараки чанд ќитъа аз  мусиќии тољикї пардохтанд, ки  мавриди ташвиќи вижаи истиќболкунандагони бањор ќарор гирифтанд. Дар хотимаи барнома низ аз мењмонони њозир дар солун пазироии нањор сурат гирифт.

  _______________________________________________________________

  

 

 

 

 

 

نظرات